Вт12102019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ОБ – ҶОНБАХШИ МО

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» бори дигар обрӯи мардуми тоҷикро боло бурда, рушди пешрафти Тоҷикистонро баланд гардонид.

Ҳаёт аз оби нобу ҷовидон сарчашма мегирад,

Ва об аз қуллаи Боми ҷаҳон сарчашма мегирад.

Ҳаёту об пайванданду андар созмони даҳр,

Зи фазли пешвои тоҷикон сарчашма мегирад.

Дар ҳақиқат об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории олами зинда мебошад. Об ибтидои ҳамаи ибтидоиҳост ва хислатҳои гуногун дорад. Дохили кадом зарфе шуд, шакли онро мегирад. Шаффофӣ хислати он буда, бо тағйирёбии ҳарорат ноустувор аст. Дар ҳолати муқаррарӣ ором ботинан чунон ботамкин мебошад, ки аз сардӣ хоб мекунад (ях мебандад). Аммо ҳамин ки ғазабаш омад, парвозкунон оламро фаро мегирад (бухор мешавад). Ғазабаш, ки паст шуд, шармгинона бахшишпурсон боз ба замин мерезад ва ба ҳамаи мавҷудоти зинда ҷонбахш мегардад.

Гарчанде қисмати бештари оламро об фаро гирифта бошад ҳам, нодиру бебаҳост.

Оби наёфта гарон бошад,

Чун биёбанд, ройгон бошад.

ЗАРГАРБОНУ

Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи моро давраи калони бонувоне ҷалб намуд, ки маҳсули ҳунари заргаронро бо шавқ тамошо мекарданд. Духтаракон зиреҳу гӯшвора, ангуштарину дастпона, сарсӯзанию пешсӯзанӣ, қулфи гиребону муҳраю марҷонҳои аз тиллою нуқра ва дигар маснуот тайёршударо ба гӯшу гардану пеши бари якдигарӣ овехта, завқ мебурданд, аксгирию харидорӣ мекарданд. Дар ҳақиқат зебою зебанда буданд маҳсули ҳунари ба намоишгузоштаи заргарон.

Ва рӯзе баъд бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ин намуди ҳунари мардумӣ ба яке аз дӯконҳои заргарӣ, ки ҳунармандонаш он рӯзи наврӯзӣ маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузошта буданд, омадем. Бонувони зиёд, дар қатори онҳо чанд нафар ҷавонон низ, бо навбат аз Бибиҷон Бӯриева, зане, ки чун ҳунарманди хушзавқу хушсалиқа ба наздикӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардида буд, фармоишу иҷрои дархостҳои худро мепурсиданд: «Апаҷон, ба ман зиреҳе диҳед, ки дандонаҳояш хурду хушсохт бошад», «Апаҷон, ана ин дастаи гӯшворамро, ки шикастааст, пайванд кунед», «Тавсия диҳед, ки ба арӯсшавандаам кадом намуди зару зевари қадимаи нуқрагинро ҳадя намоям»… Бибиҷон ба ҳар як дархосту фармоиши мизоҷонаш зару зевари табъи дилашонро бо чеҳраи кушоду пуртабассум пешниҳод менамуд. Чун навбати мо расид, барои андаке вақташонро гирифтан узр пурсида аз кору фаъолияти имрӯзаашон пурсон шудем.

Ӯ пеш аз ҳунари заргарӣ ба гулдӯзӣ, зардӯзӣ, шероздӯзӣ, чолбандбофӣ, кулчаи калону нони тунукбандӣ ва ғайраҳо машғул мешуд. Баъди оиладор шудан ба ҳунари заргарии бародарони ҳамсараш Давлиёр, Юсуф, Бахтиёр, Сафо, Худоёр машғул буданд, зеҳн монда ҳавас пайдо кард. Аз байни бародарон Юсуф, ки панҷ сол дар фирмаи «Тоҷиккристал»-и шаҳри Душанбе нозукиҳои ин касбро омӯхта буд, барои ҳамаи аҳли хонадон ҳаққи устодӣ доранд. Имрӯз, ки ин ҳунарро хуб омӯхтааст,  мегӯяд, ки агар занон бештар ин ҳунарро омӯзанд, беҳтар аст. Зеро аксари  мизоҷон – корафтодагони дӯконҳои заргарӣ занҳоянд. Бонуи заргар хубтар мефаҳмад, ки кадом маҳсулоти заргарӣ ба онҳо маъқул меафтад. Духтараш Мадинаҷон низ ин касбро омӯхта заргари нозукхаёлу чирадасте гардидааст. Ҳамсараш Авлиёр ба онҳо ёрдам мекунад. Писараш Муҳаммадҷон, ки дар синфи 9-ум мехонад, мехоҳад ба коллеҷи ҳунарҳои мардумии пойтахт дохил шуда намуди дигари ҳунарҳои мардумӣ - кандакориро омӯзад.

