Вт02182020

Last updateЧт, 13 Фев 2020 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

РАҚОБАТИ 40 ДАСТА

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии кишвар ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи волейбол ва футболи хурд давоми як моҳи охир доир гардид. Дар мусобиқа 40 даста вобаста ба ҳарду намуди сабқат байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Натиҷа ҳамин шуд: дар мусобиқаи волейбол мақоми аввалро дастаи ҷавонони деҳаи Мискинобод, зинаи дувумро дастаи ШВКД ва ҷойи сеюмро дастаи ҷавонони деҳаи Қанғелии Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев соҳиб гардиданд.

Зинаҳои ифтихориро дар мусобиқаи футболи хурд дастаҳои ҷавонони соли таваллуди 1988(ҷойи якум), кӯчаи Ҷомӣ (зинаи дуюм) ва кӯчаи Розиқзода (мақоми сеюм) аз Ҷамоати шаҳраки ноҳия ишғол намуданд.

Рӯзи ҷамъбасти мусобиқа сардори ШВКД Самадзода Сайфиддин  ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷунайдулло Каримов баромад намуда, ҳадафи баргузории мусобиқаро ҷалби ҷавонон ба варзиш ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ арзёбӣ карданд.

Дар охир беҳтарин бозингарон ва беҳтарин ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҷараёни сабқат фаъолияти хуб нишон доданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

Р.СОБИР, «НФ».