Вс10202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХУШНАВОЗОН АЗ МАКТАБИ САНЪАТ

Муассисаи давлатии мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мутриби хушнавоз» озмун гузаронд. Озмун 15 нафар мутрибони наврасро, ки дар муассисаи мазкур ҳунар меомӯзанд, фаро гирифт.

Ҳайати ҳакамон – намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Алмос Абдуллоев – Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор, Сафарбек Розиқов – омӯзгори Донишкадаи давлатии санъат ва ҳунари Тоҷикистон ва ду нафар таълимдиҳандагони муассиса Акрам Қурчиев ва Мирзо Юсуфов – ҳунари навозандагии иштирокчиёни озмунро баҳогузорӣ карда, аз ояндаи хуби рубобнавоз Шукрулло Шамсов (устодаш Ф. Шамсов), найнавозон Муродзода Орзу ва Мусулмонзода Вафо (устодашон У. Холиқов), фортопеанонавоз Фарзона Холиқова (устодаш Р. Пирова), дуторнавоз Шукрона Сангова (устодаш Ҳ. Мирзошарифов), ғижакнавоз Абубакри Истам (устодаш Х. Зуҳуров) умедворӣ карданд.

Озмун шаш нафарро ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ донист. Зери кафкӯбиҳои аҳли толор ба пешсафон мукофотҳои таъсисдодаи директори муассиса Ҷаҳонгул Аслонова супурда шуд.

Дар фуроварди чорабинии мазкур шогирди Ҳабибулло Мирзошарифов Шукрона Сангова, ки ҳунари хуби сарояндагию раққосӣ низ дорад, бо ҳунарнамоиаш табъи ҳозиронро шод гардонд.

М. ТАЛЪАТ.