Бонуи заргар аз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ беҳад миннатдор аст. Зеро раис барои кушодани дӯкони алоҳидаи заргарӣ онҳоро дастгирӣ намуд. Ин дастгирию ғамхории раис онҳоро хеле рӯҳбаланд намуда имконият дод, ки дар тамоми чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳия бо маҳсули ҳунармандии худ иштирок намоянд. Махсусан иштирок дар фестивали ҷумҳуриявии «Бозори ҳунар», ки бо ташаббуси Вазорати фарҳанг дар «Боғи Ирам»-и пойтахт барпо гардиду уро соҳиби сертификат ва мукофот гардонд, боиси ифтихори бузурги ин бонуи заргари деҳотӣ гардид.

Воқеан, эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имконият медиҳад, ки ҳунарҳои мардумӣ рушд кунад. Мушоҳида менамоем, ки мардум ба ҳунарҳои қадимаи хеш ниёз дорад. Сардори давлат хуб мегӯяд, ки «Ҳунар на танҳо касро мехӯронаду мепӯшонад, балки обрӯ медиҳаду умрашро дароз мекунад».

- Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест, Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест, - гуфтааст Ҷомии бузург. Имрӯз мебинем, ки дар ҳақиқат пеши ин бонуи ҳунарманди хуштолеи даврон ганҷу зар ҳеҷ аст. Бигзор дасти ҳунармандашон ҳеҷ гоҳ дардро набинаду ба даҳҳо бонувони дигар ҳунар омӯзанд.

Дар сурат: Бибиҷон Бӯриева дар коргоҳи заргарӣ.

ДАР ТАВСИФИ НАВРӮЗ

Ҷашни фархундаю хуҷастаи Наврӯз барои мардумони ориёнажод ва, хосса, барои тоҷикон, рамзи бедории табиат, шукуфоию ҷавонии оламу одам аст. Устод Ҷӯрабек Муъмин иди тоҷиконро ин тавр истиқбол мекунад:

Наврӯз ба атри сабзи борон омад,

Бо накҳати мушки навбаҳорон омад.

Меҳмони азизи Тоҷикистони азиз,

Дар чеҳраи нав ба Тоҷикистон омад.

Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз барои тоҷикон, ба ҳайси ворисони мардуми ориётабор, муждаи фараҳбахш аст. Ин амри хайр ва ормони деринаи ниёгони мо натиҷаи саъю кӯшиш ва талошу заҳматҳои зиёду тӯлонии олимону сарони кишварҳои Эрону Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷону Афғонистон, Қирғизистону Туркманистон ва Покистону Туркия мебошад.

Инак, ба сарзамини дилнишину офтобии мо қадами мубораки баҳор боз расид. Баҳоре, ки аз он зиндагӣ рангу бӯи тоза мегирад, табиат бедор мешавад, дарахтҳо муғча баставу гул мекунанд, дар домани кӯҳу дара, аз дашту водӣ, талу теппа, аз пуштаву ёлаҳо сабза дамида, ҳама ҷо саросар сабзу гулпӯш мегардад, табиати афсунгар ба истиқболи Наврӯз мебарояд, Наврӯзе, ки ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшида ба ҳар як хонадон файзу эҳсон мебахшад.

Ҳофизи Шерозӣ бо чунин ифода ширинбаёнӣ мекунад:

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,

Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.

Шоир барафрӯзии боди наврӯзиро ба ин тарз инъикос менамояд:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Баҳору Наврӯз илҳоми шоиронро бедор мекунад. Эҷодкорон аз ҳарвақта бештар қалами эҷод меронанд, дар ситоиши Наврӯз тарона меофаранд. Бесабаб нест, ки рӯзи 21 март – Рӯзи назм эълон шудааст. Якҷоя таҷлил намудани Соли нав ва Рӯзи шеър ба мақсад хеле мувофиқ мебошад. Шеъру мусиқӣ ва зебоӣ ҷузъи муҳими оини наврӯзист. Дар Наврӯз илҳоми устод Ҷ.Муъмин ин тавр замзама кардааст:

Наврӯз ба ҷилвагоҳи ёрон омад,

Бо ҷилваю хандаи шукуфон омад.

