Ср01292020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ВАҲДАТ-МАВЗӮИ СИТОДИ САЙЁР

Ҳафтаи пешин раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода дар деҳоти Мискинобод бо ҳузури роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо «Ситоди сайёр» гузаронд. Ситод масъалаҳои муҳими хоҷагидорӣ, минҷумла тезондани картошкашинонӣ, тайёрӣ ба ҷамъоварии алафу коҳ барои чорвои ҷамъиятию шахсӣ, риояи қонунҳои амалкунандаро мавриди муҳокима қарор дод. Раиси ноҳия ҳолати корҳоро аз масъулон пурсон шуда, диққати ҳозиринро ба таҷлили шукӯҳманди 21-солагии Ваҳдати миллӣ ҷалб намуд. Бояд ёдрас кард, ки солгарди ҷашни Ваҳдати имсол дар деҳоти Мискинобод барпо мегардад. Роҳбари ноҳия умедворӣ кард, ки ҷашн дар сатҳи даркорӣ мегузарад.

Ҷ.БАҲОРОВ.

РӮЗИ БАРОЯМ ХОТИРМОН

27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати бостонии мо рӯйдоди фараҳбахшу хотирмоне ба вуҷуд омад. Дар ин рӯз созишномаи сулҳ ба имзо расид, ки аз ибтидои рӯзгори орому осоиштаи мардуми тоҷик дарак медод. Ин санаи муҳим боз аз он ҷиҳат барои ман азиз аст, ки дар ин рӯз, яъне 27 июни соли 1987 ду нафар – ман аз ноҳияи Фархор ва шавҳарам аз ноҳияи Дарвоз - бо ҳам оила барпо кардем. Ба ин хотир ҳамасола ин рӯзро интизорӣ мекашем, ки дар ҳалқаи фарзандон онро бо хурсандӣ ва рӯҳи болида ҷашн бигирем. Ин санаи тақдирсоз барои ман ва аҳли оилаам азизу муқаддас аст. Имрӯз ин Тоҷикистони пур аз офтобу пур аз сулҳ ва сафо дар ҳоли боз ҳам шукуфтану тарққиёт аст. Ба ин хотир мо ин хушбахтиву хушрӯзиамонро чун зар ба каф ва ин сарвати бебаҳоамонро, яъне ваҳдатамонро чун ҷон ба бар гирифта, ҳаргиз раҳо нахоҳем кард.

                   Моҳитобон ИСМАТОВА,

омӯзгори МТМУ №1.

ФАЙЗОБОД ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Дар маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе намоиш-озмуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва таомҳои миллӣ таҳти унвони «Баракати истиқлол» доир гардид. Намояндагони ноҳияи мо дар номинатсияи «Беҳтарин таъоми миллӣ» ҷойи аввалро соҳиб гардида, бо туҳфаи хотиравӣ ва Дипломи дараҷаи 1-и Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шуданд.

Дар ин сабқат кадбонуҳои файзободӣ хӯроки миллии далдаро омода ва пешкаши ҳакамон гардониданд.

ДАСТИ ХАЙРУ САХО ДАР АРАФАИ ИД

 

Саховатмандиву дасти ниёзмандонро гирифтан аз амалҳои ҳамидаи инсонӣ буда, мақому мартабаи касро дар ҷомеа боло бурда, маҳбубу қарини мардум мегардонад. Ин амали хайр дар сарчашмаҳои дини мубини Ислом ҳам зиёд дарҷ шудааст. Ва Худованд ҳам ба шахси хайркунанда ваъдаи офият аз шарру бадӣ ва биҳишти ҷовидонаро додааст.

Подробнее...

ҶАНГАЛ САРВАТИ БЕБАҲОСТ

Хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дорои 13636 гектар замин аст. Имрӯз масъулини хоҷагӣ дарахтони бодому дулона, себу нок, ангуру биҳӣ, чормағзу фарк, заранг, пушол ва арчаро нигоҳубин мекунанд, то ки шумораи гиёҳу меваҳои саҳроӣ бар асари осебрасонии инсону табиат аз байн нараванд. Тавре раиси хоҷагии ҷангал Муродулло Нуров иброз намуд, ҳар сол аз гиёҳҳои шифобахш 500-600 кило ҷамъоварӣ намуда, барои тансиҳатии мардум ба марказҳои форматсевтии ҷумҳурӣ месупоранд. Дар хоҷагӣ зиёда аз панҷоҳ намуд гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ки барои саломатӣ дармон мебахшад.

