Ср11202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

НБО РОҒУН-ИМРӮЗУ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизамон шодию хурсандии мардум ҳадду канор надорад. Хурду калон ба истифодадиҳии чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии Роғунро, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷик бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешавад, интизоранд. Ин рӯйдоди таърихӣ 9 сентябр ба амал меояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, поягузор ва бунёдгузори давлати тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора бо ифтихор мужда дод.

Бояд бигӯем, ки Пешвои муаззами миллатамон аз рӯзи аввали ба сари давлат омаданаш саъю кӯшиш ва қувваю ғайрати худро барои ободии Ватан, гулгулшукуфии давлати тоҷикон сарф кард. Ва дар назди худ ҳадафҳои бунёдкорию аз вартаи нестшавии миллат ба вартаи барқароршавию пешравии давлатро ба миён гузошт.

Неругоҳи барқи обии Роғун бузургтарин неругоҳи давру замон ва дорои аҳамияти стратегии имрӯзу фардои давлати тоҷикон мебошад.

16 ноябри соли гузашта чархаи якуми “Роғун” ба кор даромада, халқи тоҷикро ба ояндаи дурахшони кишвар дилпур гардонд.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар минтақа ва ҷаҳон арзишманд қайд мешавад. Мо ба пешвои миллатамон барои ғамхорию дилсӯзиаш, барои ободкорию созандагиаш миннатдории худро баён мекунем.

Сафаралӣ МИРЗОЕВ, омӯзгори деҳаи Заркамар.