Пеши қадамаш чеҳраи дил бикшоед,

Бар мулки шарифи Тоҷикистон омад.

«АВАНГАРД» ДАР ФАЙЗОБОД

 

Бо иқдоми  муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  дар мавзӯи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ – назариявӣ баргузор гардид.

Дар  кори конференсияи илмӣ, ки дар толори  филармонияи халқии ноҳия доир шуд, баробари фаъолону ҷавонони ноҳия, ҳамчунин беш аз 60 нафар ёварони ҷавони гурӯҳи «Авангард» аз шаҳру навоҳии кишвар ширкат доштанд. Нахуст меҳмонону иштирокдорони конференсия бо намунаҳои ҳунари сокинони ноҳия, таъомҳои кадбонуҳо ва эъҷози дасти хонандагони муассисаҳои таълимӣ шинос шуданд.

Воқеан ҳам, ҳунармадони файзободӣ дар эҳёи  бисёр ҳунарҳои  мардумӣ саҳми назаррас доранд.

Раҷабзода Миралӣ, раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллӣ дар оғози кори конференсияи  илмӣ- назаравиявӣ ба фаъолияти гурӯҳи «Авангард» ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб баҳои баланд дода, сипас аз имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои  мардумӣ дар ноҳия сухан кард. Бахусус аз боду ҳаво ва иқлими барои сайёҳӣ мувофиқи ноҳия ва обҳои маъданиву  мавзеҳои табобатӣ, ҳамчунин аз мавзеҳои фарҳангӣ-таърихӣ, ки ёдгоре аз Вашгирди бостон аст, ҳозиринро ошно сохт.

Абдусаттор Фотеҳзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонону ноболиғони ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади худ оид ба вазъи ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон рақамҳои мушаххас оварда, таъкид намуд, ки аҳли ҷомеа, бахусус худи ҷавонони фаъол, баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб пешоҳанг бошанд.

Баъдан, Абдусаттор Фотеҳзода барои ҳамкории арзанда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мероси ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва риояи тартибу низом ба роҳбарияти  ноҳия  ва чанд нафар иштирокдорони ҳамоиш «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.

Аз иштирокдорони конфронс Саодат Шехова, Мунаввара Умарҷонова, Миҷгона  Саидова суханронӣ намуда, забони ифтихор кушоданд, ки маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷавонии хуррам насиби эшон гардидааст.

Дар қисмати дигари конфронс  ҳунармандони ноҳия дар боби ҷалби ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар саҳначаҳо намоиш доданд.

Ҷавонон аз осорхонаи Файзобод  дидан намуда, дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи  ёдбуди яке аз собиқадорони  ВКД, полковники зиндаёд Розиқбек Назрибеков, ки солҳои нобасомониҳои кишвар  вазифаи маслъули Сардори ШВКД дар ноҳия ба уҳда дошт ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия яке аз кӯчаҳои маркази ноҳия ба  эҳтироми ӯ номгузорӣ шудааст, ширкат  намуда, аз намоиши ҳунару Наврӯзи  сокинони кӯчаи мазкур ошноӣ пайдо карданд.

МОДАР ЧУН БАҲОР ХУШРӮЮ ХУШБӮЮ ХУШНАФАС…

(ГУЗОРИШ АЗ ТАНТАНАИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР» )

Моҳи март чеҳраи бонувона дорад – бо нармии ҳавояш, боронҳои сим-сими найсонаш, бо офтоби гарму пурҷилояш… ва хуш аст, ки силсилаидҳои ин моҳи муборак бо «Рӯзи модар» оғоз меёбад. Ва ҳамасола «Рӯзи модар» дар кишварамон, хоса дар диёри мо, бо шукӯҳу ҷалол ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин иди мубораку муқаддас – «Рӯзи модар» дар толори фирлармонияи халқии ноҳия ҷамъомади идона баргузор гардид. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ аҳли толорро, ки намояндагони беҳтарин занони диёр буданд ва дар шахси онҳо тамоми бонувонро бо ҷашни «Рӯзи модар» самимона табрику муборакбод намуд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувони диёр баробари мардон дар ободонию созандагӣ ҳиссаи сазовори худро мегузоранд. Онҳо бо фарзандони хуштолеашон ифтихор менамоянд. Дар арафаи иди «Рӯзи модар» ба бонуи хушбахту хуштолеъ Шаҳодатхон Нуралиева, сокини деҳаи Даштимарзо, ки соли 2016 чоргоник таваллуд карда буд, хонаи сеҳуҷрагӣ бо тамоми таҷҳизоташ ҳадя карда шуд, ки он беҳтарин рӯйдоду туҳфа барои тамоми модарони диёр гардид.

