Вс11292020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ИНТИХОБОТ

Маъракаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони МО ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар қитъаҳои овоздиҳии ноҳияамон   бо нишони ҳамдастӣ ва ҳамдилӣ, боварӣ ба фардои дурахшони кишвари азизамон дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Аз соати шаш интихобкунандагон ба қитъаҳои овоздиҳӣ омада ҷонибдориашонро аз ҳизб ва номзадҳои арзандаи худ баён медоштанд.

.

Хабарнигорони «Набзи Файзобод» рафти интихоботро дар бисёр қитъаҳои интихоботӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд. Ҳамаи 35 қитъаи интихоботӣ     ҳамаҷониба омода гашта барои интихобкунандагон шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шуда буд. Тавассути аъзоёни участка тибқи талаботҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ҳамаи овоздиҳандагон қаблан ба рӯйхат гирифта шуда, ҳамзамон бо он шинос гардонида,   ҳамчунин рӯйхати беморон , муҳоҷирон ва бори аввал овоздиҳандагон низ мавҷуд буда,   толорҳои овоздиҳӣ низ мувофиқи талабот омода гардида буданд.  Аз чеҳраҳои   онҳое, ки баҳри   баёни овози худ ба қитъаҳо омаданд, пайдо буд, ки мардум хеле хуб дарк кардаанд, ки иштирок дар интихобот иштирок дар ояндаи неки мамлакатамон аст. Сокинони ноҳия муташаккилона дар интихоботи мазкур ширкат намуда баҳри фардои дурахшони Тоҷикистони азиз овози худро доданд.

Тавре аз Комиссияи ҳавзаи   интихоботии Файзобод рақами 11 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, дар ин рӯз 85,7 фоизи интихобкунандагон ширкат намуданд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ Наҷмиддинов Файзулло Раҷабович бо гирифтани аксарияти овозҳо аз ҳавзаи интихоботии Файзобод рақами 11 вакил интихоб шуд.

“НФ”