Сб01252020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

РАҚОБАТИ 40 ДАСТА

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии кишвар ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи волейбол ва футболи хурд давоми як моҳи охир доир гардид. Дар мусобиқа 40 даста вобаста ба ҳарду намуди сабқат байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Подробнее...

МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЪ

Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД-и ноҳия дар ҳайати 31 нафар қаториён ва ҳайати роҳбарикунанда амал мекунад. Афсарону кормандони  далеру чолок ва масъулиятшиноси ниҳоди мазкур пайваста кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои сермасъули хешро содиқона иҷро намоянд.

Подробнее...

ИХТИРОЪКОРИ НАВРАС

Боиси хурсандист, ки вақтҳои охир ҷавонон ва наврасони ноҳияи мо дар озмунҳои гуногуни фаннӣ ва варзишӣ иштирок намуда, ба гирифтани медалу ҷойҳои ифтихорӣ шарафу шуҳрати ноҳияамонро дар миқёси ҷумҳурӣ боло мебардоранд.

Подробнее...

КОРРУПСИЯ БА АМНИЯТ ТАҲДИД МЕКУНАД

Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин маҳсуб мешавад, ки амнияти миллии давлатро халалдор менамояд.

Подробнее...

«ГАНҶИ ҲИЛОЛ» -ҒОЛИБИ ОЗМУН

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» дар доираи чорабиниҳо ба ифтихори «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018» баргузор карда шуд.

Подробнее...

АБДУЛФАТТОҲ МАКТАБ СОХТ

Соҳибкор Абдулфаттоҳ Юнусов, сокини деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Вашгирд дар деҳаи худ мактаби ибтидоии замонавӣ бо чор синфхона, хонаи муаллимон бо маблағи худаш сохта, онро дар охирҳои моҳи ноябр ба истифода доданист.

Подробнее...

ДИДБОНГОҲИ ОТАШНИШОНӢ СОХТМОНИ ОН ТО ОХИРИ СОЛ БА АНҶОМ МЕРАСАД

Хизматрасонии оташнишонӣ   таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста бо имконоти мавҷуда   лаҳзаҳои зарурӣ дар муҳофизати молу мулки ҷомеа аз сӯхтор нақши муҳим мебозад. Сохтори мавҷудаи хизматрасонии оташнишонӣ дар кишвари мо ҳанӯз 30 июли соли 1928 дар таркиби Вазорати корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст.

Подробнее...

МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БАРАКАТУЛЛО

Дар пойтахти мамлакат бо ибтикори Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни наврасони солҳои таваллуди 2001-2004-и муассисаҳои тайёрии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ доир гардид.

Подробнее...

ҶАВОНОН ХУДШИНОС БОШАНД

Чанде қабл вохӯрии намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, муҳоҷират, кор бо занон ва оила ва дигар ташкилоту муасссаҳо бо сокинони кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки ноҳия доир гардид.

Подробнее...

Подкатегории