Сб02292020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БОНУВОНИ ФАЙЗОБОД ХУШСУРАТУ ХУШҲУНАРАНД

Чандест, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардида истодааст.

Подробнее...

ҲАЙФИ БИНОИ ДАРМОНГОҲ!!!

Чанд сол пеш аз ногаҳон вайрон кардани бинои дармонгоҳи пешина, ки болотар аз бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия воқеъ буд, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. «Наход бинои мустаҳкаме, ки метавонист солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад, беинсофона вайрон карда шавад».

Подробнее...

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

Пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва эмин нигоҳ доштани мардум аз ҳодисаҳои нохуш яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаест, ки пайваста зери таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар қарор дорад. Ба ин сабаб ҷиҳати омодабошӣ ва пешгирии чунин ҳолатҳо аз 15 майи соли 2018 таҳти №307 «Дар бораи мавриди иҷро қарор додани Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 13 марти соли 2018, №31/1-1» қарори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.

Подробнее...

БОНУВОН БА ДОД ОМАДААНД

Агар гӯем, ки сокинони кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуннисо дар панҷ-шаш соли охир рӯи оби сериро надидаанд, шӯхӣ нафаҳмед. Чунки, охир, мувофиқи талаботи беҳдошти санитарӣ дар як шабонарӯз барои эҳтиёҷоти як одам камаш 200 литр об зарур аст.

Подробнее...

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 омӯзгорону хонандагон Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд.

Подробнее...

ОМОДАГӢ БА БАҲОР

Бо ибтикор шуъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия соли гузашта 4921 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда сабз гардид, ки аз ин миқдор 1406 бехи он арчаҳои ороишӣ буда, дар қад-қади шоҳроҳ шинонда шудааст.

Подробнее...

САНОАТИКУНОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ -ТАЛАБИ РӮЗ

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар  баробари дигар самтҳои пешрафти  иқтисодиёти мамлакат,   соҳаи кишоварзиро  низ мавриди таҳлил қарор дода, барои  рушди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Подробнее...

НАВГОНИҲО

  • Соҳибкор Ҳакималӣ Одинаев, ки чанд сол пеш ошхонаеро дар байни дарахтзор бо хӯрокҳои хуштаъм гардон карда буд, чанде пеш дар даромадгоҳи боғи ошхона, канори шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ нонвойхона сохт. Инҷо ҳунармандони хуб кор мекунанд. Нону кулчаҳояшон, ки маззаи гуворо доранд, ба харидорон, хусусан сокинони Меҳробод хеле маъқул аст.
  • Подробнее...

ЯРМАРКАИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ

Дар асоси дастури Вазорати кишварзии мамлакат рӯзҳои   арафаи соли нав   бо иштироки ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои сокинони Душанбешаҳр ярмаркаи маҳсулотҳои кишоварзӣ баргузор  гардид.

Подробнее...

Подкатегории