Чт06202019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ЯРМАРКАИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ

Дар арафаи моҳи шарифи рамазон рӯзҳои 3, 4, 5 дар шафати бинои театри опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе бозори маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия баргузор шуд.

Кишоварзони ноҳия гӯшт, тухм, оби маъдании «Файзобод», картошка, пиёз, сабзӣ, лӯбӣ, нахуд ва маҳсулотҳои шириро бо нархҳои барои сокинони Душанбешаҳр дастрасро пешниҳод карданд.

Харидорон аз сифати баланди маҳсулотҳои кишоварзони ноҳия қаноатмандӣ зоҳир карданд.

С.ТИЛЛО.

СОДИРОТИ МЕВАИ ФАЙЗОБОД ТАҚОЗОИ РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ

Шуҳрату овозаи боғдорӣ ва меваҳои шаҳдбори Файзобод дар замони шӯравии собиқ васеъ доман паҳн карда буд. Тавассути воситаҳои ахбори омма борҳо дар хусуси боғпарварони ноҳия мақолаҳо дарҷ гардиданд.

Подробнее...

САДА ПАЙҒОМИ БАҲОРИСТ

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимию маросимии халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки ҳамасола рӯзи 10-уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ таҷлил мегардад. Мутобиқи солшумории мелодӣ ин сана ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми моҳи январ рост меояд.

Подробнее...

НАТИҶАҲОИ СОҲАИ ЧОРВОДОРӢ

Чорводорони ноҳия ҷашни Наврӯзро бо дастовези муносиб истиқбол гирифтанд. Дар дуюним моҳи сипаришуда истеҳсоли гӯшт ба 286 тонна, шир ба 1581 сентнер, тухм ба 9,4 миллион дона расонида шуд.

Подробнее...

ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия аз мусоид омадани обу ҳавои моҳи ноябр самаранок истифода карда, дар майдони 760 гектар ғалла коштанд. Рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон ва Меҳробод хуб аст. Дар ин ҷамоатҳо мувофиқи ҳисобҳои оморӣ 190-215-гектарӣ ғалла кошта шудааст.

 

Подробнее...

МАҚСАД - 670 ГЕКТАР БОҒИ НАВ

Фасли зебои баҳор аз худ дарак медиҳад. Аз ин хотир масъулияти марди деҳқон, ки бо умед донаи ризқи фардоро мепошад ва боғдор, ки ниҳоли шаҳдборро бо дар назардошти чил –паноҳ соли охир мешинонад, даҳчанд меафзояд.

Подробнее...

«ҲУСНИ ЮСУФ» БОЯД ЭҲЁ ШАВАД

Аз нав эҳё кардани навъи себҳои хуштаъми бобоӣ ба монанди пахтасеб, ҳусейнӣ, гулсеб, мирраҷабӣ, хубонӣ, молкӣ, ҳусни Юсуфи зарафшонӣ, арбобназарӣ, себи сурхи тирамоҳӣ, лоласурхак ва чандин навъҳое, ки имрӯз аз байн рафтаанд, аз нав зинда кардани онҳоро тақозои вақт медонем. Ин навъи себҳои ширину хуштаъм аз намуди  беруниашон зебо буда, таъми хуш доранд, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он серхаридоранд. Рақобати бозор тақозои онро дорад, ки ба ин навъҳои себҳои хуштаъми бобоӣ рӯ биорему парвариши онҳоро хуб ба роҳ монем.

Подробнее...

ҚАРОР ДОРАНДУ…

 

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ иброз доштанд, ки минбаъд ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия диққати махсус дода мешавад.

Подробнее...

КОРХОНАҲОИ ХУСУСИШУДА БА ЧӢ КОР МАШҒУЛАНД?

Бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатии назди моқомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз вақти таъсисёбиаш  - соли 1991 - то ба имрӯз 84 адад корхонаро ба фурӯш бароварда, бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияташон онҳоро ба моликияти хусусии шаҳрвандони ноҳия табдил додааст.

Подробнее...

Подкатегории