Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ДАР ҲУЗУРИ МАРДУМ

Бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, ШВКД, шуъбаи маориф, бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан», бахши муҳоҷират, кор бо занон ва оила, беморхонаи марказӣ, КАТС, Маркази тарзи ҳаёти солим, комиссариати ҳарбӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳия дар асоси нақшаи муштараки тартибдода вобаста ба мавзӯҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, хизмати Ватан-Модар, паҳлӯҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи ҳаёти солим, бемориҳои сироятӣ, ВИС/СПИД, сил ва дигар бемориҳо, нашъамандӣ, хариду фурӯши одамон, аз мактаб дур мондани хонандагон, махсусан духтарон, истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ миёни ҷавонон ва фаъолону аҳли зиё вохӯриҳо ҷараён дорад.

Подробнее...

ЯКЕ АЗ 26 ИНШООТ

Дар давоми ду-дуним соли наздик дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Бӯстон 26 иншооти гуногунфаъолият ба кор хоҳад даромад.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ

Табрикоти раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабзода Миралӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бисту ҳафт сол мешавад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо ва мардуми шарифи он иди Истиқлолияти давлатии кишварро таҷлил менамоянд ва дар фазои давлати озоду соҳибихтиёр баҳри гулгулшукуфии Ватани азизамон ҷаҳду талош меварзанд.

Подробнее...

БА ЗИМИСТОН ОМОДА БОШЕМ

Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи 24 сентябр доир шуд,  рафти  иҷрои қарори раиси ноҳия аз  5 апрели соли 2018, рақами 210 «Дар бораи  сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Подробнее...

ХОНАНДАГОН ҲУНАРҲОИ МИЛЛИРО МЕОМӮЗАНД

 

Ҳунари дастӣ ҳунари гаронарзиш буда, таҷассумгари фарҳанги баланди зебоипарастии ҳар як миллат  мебошад.Боиси ифтихор аст, ки аз ҷумҳуриамон маҳсули дасти кулолгар, сокини деҳаи Устошамси ноҳияи мо Сочигул Асоева дар намоишгоҳи  ҷаҳонии ҳунарҳои касбии   шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бо ташаббуси   Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Марказӣ ва дастгирии ЮНЕСКО баргузор гардида буд, мавриди таваҷҷуҳи ҳазорон тамошогарон гардид.

Подробнее...

ДАСТОВЕЗҲОИ ИДОНАИ КИШОВАРЗОН

Картошкапарварон Далер Собиров, Ширинбек Солиҳов ва Исматулло Ҳасанов, аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод, ба истиқболи ҷашни 27-солагии  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовези арзандаи меҳнатӣ омаданд. Д.Собиров ва Ширинбек Солиҳов аз ҳар гектар картошказор 300-350 сентнерӣ ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд. Исматулло Ҳасанов бошад, ҳосили рекордӣ – зиёда аз 500 сентнерӣ – ба даст овард.

Подробнее...

ҚАДРДОНӢ

  Меҳнату заҳмати шабонарӯзии омӯзгор ҳеҷ вақт беподош намемонад. Соҳибилм гардидану фахри ҷомеа шудани шогирдон худ самараи заҳматҳои кашидаи устод аст.

Подробнее...

ИФТИТОҲИ ДУ МАХЗАНИ ДОНИШ

Соли хониши 2018-2019 барои маорифчиёни ноҳия бобарору муждарасон оғоз гардид. Дар арафаи рӯзи дониш ва ҷашни 27-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра фаро гирифтани хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 2 ва 9 ду таълимгоҳи ибтидоии ёрирасон сохта шуданд.

Подробнее...

ТУҲФА БА МАЪЮБОН

 

Эҳсону дасти кӯмак дароз намудан ба маъюбону ниёзмандон аз амалҳои наҷиби инсонист. Инро сарвари давлат пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Зери партави хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ якҷо бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи ҳудуди ноҳия ба истиқболи 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар ба як нафар маъюб аз деҳаи Синои Ҷамоати деҳоти Вашгирд хонаи истиқоматӣ месозанд.

Подробнее...

Подкатегории