Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

КИТОБ - САРЧАШМАИ ДОНИШ

 

Китоб беҳтарин махзани маърифат аст. Кас дар он замон донишманду илмдӯст мегардад, ки агар ба китобхона рӯ оварад. Имрӯз китобҳои нодиру пурарзиши гузаштагонамон дар китобхонаи марказии ноҳия дастраси хонандагон мебошад. Соли гузашта ба шуъбаи бачагонаи китобхона беш аз сад нусха асарҳои адибон, ки бо сифати хуб аз чоп баромадаанд, ворид карда шуд.

Подробнее...

ХИТОБ

Ҳар касе, ки даҳ соли охир ба пойтахти азизи кишвармон шаҳри Душанбе нарафта бошаду имрӯз равад, бешубҳа ангушти ҳайрат мегазад. Зеботарину диққатҷалкунандатарин биноҳои даҳ сол пеш ҳоло пастаку ночиз менамоянд. Садҳо биноҳои ба фалак саркашидааз бузургию ҳашамати даврони соҳибистиқлолии Ватан шаҳодати воқеӣ медиҳанд.

Подробнее...

ХУШУНАТ ДАР ОИЛА

Пеш аз он ки атрофи ин ибора ҳарф занем, сараввал бояд донист, ки хушунат чист? Хушунат аз калимаи арабии «хашуна» (яхшуну) гирифта шуда, дағал будан, ба касе дағалӣ кардан, «дуруштӣ» мебошад. Мутаассуф, хушунат имрӯз ба дарде табдил ёфта, ки қисми зиёди оилаҳои моро фаро гирифтаву яке аз сабабҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо гардида, сабабгори сарзании он аксаран аз ҷониби зану мард баробар сурат мегирад. Пӯшида ҳам нест, ки дар баъзе мавридҳо хушунати хонаводагӣ ба худкушӣ оварда мерасонад.

Подробнее...

ВАҲДАТ – ҲАМ НЕЪМАТ, ҲАМ ИҚБОЛ ВА ҲАМ БАХТУ САОДАТ

Баробари ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мардуми шарифи мамлакат нафаси озод гирифта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш мекашиданд. Ин ҳуҷҷат моҳияти як давраи муайяни таърихи кишварамонро инъикос менамояд. Он рӯз ашки шодӣ дар чашми азизон ҳувайдо буд, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад. Барои мардуми азияткашидаи Тоҷикистон алҳол неъмати беҳтарин ва бебаҳотарин сулҳ аст. Аз ин рӯ сулҳ ҳам неъмат аст, ҳам иқбол аст, ҳам бахту саодат.

Подробнее...

БОҒИ ЗИНДАГӢ, НА ДОҒИ ЗИНДАГӢ

Меҳру муҳаббат, шавқату ғамхорӣ нисбати фарзанд табиати инсон аст. Аслан меҳру шафқат нисбати кӯдак дар вуҷуди падару модарон табиатан тавлид меёбад. Падару модарро аз шафқат ва шафқатро аз падару модар ҷудо тасаввур кардан номумкин аст. Аммо боиси таассуф аст, ки баъзе волидайн бо сабаби намоиш додани ҷиддияту виқори худ ба кӯдак дурушту дағал муносибат мекунад.

Подробнее...

ТОҶИКИСТОН АЗИЗИ МОСТ

Ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ доир мегарданд, ки якеашон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад.

Тоҷикистон барои ҳар як сокини ватандӯст азизу муътабар аст. Меҳри он дар қалби зодагонаш ҷой гирифтааст. Ин меҳр аз васфу тараннуми Ватан ҳувайдост.

Подробнее...

ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТ МЕГУРЕЗАНД?

Ин суолест, ки ҳамарӯза   посухи худро  меҷӯяд. Мутаассифона, ҷавоб  гирифтан ба он амре маҳол гардидааст. Охир  махз   тавасути  ҳамин ҷавонмардии ҳомиёни Ватан сулҳу субот ва оромию осоиштагии фазои Тоҷикистони соҳибистиклоламон қавию   симои он рӯз аз рӯз зеботару ободтар мегардад. Аз ин хотир  ҳар яки мо бояд ба он бикӯшем, ки  чун   фарзандони бо нангу номус ва фарзонаи миллат ба воя расему сазовори ин  обу хок бошем.

Подробнее...

ХУШ ОМАДӢ, МОҲИ ХАЙРУ САХО

Боиси қаноатмандист, ки бо оғози моҳи шарифи Рамазон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   тавассути васоити ахбори оммаи аҳли муслимини кишварро муборакбод намуд. Сарвари давлат зимни ироаи муборакбодии хеш бори дигар аз фазилатҳои ин моҳи муборак ёдовар шуда, ҳамагонро ба накукориву хайру саховат ҳидоят намуданд.

Подробнее...

МОДАРИ ГУЛДӮСТДОРАМ

 

Сари гӯри ту биншастам даме чанд,

Бигиристам зи андӯҳу ғаме чанд.

Зи санги сарди болои мазорат

Бипурсидам: баҳои одамӣ чанд?

Оре! Модар, ман боз ба наздат омадам, гарчанде маро намебинию намешунавӣ. Ғами диламро сари мазорат омада мегӯяму сабук шуда боз роҳ ба сӯи хонаат мемонам.

Подробнее...

Подкатегории