Пн04222019

Last updateВт, 16 Апр 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХОҶАГИИ НАЗИРОВ ОМОДАИ КИШТУ КОР

Хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров то соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 10-15 гектар картошка кишт мекарду хароҷоти молиявии худро пӯшонда наметавонист. Дар заминҳои корами обии хоҷагӣ иҷоракорон юнучқа ва ғалладонагӣ кишт мекарданд ва ҳосили паст ба даст меоварданд. Ба сари вазифа омадани ҷавони кордон, мутахассиси соҳа Инъом Шарифов кор ранги дигар гирифт. Акнун майдони кишти картошка дар хоҷагӣ ба 124 гектар, боғ ба 144 гектар, саршумори чорвои калони шохдор ба 50 сар, моли майда ба 260 сар расид.

Подробнее...

ОБОДКОРӢ ХОСИ НАВРӮЗ АСТ

Бо омадани баҳори гулпӯшу Наврӯзи аҷдодӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати бештару фарогире дорад. Қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ободкориҳо ба чашм мерасад. Бахусус чунин иқдомҳои ободкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод хеле хуб ба чашм мерасад.

Подробнее...

НАВГОНИҲОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҶАВОНОН

  • Тантанаҳои имсолаи Наврӯзи оламафрӯзи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, дар деҳаи зебоманзари Арзанова баргузор мешавад. Бо ин хотир сокинони деҳа корҳои ободониро хуб ба роҳ монда,   тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ ду тарафи роҳи маркази деҳаро то наврӯзгоҳ лӯлаҳои обпарто хобонанд. Ҳамчунин шинонидани ниҳолҳои ороишию сояафкан дар деҳа идома дорад.

    Подробнее...

БОҒИ НАМУНАВӢ

Раиси хоҷагии деҳқонӣ аз Ҷамоати деҳоти Вашгирд Шоҳрамазон Шарифов дар майдони 3 гектар замини бекорхобида боғи намунавӣ бунёд намуд, ки 1,5 гектар гелос ва 1,5 гектар олуи содиротиро дар бар мегирад.

Подробнее...

БОНУВОНИ ФАЙЗОБОД ХУШСУРАТУ ХУШҲУНАРАНД

Чандест, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардида истодааст.

Подробнее...

НАВРӮЗИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия омади баҳори нозанинро хуш пазируфтаву аз рӯзҳои аввали он сертарадуданд.

Подробнее...

ҲАЙФИ БИНОИ ДАРМОНГОҲ!!!

Чанд сол пеш аз ногаҳон вайрон кардани бинои дармонгоҳи пешина, ки болотар аз бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия воқеъ буд, ҳама ангушти ҳайрат газиданд. «Наход бинои мустаҳкаме, ки метавонист солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад, беинсофона вайрон карда шавад».

Подробнее...

ҚУТИИ ПАРТОВ НАДОРЕМ

Симои маркази ноҳия муаррифгари диёр ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хусусан сайёҳон аст. Презитенти мамлакат зимни ироаи Паёми солонаашон вобаста ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва вусъат бахшидан ба ин соҳаи афзалиятнок чун соли 2018, солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.

Подробнее...

БОНУВОН БА ДОД ОМАДААНД

Агар гӯем, ки сокинони кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуннисо дар панҷ-шаш соли охир рӯи оби сериро надидаанд, шӯхӣ нафаҳмед. Чунки, охир, мувофиқи талаботи беҳдошти санитарӣ дар як шабонарӯз барои эҳтиёҷоти як одам камаш 200 литр об зарур аст.

Подробнее...

Подкатегории