Ср09182019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ЗИЁД МЕГАРДАД

Кишоварзони ноҳия барои таъмини нақшаҳои пешбинишуда аз ҳамаи шароиту имкониятҳои мавҷуда бо самар истифода бурда ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд.

Деҳқонони ноҳия тибқи маълумоти раёсати кишоварзӣ дар нимсолаи соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 32 миллиону 736,4 сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 19 миллиону 366, 89 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Хоҷагидорон соли равон дар майдони 1344 гектар ғалла, 605 гектар картошка, 451 гектар сабзавот кишт карданд. Айни замон дарави ғалладонагӣ босуръат идома дошта, дар арафаи анҷомёбист. Ҳосилнокии миёнаи ҳар гектари майдонҳои даравидашуда 23,5 сентнерро ташкил медиҳад. Ҳосили имсолаи майдони ғаллазор нисбати ҳамин давраи порсола 2,5 сентнер зиёд аст.

Ёдовар месозем, ки деҳқонони ноҳия дар парвариши сабзавот таҷрибаи хуб доранд. Сабзишу нашъунамои майдони 451 гектар сабзавот аз он гувоҳӣ медиҳад, ки деҳқонон аз ин соҳа низ ҳосили баланд ба даст оварда бозорҳои мамлакатро бо сабзавоти тару тозу таъмин хоҳанд кард.

Натиҷаи бадастовардаи чорводорон низ қаноатбахш мебошад. Онҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ширро аз ҳар сар модагов дар муддат ба 325 киллограммӣ расонида, 7238 тонна шир истеҳсол карданд. Дар ин давра саршумори ҳайвони калони шохдор ба 44444 сар, бузу гӯсфандро 110004 сар, аспро ба 1401 сар, занбӯри асалро ба 7702 оила расониданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 401 сар ҳайвони калони шохдор, 219 сар бузу гӯсфанд зиёд аст. Дар ҳамин давра саршумори паранда нисбати порсола 175151 сар зиёд гардида 32 миллиону 033 ҳазор тухм истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи порсола 4 баробар зиёд аст.

Дар соҳаи боғпарварӣ низ натиҷаи хуб ба даст оварда шуд, мувофиқи дурнамо то ин вақт 320 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.

Т.СОҲИБНАЗАРОВ.