Ср06032020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ДАРАХТ САБЗ КУНУ ВАТАН ОБОД НАМО

Баҳор фасли эҳёи оламу одам аст.Табиат бо дигар кардани қабои зимистонаи худ фарру шукӯҳи тоза касб мекунад. Дар ин мавсими зебои сол инсонҳо ҳам бо рӯҳу неруи тоза баҳри ободию созандагии хонаю дар, кӯчаю маҳал ва ноҳияву диёри худ камари ҳиммат мебанданд. Аллакай дар ҳукми анъана даромадааст, ки бо фарорасии рӯзҳои аввали фасли баҳор ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва гулшинонию зебою дилкашгардонии кӯчаю хиёбонҳо , роҳҳою назди манзилҳо дар мадди назари ҳамагон қарор мегирад. Дар ин кор аз ҳама бештар саҳми шуъбаи муҳити зисти ноҳия зиёду назаррас аст.

Мувофиқи маълумоти намояндагони шуъбаи муҳити зисти ноҳия ба хотири таҷлили ҷашни зебои Наврӯзи дилафрӯз то имрӯз дар ноҳия корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.

То ин дам 2860 бех дарахтҳои ороишии аз қабили арча, гуйна, мажавелика,сосна шинонида шудааст. Ҳамзамон кормандони ин бахш шумораи зиёди дарахтони ороишӣ, махсусан арчаҳоро, ки дар давоми фасли сарди зимистон аз номусоидии боду ҳаво хушк гардида буданд,иваз намуда, ба ҷойи онҳо навъҳои гуногуни арча ниҳол карданд.

Масъалаи муҳими дигар ин гулшинонию гулзор сохтани шафати роҳҳову назди коргоҳҳо мебошад, ки дар ин самт ҳам корҳои чашмрас сурат мегирад. То имрӯз аллакай 1700 бех қаламчаҳои навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ шинонида шуд. Бар замми ин 618 бех як навъи гули зебои садбарг дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қомат афрохтанд, ки ин навъи садбарг махсус буда, он дар ду мавсими сол- баҳору   тирамоҳ мешукуфад. Масъалаи дигари муҳиму айни замон аз ҳама зарурӣ он аст, ки мо бояд эҳтиёҷоти ноҳияамонро бо таъмини дарахтони ороишию сояафкан аз ҳисоби иқтидори қувваю захираҳои дохилии худ таъмин намоем. Бо ин мақсад дар ҳудуди як га ниҳолхона бунёд намудаем. Ғайр аз кӯчати ниҳоли ороишию сояафкан, ва мевадор ҳам ба роҳ монда шудааст. То имрӯз дар он зиёда аз 200 ниҳоли мевадиҳандаи арчаи навъи мажавелика, 3000 сосна ва ба ҳамин миқдор ниҳоли олуча парвариш меёбад. Дар ояндаи наздик бошад, шуъбаи муҳити зисти ноҳия ният дорад, ки ҳаҷму миқдори парваришу ба воя расонидани навъҳои гуногуни ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулҳои навъи гуногунро дар ниҳолхона зиёд намояд. Ҳамаи ин ва дигар корҳои дар ин самт ба роҳ монда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ояндаи наздик метавонем, эҳтиёҷоти мардуми ноҳияамонро аз ҳисоби худамон ба пурагӣ таъмин намоем.

Ҳ. БУЗУРГ.