Пт08142020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ГУЛИ ХУРШЕДУ МОҲУ ҲАМ СИТОРА…

 

29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО-Идораи илму фарҳанги СММ, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд

.

Чакан - ин навъи санъати кашидадӯзии тоҷикӣ аз навъи ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик пайвандии зич дорад. Яъне чакан як гулдӯзии оддӣ нест ва пайдоиши он ба ҳазораи II пеш аз мелод рост меояд. Ва оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авасто», «Шоҳнома» ва осори бисёре аз адибони гузаштаамон маълумотҳо дарёфт карда мумкин аст. Дар нақшу нигори  кашидадӯзӣҳо таърихи ҳазорсолаи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст. Ҳар як нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад. Нақшҳои рамзӣ покию ростиро ифода мекунанд. Нақш дар остин рамзи покии даст, дар доман рамзи покдоманӣ, дар қафаси сина рамзи покӣ, софӣ, бекинагии қалбро таҷассумгаранд. Баъд аз ба Феҳристи мероси фарҳангии олам шомил гардидани «Оши палав» ва «Наврӯз» чакан низ аз ҷониби ЮНЕСКО ба ин рӯйихат шомил карда шуд. Аз соли таъсисёбии ин идора- ЮНЕСКО-соли 2008 ба рӯйихаташ 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллии мардуми дунёро аз 122 кишвар дар бар гирифтааст.

Олимон дар кашидадӯзиҳо беш аз 700 намуди нақшу нигорро муаййян намудаанд. Истифодаи рангубор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунарманди он вобастагӣ дорад. Ҳунарманд кӯшиш мекунад, ки бо истифодаи риштаҳои гуногунранг латофату зебоии маҳалли худро рӯи матоъ тасвир намояд. Одатан курта, фаранҷии арӯсӣ, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, миёнбанд, хурҷин, ҷойнамоз ва ғайра гулдӯзӣ карда мешавад. Ҳар нақш болои матоъ ном дорад: косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, тоҷихурӯс, моҳу ситора, рубоб, думи товус ва ғайра.

Ба ақидаи донишмандон чакан дар давраи подшоҳии шоҳ Ҷамшед пайдо шуда бо фарорасии фасли баҳор, иди Наврӯз, эҳёи табиат то ба имрӯз истифода бурда мешавад. Имрӯз нақшу нигори пироҳани занона бо риштаҳои абрешимӣ дар гулдӯзиҳои кӯҳистонӣ дар шакли барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, буттаи гул, гули олуча, гули ошиқи печон, гули сияҳгӯш, гули садбарг, косагулҳои гуногун омезиш меёбад. Воқеан, бонувони ҳунарманди мо чун бонувони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз гузашта ҳунари зебою волои чакандӯзӣ доштанд ва имрӯз ҳунарҳои онҳоро насли ҳозира сайқалу давом дода истодаанд. Эъҷози дастони гулофарини онҳо махсусан саростинҳою тоқию миёнбанди гулдӯзиашон зиннатбахши ҳусни арӯсу домодҳо буданд. Ин ҷо метавон аз муъҷизаи дастони ҳунарманду офарандагии момаи Бибугул Ҳақназароваи кабкгрезӣ, ки соле чанд дар синни 108-солагӣ вафот карда буд, ёд овард. Ҳунари момаи Бибигул дар дӯхтани гулдӯзиҳои гуногун, махсусан нақшҳои чакан, хоса буд. Ӯ ин корро он қадар нозук, зебо ва ҳунармандона ба ҷо меовард, ки диққати ҳар бинандаро беихтиёр ба худ ҷалб мекард. Маҳсули дастони ҳунармандаш дар зебоӣ, нозукӣ, шинамӣ аз дигар чакандӯзон фарқият дошт. Имрӯз мактаби ҳунармандии ӯро, махсусан чакандӯзиашро набераҳо, абераҳо ва дигар пайвандонаш идома медиҳанд. Чун момаи Бибигул дар тамоми гӯшаю канори Файзободи азизамон садҳо бонувони ҳунарманди гулдӯз буданду ҳастанд, ки ситоиши ҳунарашон солҳо аз сари забонҳо дур нахоҳад шуд.

Ҳунар умри дароз дорад ва ҳунармандро ба фаромӯшӣ нахоҳад бурд.

Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаъну шуҳрати кашидадӯзии тоҷикона, махсусан чакан хеле баланд гардид. Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонад. Гулдухтарони Файзободи гулбадомони мо низ дар бар куртаҳои чакани хушдӯхту атласҳои рангобаранг ҳуснбахши тамоми маҳфилу маъракаҳоянд:

Чаканпӯшам, чаканпӯшам, чаканпӯш,

Саропоям ҳама гардида гулпӯш.

Гули хуршеду моҳу ҳам ситора,

Гирифтандӣ маро ин ҷо дар оғӯш.

                                                                                                     М. ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».