Вс10202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ПАЁМИ ИЛҲОМБАХШ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 омӯзгорону хонандагон Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба воситаи оинаи нилгун тамошо карданд.

Дар Паёми имсола қайд шуд, ки сифати таълиму тарбия малакаю ҷаҳонбинии хонандагонро беҳтару хубтар ба роҳ монда, омӯзгоронро зарур аст, ки шогирдонро дар рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, накукорӣ, арзишҳои милламон таълиму тарбия намоянд. Ҳамчунин дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро эълон кард. Мешавад, ки хонандагону омӯзгорон ҳунарҳои қадимаю имрӯзаро гирд биёранду ҳар фард, ҳар хонанда, ҳар омӯзгор бояд касби ҳунармандӣ дошта бошанд.

Омӯзгорону хонандагон аз Паём рӯҳу илҳоми тоза гирифта ният доранд, ки барои аз худ кардани касби ҳунармандӣ кӯшишу ғайрати худро равона мекунанд.

Ҳокими САФАР.