Ср06192019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

НАРХИ ПАТЕНТ БОЛО РАФТ

Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳаёти мардуми олам гардидааст.  Дар ҷаҳон ҳамасола тақрибан зиёда аз 300 миллион одам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Шаҳрвандони кишвари мо низ бо мақсади пайдо кардани ризқу рӯзи, беҳтару хубтар шудани сатҳи  зиндагии худ барои кор кардан ба хориҷи кишвар сафар мекунанд.

Подробнее...

САТРУ ҲИҶОБИ МО-ШАРМУ ҲАЁ, СОҲИБМАЪРИФАТӢ

Ҳар халқу миллат аз оғози вуҷуд дорои либосҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллии худ мебошад. Либоспӯшии тоҷикон, махсусан занон, ки таърихи қадимӣ дорад, гувоҳ аз шавқу завқ, тозагию озодагӣ ва зебоипарастии онҳост. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади риояи тарзи дурусти либоспӯшӣ ва ташвиқу тарғиби либосҳои миллии бонувон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон»-ро ба шаҳрвандони кишвар пешниҳод намуд.

Подробнее...

МАКТАБИ ДӮСТМУРОД ПОЯНДА АСТ

Марги бармаҳал дар 39-умин баҳори ҳаёт сарояндаи мумтоз, ба ибораи шоир Бозор Собир, булбули боғи санъати тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиро даррабуд, ки имсол 68-сола мешуд.

Подробнее...

АЗ ТОШУ САНГУ САФОЛ ДАСТ КАШЕМ

«Ном – нисфи ҳусни инсон»-мегӯянд. Балки он кулли ҳунс аст. Агар ном зебо бошад, шуниданаш гӯшрову дилро навозиш медиҳад, хусусан номҳое, ки ба гулҳои баҳорӣ, ба ҳусну зебоӣ, ба покию иффат, ба далерию мардонагӣ, футувату ҷавонмардӣ тааллуқ дошта бошанд.

Номи зебо таваҷҷуҳангез аст. Мешавад, ки аз рӯи ном одамон сазовори дӯстдорию иззат мегарданд. Чунин далел бар ҳамин асос аст: набераи бандаи камтарин дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд. Инҷо аз рӯи қоидаи ҷоришуда ба донишҷӯёни ноҳияҳои наздики Душанбе, аз ҷумла Файзобод, хобгоҳ намедодаанд. Бонуи мутасаддии ҳамин кор ба номи набераи ман (Фаҷрия) таваҷҷуҳ карда, ӯро наздаш мехонад ва мегӯяд: «Ба хотири номи хушрӯят ба ту хобгоҳ медиҳам».

Подробнее...

ИДОРАИ БОЙГОНӢ ЧАРО РОҲБАРОН НИСБАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН БЕТАФОВУТАНД

Идораи бойгонӣ – муассисаест, ки онҷо ҳуҷҷатҳои куҳнаю қадима, ёдгориҳои хаттӣ, дастнависҳо, мактубҳо маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Бо мақсади фаҳмидани фаъолияти имрӯзаи ин муассиса мо бо директори бойгонии байниидоравии ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Н.Зарифов суҳбати ихтисосӣ доштем.

Подробнее...

ПАЁМ - РОҲНАМОИ МОДАРОН

26 декабри соли 2018 дар толори калон «Кохи Сомон»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Ифтихормандам, ки маротибаи сеюм шарафи иштирок кардан дар маҷлиси ироаи Паёми Сарвари давлат насибам мегардад.

Подробнее...

МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲАВЗАИ СУРХДАРА

Бо иқдоми Барномаи ҷонибдории  инкишофи иҷтимоии  манотиқи куҳистони  пружаи  Оғохон дар зерҳавзаи  обҷамъшавии Сурхдара  машварати омӯзишӣ доир гардид, ки сокинони  деҳаҳои фарогири ҳавзаи мазкур иштирокчии он буданд.

Подробнее...

РУШДИ БОСУРЪАТИ САНОАТҲАДАФИ НАВБАТӢ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  26 декабри соли 2018 ироа гардид, фарогири масоили умдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакат аст.

Подробнее...

МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ҲАВЗАИ СУРХДАРА

Бо иқдоми Барномаи ҷонибдории  инкишофи иҷтимоии  манотиқи куҳистони  пружаи  Оғохон дар зерҳавзаи  обҷамъшавии Сурхдара  машварати омӯзишӣ доир гардид, ки сокинони  деҳаҳои фарогири ҳавзаи мазкур иштирокчии он буданд.

Подробнее...

Подкатегории