Пт12132019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ГУРГЗОДА ОҚИБАТ ГУРГ ШАВАД

 

Терроризм ва экстремизм тайи чанд соли охир ҳамчун як хатари глобалӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ва ҷалби насли ҷавон ба сафи гуруҳҳои террористӣ гардидааст.

Подробнее...

НБО РОҒУН-ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизамон шодию хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Хурду калон ба истифодадиҳии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешавад, интизоранд. Ин рӯйдоди таърихӣ 9 сентябр ба амал меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, поягузор ва бунёдгузори давлати тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бо ифтихор мужда дод.

Подробнее...

НАҲЗАТИЁНИ МАҒЗШУЙ

Агар саҳеҳтар назар афканем, пушида нест, ки ҳадафи асосии ин ҳизб аз байн бурдани давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад. Саркардагони ҳизби мазкур мехоҳанд дар доираи як мазҳаб ё як равияи ба мо бегона давлати худро бунёд кунанд. Яъне даъвои аслии инхо ин аст, ки бояд дар Тоҷикистон ҳамин гуна як давлати ба андешаи онҳо исломӣ бунёд карда шавад. Онҳо бештар кӯшиш мекунанд, ки мафҳуми давлати демократӣ-дунявиро ҳамчун як мафҳуми зиддидинӣ муаррифӣ намоянд.

Подробнее...

МО СОҲИБИХТИЁРЕМ!

Вожаи Истиқлолият моро ба андеша мекашад, то дарк кунем, ки он чӣ чиз асту чӣ медиҳад. Ҳафтод сол зери байрақи соҳибихтиёрӣ зиндагӣ кардем. Вале соҳибихтиёрии мо, тоҷикистониҳо, нисбӣ буд. Москваро гӯш мекардем, аз ӯ мепурсидем, ки фалон корро чӣ навъ оғоз кунему чӣ тарз ба анҷом расонем. Чунки мо фарогири СССР – Иттифоқи ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ будем. Ҳамеша ду парчам меафрохтем: Парчами СССР ва Парчами Тоҷикистон .

Подробнее...

ҶАВОНОНРО ХУДШИНОС ТАРБИЯ НАМОЕМ

Бархурди андешаҳову рушди бемайлони технологияи коммуникатсионӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ намегузорад, ки шахсе ё гуруҳе бидуни дахолат вобаста ба ин ё он руйдод дар ҷомеа кору фаъолият кунад. Сабабу оқибатҳои даргириҳои динию мазҳабиву нажодӣ дар мамолики Мисру Фаластину Сурияву Ироқ ва Покистону Афғонистони ба мо ҳамсоя имрӯз наинки мардуми ҷангзадаи мамолики зикршударо балки кулли сокинони сайёраро ба таҳлука гирифтор кардааст. Чун оина рушан аст, ки дар меҳвари асосии ҳамаи ин даргириҳо кишварҳои абарқудрати манфиатхоҳ меистанд. Ва бо ин аъмоли хеш ҷилва медиҳанд, ки молику ҳукмрони аслии сайёра онҳоянд.

Подробнее...