Вт04072020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

БА НАВРӮЗ ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев ба кишту кори баҳорӣ омодагии хуб мегиранд. Онҳо аз ҳар соату рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда, аллакай 756 дарахти сояафкан ва 700 дарахти мевадиҳанда шинониданд. Рафти омодагӣ ба баҳору шинонидани дарахтони мевадиҳанда дар хоҷагиҳои деҳқонии Сайдонӣ (раисаш Зайниддин Наимов), Кабкрез (раисаш Зиё Мирзоев), Кӯҳсор (раисаш Рустам Шарифов) хуб мебошад. Дар ин хоҷагиҳо дар баробари бунёди боғҳои нав ба коркарду ғизодиҳии боғзорҳо диққати даркорӣ медиҳанд. Аллакай қисми зиёди дарахтони хоҷагиҳои номбурда аз навдаҳои зиёдати тоза карда шуда, озуқа дода шудааст. Ғаллакорони ҷамоат низ айни ҳол сертарадуданд. То имрӯз майдони кишти баҳорӣ 43 гектарро ташкил дода то охири мавсим майдони кишти баҳорӣ ба 310 гектар расонида мешавад. Рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат қаноатбахш мебошад. Картошкапарварон мақсад доранд, имсол дар майдони 60 гектар картошка ва 112 гектар сабзавот кишт гузаронанд.

Чӣ тавре раиси ҷамоат Ҳ. Гулзода гуфт, - дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳамаи деҳаҳои ҳудуди ҷамоат корҳои ободонӣ, тоза кардани ҷӯйҳо ба тартиб даровардани хонаҳо деворҳо дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоат идома дорад. Мардум ба ҳашари умумӣ баромада дар қатори дигар корҳои ободонӣ дар шоҳроҳ дарахтони сояафкану гулу буттаҳо шинонида ба баҳору Наврӯзи аҷам омодагӣ мегирем.

                                                                                                            С. ТИЛЛО.