Сб01252020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАСДИҚИ КАДРҲОИ НАВ

 

Иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум   Қарори Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезии  ҶТ аз 12  апрели соли 2018 бо рақами 124 дар бораи  раиси Кумитаи  идораи замини ноҳияи Файзобод таъин намудани  Сафаров Лашкар Асламович, Фармоиши  директори  Агентии  суғуртаи иҷтимоӣ ва  нафақаи  назди Ҳукумати ҶТ аз 13 апрели соли 2018 бо рақами 24 дар бораи  ба вазифаи сардори Раёсати  суғуртаи иҷтимоӣ ва    нафақаи ноҳияи Файзобод таъин  шудани Ваҳҳобов Ғаюрбек  Муродович ва қарори  раиси ноҳия  аз 22 июни соли 2018 таҳти рақами  426 «Дар бораи  ба мансаби мудири бахш оид ба  корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  таъин намудани Шоев Бегназар Пирназарович»-ро   тасдиқ кард.

ТАНТАНАҲОИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МИСКИНОБОД

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар саросари кишварамон  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Зеро ин рӯз  дар саҳифаҳои таърихи кишвари мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардидаву  фаромӯш нопазиру  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азиз аст. Ҳарчанд аз  ин санаи тақдирсози миллат 21 сол сипарӣ гардида бошад ҳам , он садсолаҳо аҳамияти таърихии худро гум нахоҳад кард.

Подробнее...

ҶОЙИ МАРДОНИ САХӢ БОШОД БИҲИШТ

Абдурашид Маҷидовро  чун марди саховатпешаву хайрхоҳ дар тамоми  қаламрави  ноҳия мешиносанд. Зеро ӯ   дар арафаи ҳар як ҷашну маросим, бахусус арафаи идҳои Рамазону Қурбон ба оилаҳои ниёзманди ноҳия, хусусан Ҷамоати деҳоти Мискинобод, дар ҳадди имкон дасти мададу кӯмак дароз менамояд. Имсол ҳам чун солҳои пешин дар арафаи иди саиди Рамазон  ба сокинони ниёзманди шаҳраки Файзобод ва ҳашт деҳаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод гӯшт, равған, шакар ва анвои ширинӣ тақсим намуд. Кош, сафи ҳамин гуна саховатпешаҳо бештар гардад.

Ҳоким САФАР

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

Рӯзи 2 июли  соли равон  Иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия ҳузур доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, директорони мактабҳо  ва ходимони дин даъват шуда буданд. 

Подробнее...

БОЗОРИ ИДОНАИКИШОВАРЗОНИ ФАЙЗОБОД

Дар арафаи иди Рамазон бо супориши муовини сарвазир ва вазири кишварзии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Сино дар шафати касалхонаи Қарияи боло ярмаркаи кишоварзони Файзобод ташкил карда шуд.

Кишварзони ноҳия 300 кило гӯшт, 20 ҳазор дона тухми мурғ, 4 тонна шир ва 2 ҳазор литр оби маъдании Файзободро бо нархҳои дастрас пешкаши сокинони Душанбешаҳр гардониданд. Сокинони пойтахт аз сифату нархи арзони маҳсулоти пешкашкардаи кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ изҳор карданд.

Чунин ярмаркаҳо дар шаҳраки Файзобод низ 3 рӯз пеш аз ид бо иштироки ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Маҳсулоти кишорварзии Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Қалъаидашт ва Ҷавонон зуд ба фурӯш рафт.

Аз чист, ки хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати Бӯстон раисаш Ф.Ҳикматуллоев дар ярмарка иштирок надоштанд.

С.ТИЛЛО.

ДАРГУЗАШТИ ДӮСТМУРОД ҲАКИМОВ

Дӯстмурод Ҳакимов  яке аз шахсиятҳои пурнуфузи ноҳияи Файзобод дирӯз -25 июн, соати 13 дар бемористони "Ибни Сино”-и шаҳри Душанбе, дар синни 84 солагӣ аз олам чашм пӯшид. Табибон мегӯянд, ки гурдаҳои Дости Бурут бар асари фишори бемории қавс (аденома) аз кор монд.

Подробнее...

КИШТИ КАРТОШКА ДАР 610 ГЕКТАР

Дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ кишоварзони ноҳия аз иҷрои супориши нақшавии кишти картошка бо сарбаландӣ баромаданд. Дар майдони 610 гектар картошка кишт карда шуд, ки нақшаро 104 фоиз таъмин мекунад.

Майдони кишти картошка дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон ба 50 гектар, Меҳробод 54 гектар, Вашгирд 8,2 гектар, ба номи Дӯстмурод Алиев 71 гектар, Ҷавонон 100 гектар, Чашмасор 54 гектар, Қалъаидашт 110,8 гектар, Мискинобод 28 гектар, хоҷагии ҷангал 4 гектар расонида шуд.

Хурсандибахш аст, ки имсол бо саъю кӯшиши раиси хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров Ином Шарифов дар майдони 124 гектар картошка шинонда шуд, ки ин дастоварди калон мебошад. Картошкашинонӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия идома дорад.

С.ТИЛЛО.

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚУЪ

Чанде пеш дар маҷлисгоҳи шӯъбаи маорифи ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзуҳои “Ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табииву техногенӣ, шиноварӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа” таҳлилу баррасӣ ва омӯзиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда” ва “Дар бораи таснифоти ҳолатҳои фавқулодда”  доир гардид. Ҷамъомадро  сардори бахши  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржданӣ дар ноҳия полковник Давлатзода М. оғоз намуда, ҳадафи омӯзиши мазкурро баланд бардоштани савияи дониш, малакаву маҳорат ва дар ҳолати омодабош қарор доштани мардум арзёбӣ кард.

Омӯзиши мазкур марҳилавӣ буда, тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамудаи Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулоода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин вохӯрӣ дар ноҳия маротибаи сеюм мебошад.

Вобаста ба мавзуҳои болозикр аз маркази мазкур сардори шуъбаи таълимӣ подполковник Тоҷиддин Аҳмадов, омӯзгори калон -майор Аслигул Тоирова ва методисти шуъбаи методии ҳамин марказ Дувунаева Гулбаҳор  маърӯза намуда, ба иштирокчиён, ки директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ буданд, аз нозукиҳои мушкилоти ҷойдошта ҳарф заданд.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.

11 ИНШООТИ ҶАШНӢ АРМУҒОНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БА МАРДУМ

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар назди таърих 21 сол ин чандон муҳлати тӯлонӣ нест. Аммо дастоварди бузурги таърихӣ мардуми заҳматкаши моро тайи ин муддат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробар ба чандин даҳсолаҳо расонд.

Подробнее...

Подкатегории