Ср10232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

АЗ ҚАЪРИ ТАЪРИХ

МАРДЕ БУД САРБАЛАНД

Гӯё дирӯзакак буд, ки ин марди озодапӯшро дар кӯчаи марказии шаҳрак қадамзанон медидем. Ӯ бисёр вақт ба чойхона меомад, соате чанд бо ҳамтоёни худ сари як чойнак чой менишаст, ба қавли худаш «заҳри  якдигар мешикаст».

Подробнее...

ДАСТАРХОН МЕОРОЕМ

Иди зебои сол, иде, ки шуҳрату шаҳоматаш дар ҷаҳон паҳн гаштааст- Наврӯзи оламафрӯз боз қадами неки хешро ба сарзамини зебоямон мегузораду мо, фарзандони ин куҳандиёр бо нишони пос доштани суннату анъанаҳои он хуш омадедаш мегӯем. Ҳамин тавр аз аҳди қадим то ба ин дам Наврӯз айёми баҳор бо гулу сабзаи тар ба ватани азизи мо, ба ҳавлию дари мо қадамҳои худро ранҷа менамояд.

Подробнее...

АФСОНАИ БУДУ НАБУДИ ЗАМОНИ ҶАНГ…

Солҳо моро аз   айёми воқеаҳои даҳшатбори замони ҷанг дур месозанд. Атрофи  набардҳои хунину шаҳидони   ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 хотираҳо, нақлу ривоятҳо хеле зиёданд. Аз садҳо ҳазор иштирокчиёни ҶБВ акунун дар саросари  Тоҷикистони азизамон  ҳамагӣ 800 нафар боқӣ мондаанду халос. Мо, насли замони шӯравӣ, одат кардаем, ки  ҳар сол  рӯзи 9 май дар сӯҳбати эшон  бошем. Афсӯс, ки акнун ками дар кам сӯҳбат бо онҳо моро насиб мегардад. Ва акнун ҳарбу зарбҳо, ашки ҳасрати модарони чашминтизор ва кашидани бори вазнини  занон дар ақибгоҳ ба афсонае табдил меёбад барои имрӯзиён. Мо, кӯдакони замони  баъди ҷангиро  низ насиб афтода,  ки гарде аз суфраи он рӯзгори вазнин    бичашем….

Подробнее...

НАВРӮЗИ НИЁГОН

Аҷдодони мо дар замони подшоҳии Ҷамшед Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро ҷашн мегирифтанд. Иди Наврӯз таърихи хеле қадима дорад. Сарчашмаи қадимтарине, ки аз ҷашнгирии Наврӯз гувоҳӣ медиҳад, китоби Зардуштиён «Авасто» мебошад. Дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аз тарафи шоҳ Ҷамшед ҳамчун ид ҷашн гирифтани Наврӯз таъкид гардидааст.

Подробнее...

ЁДГОРИҲОИ ФАРҲАНГӢ-ДАРСИ ТАЪРИХ

Ба туфайли ғамхориҳои рӯзафзуни давлату ҳукумат фарҳанги миллӣ торафт рушду такмил меёбад. Барои омӯхтани таъриху фаҳанг шароиту имконият фароҳам овардан яке аз вазифаҳои Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ташкилоти ҷамъиятии Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон, ки ташкилоти худидоракунии ғайридавлатӣ мебошад, маҳз ба ҳамин мақсад, яъне ҳифзу нигаҳдории осори таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангии мардум ташкил ёфтааст. Ҳамин гуна ташкилот дар ноҳияи Файзобод низ амал мекунад.

Подробнее...