Ср02192020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЁДЕ АЗ ЛУТФҲОИ ШИРИНИ СОЛИНАВИИ ШИРИН БУНЁД

Панҷ соли давраи донишҷӯиро бо се нафар духтарони бадахшонӣ- Аввалмоҳу Зиёратмоҳу Гулбону дар як хона дӯстонаю шодона паси сар намудем. Шоири ширинкалони тоҷик Ширин Бунёд (руҳаш шод бод) ба хотири ҳамдиёронаш, ки ӯ низ дар хобгоҳи донишҷӯён буд, тез-тез ба хонаи мо меомад.

Ҳазлгӯиҳои намакинашро то ҳол ёд мекунам, насиҳату дӯстдориҳои бародаронаашро низ. Одате дошт ӯ, ки дар ҳар ҷашну маърака ба ҳар яки мо порчаҳои шеърӣ дар (откритка) навишта ҳадя мекард. Боре дар як ҷашни солинавӣ ба номи ҳар чори мо навиштаҷотеро оварда ба қавле фармон дод: «Духтарон хонед, ин барои шумо дар соли нав насиҳатномае аз мо». Бо гузашти солҳои тӯлонӣ баъзе он гуфтаҳои ширини навиштаҷоти Ширин Бунёд дар ёд мондааст: «Азизони ман! Дар арафаи соли нав бо пул эҳтиёткорона муносибат кунед. Қарз гирифтан ва қарз додан нашояд, зеро ин боис мешавад, ки тамоми маблағи ҷамъкардаатон аз даст равад. Агар аз касе қарздор бошед, онро то як ҳафтаи пеш аз соли нав баргардонед.

«Соли навро чи гуна ҷашн гирӣ, тамоми солро ҳамон тавр мегузаронӣ». Ин гуфтаҳо то андозае ҷон доранд. Барои ҳамин кушодани дастурхони пурнозу неъмат хеле ба маврид аст. Рӯи дастурхон ҳатман гузоштани намакдон ва нонҳои гирдаи навпухташуда лозим аст. Он ба хонаи шумо сериву пурӣ меорад.

Дар шаби соли нав ҷанҷолу низоъ ва баҳсҳои тезу тунд кардан тамоман мумкин нест. Баръакс бисёртар хандидан ва хушҳолӣ кардан зарур аст. Ин боиси тамоми сол шодмону шодком буданатон мегардад.

Шаби соли нав либоси нав пӯшед, онгоҳ тули сесаду шасту панҷ рӯзи дигар сафи либосҳои наватон зиёд мегардад.

Агар соли куҳан бароятон бебарор буд, онгоҳ тақвими куҳнаро сӯзонед. Ин тамоми нобарориҳоро аз шумо дур месозад.

Ҳангоми гуфтани орзуҳои солинавӣ пешоянди «на»-ро истифода набаред. Масалан, ба ҷои «бемор нашавед», «саломат бошед» гӯед.

Рӯзи соли нав ба кори вазнин машғул нашавед, вагарна тамоми сол меҳнати беистироҳат насибатон мешавад. Дар ин рӯз бо касе ҷанг кардан ҳам нашояд. Соли нав дили худро аз ҳама гуна кинаву адоват пок созед. Агар шахсеро ранҷонда бошед, узр пурсед. Агар касе аз шумо узр пурсад қабул фармоед.

Бигзор ин гуфтаҳо ба шумо хоҳарони азиз, барои расидан ба ниятҳои некӣ дар қалбатон буда дар соли нав мадад намояд».

Таҳияи Т.МУНАВВАРА.