Вс10202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

РИВОҶИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ

 Бо дастгирӣ аз иқдомҳои ободкории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза корҳои созандагӣ дар ҳар кунҷу канори Тоҷикистони офтобӣ  вусъати тоза мегирад. Махсусан бо  эълон гардидани  «Соли 2019-2021-ро рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ» кӯтоҳ кишвари азизамон  ба як мамлакати гулгулшукуфта табдил меёбад.

Сокинони деҳоти Заркамари ноҳия низ   барои ободии диёр дастҷамъона саҳмгузорӣ менамоянд.  Мумфарш гардидани 3 км роҳ, аз нав сохтану таъмири кардани 4-5 кӯпрук ,  сангфарш намудани роҳҳои байни деҳа аз ҷумлаи ободкориҳоест, ки аз тарафи саховатмандон Заркамар ба анҷом расонида шуд.

Деҳаи  Заркамар имрӯз 7000 ҳазор аҳолӣ дорад. Бо ташаббусу сарварии  марди саховатманд Диловар Холов ва ҷавонони деҳа тамоми кӯчаву гузаргоҳҳои он чароғон гардид.

Сокинони деҳа тасмим гирифтаанд, ки  корҳои ободониро ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти кишвар ривоҷ дода чандин иншооти дигарро мавриди истифода қарор диҳанд.  

                                                                    Ҳоҷӣ Шарофи АКОБИР.