Воқеан ҳам, ҷангал сарвати бебаҳост, агар мо, ҷомеаи башарӣ, аз он оқилонаву сарфакорона ва безарар истифода намоем. Дар акси ҳол хароб намудани он ҳам ба муҳити атроф зарари калон дорад.

НАХУСТИН ДАСТОВАРДИ ПИЛЛАПАРВАРОН

Як ҳафта мешавад, ки Корхонаи фаръии пиллахушккунии ноҳия ба ҷамъоварии пилла машғул аст. То ин дам аз кирмакпарварон зиёда аз 300 кг пиллаи тар қабул шудааст, ки ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Подробнее...

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

Мувофиқи нақша-чорабинии комиссияи доимии назди Ҷамоати деҳоти Ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат  вохӯриҳои масъулини дастгоҳи ҷамоат бо толибилмон  баргузор шуд. Дар суҳбат масъалаҳо атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҳамчунин атрофи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Вохӯриҳоро бо суханони ифтитоҳӣ раиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон Ҷаҳонгир Боев оғоз бахшид.

Сипас мутахассиси ҷамоат Кароматулло Саидов дар бораи вазифаҳои волидон дар тарбияи фарзанд сухан ронда, нақши оиларо дар тарбияи фарзанд ёдрас шуд.

Ҳукмиддин Сафаров, муовини  раиси ҷамоат атрофи  масъалаи доғи рӯз, яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода, бо таассуф қайд намуд, ки кам ҳам бошад ин рафтори номатлуб дар миёни сокинони ҷамоат мушоҳида мегардад. Бинобар ин зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо волидон, омӯзгорон ва, умуман сокинони ҷамоат, ба ҳар сурат пеши роҳи ин амалҳои хатарзоро бигирем.

 Шодмон Сайфиддинов бошад дар масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳудуди ҷамоат маълумот дода, кам гаштани қонунвайронкуниҳоро дар ин самт хотиррасон кард.

-Ӯ таъкид намуд, ки  масъалаи фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ пурзӯр намуда, аҳамияти воқеӣ доштани қонуни ҳаётан муҳим ба мардум боз ҳам хубтар фаҳмонда шавад.

Чунин вохӯриҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҷамоат  сурат гирифт.

ДАСТИ ДУЪО

Бояд эҳсос намуд, ки Пешвои муъаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мардумро, миллаташро дӯст медорад. Мани пири ҳафтодсола инро аз ҳар як суханаш ҳис мекунам. Ман пирона шеър мегӯяму Пешвои миллатро, то тавонам, васф менамоям.

Обрӯю эътиборат бахти мо,

Гуфтугӯи дилпазират бехато.

Бо забони ноб мегӯӣ сухан,

Мефизояд рангу ҳусни анҷуман.

Тоҷикистонро намоён кардаӣ,

Парчамашро зеби даврон кардаӣ.

Бахту иқболат муборак Пешво,

Давлатат поянда обод раҳнамо!

Нури Истиқлол бо доди Худо,

Дод моро раҳнамои бовафо.

Мекашӣ заҳмат барои миллатат,

Офарин, сад офарини ҳимматат.

Доимо обод бошӣ, сарбаланд,

Ҳам тану ҷонат раҳояд аз газанд.

Пешаи кори ту хушҳолии мо

Аҳли оламро бувад дасти дуъо.

НАҚША САД ГЕКТАР

Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А.Назиров солҳои қаблӣ дар майдони зиёда аз сад гектар картошка кишт намуда, соле ба ҳисоби миёна то 5 ҳазор тонна картошка истеҳсол мекард. Номдорони меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Пӯлод Абдураҳмонов, обчиҳо Ҷунайдулло Нуров, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Авғон Гулов аз ҳар гектар то 400 сентнер ҳосил мебардоштанд. Вале баъдтар КВДТ-и ба номи А.Назиров шуҳрати пештараро аз даст дод. Сардори нави хоҷагӣ Инъом Шарифов ният дорад, ки имсол майдони кишти картошкаро ба 100 гектар расонад.

Майдонҳои муайянгардида хушсифат шудгор карда мешаванд. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек ба қадри кофӣ   тухмӣ захира карда шудааст.

Подкатегории