Вс06072020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ПИРӮЗӢ БА ТЕРРОРИЗМ ДАСТҶАМЪИИ МОСТ

Терроризм ва экстремизм ҳамқадами доимии инсоният буда аз асри 1 то мелод дар Яҳудистон амал мекард. Ин гурӯҳи хунхор ва ҷонибдорони онҳо рӯҳониён, донишмандон, ашрофи олимақоми яҳудиро нобуд мекард. Падарони дини христианӣ ин амали ношоистаи онҳоро иҷозат медоданд. Мазҳабҳои алоҳидаи дини ислом низ аз давраи пайдоиш куштори халифа, сардорон ва роҳибони сиёсии худро террору нест менамуданд. Дар ибтидои асри 20 терроризм ва экстремизм ба сатҳи давлатӣ баромад.

Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё нишони ҳадафҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор ёфта, садҳо ҳазор нафар ҷон бохта, садҳо ҳазор нафар одамон зарари моддӣ диданд. Чи тавре огоҳӣ дорем, яке аз чеҳраҳои маъруфи ҷаҳони терроризм Абубакр- ал -Бағдодӣ мебошад, ки соли 2014 гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ва «ДИИШ»-ро дар давлатҳои исломии Ироқу Шом ташкил кард ва дар муддати кутоҳ Сурия ва Ироқро дар тасарруфи худ даровард. Ин гурӯҳи тундрав дар панҷ соли охир ҳазорон одамони бегуноҳу осоиштаро ба қатл расонда, ҳазорони дигарро ба асорат гирифт. Пайравони ҳаракати дигар салафиҳо бошанд мусулмононанд ва ба Қуръону суннат имони комил доранд. Аммо яке аз саркардаҳои ҷараёни мазкур Насриддини Албонӣ нисбати мазҳаб назари бад дошта, бемазҳабии худро боиси ифтихор медонад. Албонӣ соҳибони мазҳабро танбеҳ дода мегӯяд, ки шумо ба Ҳанафӣ, Шофеъӣ, Моликӣ ва Шиъа ҷудо шуда хушнудед. Ҳол он ки мазҳаб рамзи иттиҳод ва дӯстдории дини мубини ислом аст. Вале салафиҳо ин неъмати бебаҳоро дидан намехоҳанд. Салафия ташкилоти экстремистӣ буда, мақсади асосиаш бо роҳи ҷудоандозию тафриқаандозӣ, ташкил кардани давлати ягонаи «Хилофат» мебошад.

ДИИШ, салафияҳо ва саркардагони онҳое, ки худро пайравони гузаштагони дини мубини ислом метарошанд, террору куштор дар ҷумҳуриҳои исломӣро бо ин амалашон гӯё таълимоти Худо ва Пайғамбари исломро ба ҷо оварда сазовори биҳишт мешуда бошанд. Вале чунин рафтори онҳоро Қуръони карим маҳкум карда, мефармояд, ки «Муъмин бародари муъмин аст». Саркардаҳои ин ҳизбу ҳаракатҳои экстремисти ба ҷои кори хайру савобро иҷро кардан ба корҳои зишт даст мезананд.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки аксарияти ҷавонон аз надонистан ва надоштани маълумоти кофӣ дар бораи дини ислом ба ин гуна ҷараёнҳои барои дин бегона мепайванданд. Айни ҳол нафарони зиёде аз ҷумҳурии мо ҳамчун аъзоёни дини экстремистии «Салафия» дар кишварҳои ҷангзадаи арабии Сурия, Ироқ, Покистон ва Афғонистон ба ташкилоти террористӣ- экстремистии «ДИИШ» пайваста ба таври ваҳшиёна одамони бегуноҳро ба қатл мерасонанд. Чи тавре огоҳ ҳастем, баъзе ҷавонони дохили ҷумҳурӣ низ худро шабеҳи салоҳияҳо вонамуд карда, фикру ақидаҳои ифротиро дастгирӣ менамоянд.

Ҷараёни дини экстремистии «Салафия» соли 1998 дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон ташкил шуд ва роҳбари аввали он Муҳаммад Раҳматулло буд. Ӯ соли 2015 аз тарафи кормандони ВКД-Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Соли 2009 бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 фаъолияти равияи Салафия дар ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардида соли 2014 ҳамчун равияи экстремистӣ шинохта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш бо аҳли ҷомеа таъкид кард: «Рисолати таърихии дин-ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаандозӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқиву маънавию ахлоқӣ ва таҳамулгарои онро ба мардум ва махсусан ба ҷавонон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Сухани Сарвари давлат водор мекунад, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намоем. Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои ободкориву созандагӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ омода созем, барои пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар дарсҳои таърих ва ҳуқуқ, инчунинкорҳои тарбиявию беруназсинфӣ дар масъалаи хавфи терроризм дар ҷаҳони имрӯза, ҳушёрию зиракии наврасон диққати даркорӣ диҳем.

Ҳар фарди соҳибхиради Тоҷикистон бо дарки баланди ватандорӣ дар атрофии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада,баҳри сулҳу субот даст ба даст бошем.

Холиқзода Б.Ҳ.

раиси суди ноҳия.