Ср11202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ГУРГЗОДА ОҚИБАТ ГУРГ ШАВАД

 

Терроризм ва экстремизм тайи чанд соли охир ҳамчун як хатари глобалӣ ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Зиёд гардидани шумораи ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта боиси вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ ва ҷалби насли ҷавон ба сафи гуруҳҳои террористӣ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳамин тарафи масъалаи мазкурро ба назар гирифта. аҳли башарро   таъкид бар он менамоянд, ки терроризм-ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Дар урфият дуруст мегӯянд, ки: «Гургзода оқибат гург шавад».

Калонкардаву нонхӯрдаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон   Ҳалим Назарзода новобаста аз ҳамаи гузаштҳои сарвари давлат нисбаташ, ки ташкилкунандаи ҷиноятҳои вазнини замони нооромиҳои кишвар ба ҳисоб мерафт, боз даст ба хиёнат дар нисбати халқу миллати худ зад. Ҳол он ки новобаста аз гуноҳҳои кардааш ба хотири бақои миллат, рӯзгори осудаву сулҳу салоҳ  ва осмони софи мамлакат мавриди бахшиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гардида буд. Соҳиби рутбаи баланди ҳарбӣ, мансаби баланд ҳам чашму дили ӯро ба давлату миллаташ гарм насохт. Афсус, ки супориши хоҷагони хориҷияш барои ин хоини Ватан аз ҳама чиз боло будааст.

Барои ҳамагон рӯшан аст, ки Ҳалим Назарзодаву Муҳиддин Кабирӣ, кӣ буданду гузаштагонашон чӣ давлату савлат доштанд, ки як бора соҳиби дороиҳои осмонкаф гаштанд. Даҳҳо корхонаву қасру кушкҳо сохта ва ё иншоотҳои давлатиро бо маблағи ночиз аз худ намуданд. Гӯё хориҷа барояшон «хона»-и ҳамсоя гашт, ки кадом соату вақте, ки мехостанд чипта барояшон муҳайё буд. Фарзандони худу ёру ошноҳо ҳама дар хориҷа таҳсил мекарданд. Аммо хоҷагони хориҷӣ тини худро бе мақсад сарф намекунанд. Натиҷааш ошуби  4 сентябри соли 2015 амалисохтаи Ҳалим Назарзода буд, ки мехост ғаразҳои нопоки худу хоҷагони хориҷиашонро амалӣ сохта Тоҷикистонро ба Афғонистони дуюм табдил диҳанд. Мафкураи  мардуми озодаи моро бо ҳама таъриху фарҳанги пурғановати азалии аҷдодонамон ба нестӣ расонидаву     фарҳанг, расму оин ва ақидаҳои бегонагони бадкорро маҷбуран ҷо намоянд. Бо дарки баланди он ки барои нобуд кардани як миллат, фарзандони бонангу номус ва соҳибмаърифати онро бояд нест кард амал карда, солҳои навадум   ба қатли беҳтарин   сарсупурдаҳои миллат даст заданд. Воқеан ҳам бо кушта шудани раиси пешини Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, журналисти маъруф Отахон Латифӣ, олимон Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, сиёсатмадор Карим Юлдошев, нависандаи маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муфтии собиқ Фатҳуллохон, инчунин 20 нафар кормандони Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва чанде дигарон онҳо мехостанд, ки ҳамаи гуноҳро ба дӯши ҳукумат вогузор кардаву дар кишварамон оташи ҷанги маҳалчигиро рӯшан кардаву худ бо хости дилашон ҳукумравоӣ кунанд. Муносибат бо кишвари Россияро сард созанд. Аммо бо ҳамаи ин амалҳои ноҷавонмардона ҳукумат бо сарварии фарзанди сарсупурдаи худ Эмомалӣ Раҳмон ҷавоби сазовор дода, мардуми онро зери сулҳу Ваҳдат ба ҳам оварда, Тоҷикистонро аз парокандагӣ наҷот дод. Генерали хиёнаткор Ҳалим Назарзода баъди исёни мусаллаҳонаи 4 сентябри соли 2015 кушта шудаву раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ба ҷои назди ҳамиллатони худ узру тавба кардан бо ишорачуби хоҷагони хориҷиаш сӯи ҳукумати кишвар кулухпартоӣ мекунад. Фаромӯш кардааст, ки мардум мегӯяд «кулӯхандозро подош санг аст». Таърих ба ҳамаи кирдорҳои нохалафон баҳои сазовор хоҳад дод, аммо ҷониби роҳбарияти давлати исломии Эрон ба ҳамаи дастгириҳояш   нисбати хоинони миллати мо   чӣ мегуфта бошанд?

Тилло Соҳибназаров , Раиси Шӯрои кӯҳансолони 

Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод.