Чт09242020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД

Идораи  бароям муқаддаси «Набзи Файзобод», ки   даврони хушу ҷавонии хешро инҷо гузаронидем, 87 сола мешавад.   Хотираҳо аз ин даргоҳ нақши ногустурдание аз худ боқӣ гузоштааст. Дар арафаи иди матбуот симои нуронии пирони қаламу рӯзноманигорони варзида Муродалӣ Қурбонов, Холмурод Гулов, Сироҷ Шоев, Абдуҷаббор Абдуллоев, Нурмуҳаммад Абдураҳмонов, Хурсанд Азимов ва Тӯрабек Ҷобиров пеши назар меояд, ки сад ҳайф айни камолот  дунёро падруд гуфтанд. Бо хушсуханиву  хушсуҳбатӣ ва ҳазлкашии хеш онҳо дар ёдҳо абадӣ нақш бастаанд. Базлагӯӣ ва хотираву хушгӯиҳои ҳаркадоми онҳо хоси худашон буд нотакрор.

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта    рӯзи корӣ мо - рӯзноманигорони ҷавон аз утоқи кории  устод Муродалӣ Қурбонов, ки вазифаи ҷонишини сармуҳарриро иҷро мекард, оғоз  меёфт.

…Ҳамроҳи устодон пайи иҷрои супориш ба Мискинобод раҳсипор будем, дар роҳ устод Сироҷ Шоев гуфт:

-Тилло, ягон гап зан, роҳ кӯтоҳ шавад. Ман ҳам ҳозирҷавобӣ карда гуфтам.

 -Устод, дар ҳузури Самаки Айёр чӣ гӯям? (Ба  Абдуҷаббор Абдуллоев, ки  дар базлагӯӣ, латифагӯӣ  ҳамто надошт, ишора кардам).

 Гӯиё ҳамин лаҳзаро Абдуҷаббор интизор буд, ки  риштаи суханро ба даст гирифт:

-Медонӣ, устод, дишаб  ба маркази ноҳия  омадам. Ронандаи «Москвич» чароғҳояшро наздик накарда сӯям меомад, маҷбур шудам, ки мошинро нигоҳ  дорам. Нигоҳ доштаму чароғҳои мошинро равшан кардам. Ронандаи «Москвич» омада дари мошинамро кушода ба қаҳр гуфт:

-Ака, чаро манро кӯр кардӣ ё худ қоидаи ҳаракатро намедонӣ?!

-Не, додар, ту бо ду чашмат манро кӯр кардӣ, ман бо чор чашмам туро кӯр карда наметавонам?!

Эҳтиёткориҳои  Хурсанд Азимов ҳангоми чопи шумораҳо, зуд-зуд қаҳр карданҳои Нурмуҳаммад Абдураҳмонов, бо табассуми ба қади баландаш зебанда вориди  утоқи корӣ шудани Тӯрабек   фаромӯш ношуданист.

Сад дареғ, ки  дар ҷашни имсолаи рӯзи матбуоти тоҷик ин бародарони ҳамқаламамон   дар бари мо нестанд, ҳарчанд ки аз зиндагӣ розҳову суханҳои ногуфтании зиёде барои саҳифаҳои нашрия  доштанд.

Ба қавли ҳазрати Ҳофиз:

Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,

Эй дареғо, роздорон, ёд бод!

Т. Соҳибназар