Вс12082019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХОҶАГИИ НАЗИРОВ ОМОДАИ КИШТУ КОР

Хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров то соли 2017 ҳамагӣ дар майдони 10-15 гектар картошка кишт мекарду хароҷоти молиявии худро пӯшонда наметавонист. Дар заминҳои корами обии хоҷагӣ иҷоракорон юнучқа ва ғалладонагӣ кишт мекарданд ва ҳосили паст ба даст меоварданд. Ба сари вазифа омадани ҷавони кордон, мутахассиси соҳа Инъом Шарифов кор ранги дигар гирифт. Акнун майдони кишти картошка дар хоҷагӣ ба 124 гектар, боғ ба 144 гектар, саршумори чорвои калони шохдор ба 50 сар, моли майда ба 260 сар расид.

Меҳнаткашони хоҷагӣ баробари ривоҷи корҳои кишоварзӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонию созандагӣ низ саҳм гирифтанианд.

Боиси қайд аст, ки соли 2019 мувофиқи дурнамо дар майдони 120 гектар картошка кишт карда, саршумори чорворо афзун намудаву дар талу теппаҳо, заминҳои лалмӣ дар майдони 25 гектар боғи нав бунёд карда мешавад.

                                                                                                                  Ҳоким САФАР.