Модарон чун баҳор хушрӯю хушбӯю хушнафасанд ва бигузор ҳамеша чунин бимонанду сиҳатманду сарбаланд, хонаободу саодатманд бошанд.

Раҷабзода Миралӣ ба як гурӯҳ занони собиқадор ва пешқадамони соҳаҳои гуногун ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳо супорид.

Сипас аҳли ҳунармандони диёр бо дастагули рақсу суруд хотири бонувонро болида гардониданд. Махсусан сурудхонии ҳофизаи хушадо Муслима Қодирова, ки байни мардум бо суруди «Аллаи модар»-аш шуҳратёр аст ва ба табрики модарони диёр омада буд, маҳфили созу наворо таровати хоса бахшид.

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Ин гуфтаи шоир ҳақ аст. Ба ҳам омадани муносибатҳои ду сарвари оқилу доно, ки солҳои тӯлонӣ мардум интизораш буданд, рӯзи 10.03.2018 ҷомаи амал пӯшид ва ин боиси хурсандии ду миллати бузург - тоҷику ӯзбек гардид. Тоҷикону ӯзбекҳо аз баста шудани гузаргоҳҳо азияти фикрию хастадилӣ мекашиданд. Рафту омади хешу таборон қатъ шуд. Мардум барои кушода шудани гузаргоҳҳо аз ҳаяҷону хурсандӣ ашк рехтанд.

Дар мизони исломшиносӣ ҳам ин басо кори хайр шумурда мешавад ва ба саъйкунанда савоби бениҳоят бузург мерасад. «Ба даст овардани дунё ҳунар нест, Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор»-мегӯянд. Ду сарвари сатҳи олӣ –Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба иқдоми пешгирифтаашон дили 40 000 000 одамонро шод намуданд. Ба замми ин хавфу хатари дар дилдоштаи ҳамин миқдор инсонҳо бартараф шуд.

Бояд бигӯем, ки Наврӯзи имсола аз нек омаданаш мужда дод. Худо хоҳад, тамоми сол бо орзую умедҳои нек анҷом меёбад.

Кори анҷомдодаи Сарварони ду давлат баҳо надорад. Он бузургтарин, олитарин ҳиммат аст! Мани пир бо шукргузорӣ аз ин иқдом шеъре эҷод намудам.

 

ШУКРОНА

Ба ҳама доду надодаш мекунам шукрона,

Ба ризою эътимодаш мекунам шукрона.

Шоҳу дарвеш ҳама муҳтоҷ бар даргоҳи Ҳақ,

Ман ба даргоҳи наҷоташ мекунам шукрона.

Одамӣ аз шукр меёбад сафои зиндагӣ,

Шукри даргоҳи муродаш мекунам, шукрона.

Зиндагӣ поянда кай монад ба ҳар пиру ҷавон,

Ман ба имдоду ҷафояш мекунам шукрона.

Нарасад боди хазон бар сари ҳеҷ нексиришт,

Ба замони босуботаш мекунам шукрона.

Ҳоҷӣ, бингар мақоми Тоҷикистон ба ҷаҳон

     Ман ба ин рӯзи ҳаёташ мекунам шукрона.

СОАТЕ ДАР СУҲБАТИ ҲАФИЗ ҒАФУРОВ

Сабадбофӣ дар қатори дигар ҳунарҳои мардумӣ таърихи тӯлонӣ дошта, на ҳар кас аз уҳдаи иҷрои он   баромада метавонад, агар дилбастагӣ надошта бошад.

Дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз бо яке аз донандагони ин ҳунари воло, сабадбофи чирадаст Ҳафиз Ғафуров, ки маҳсули дасти ӯро дар ноҳия ва берун аз он бахусус, дар   Душанбешаҳр харидорӣ мекунанд, вохӯрда атрофи ин ҳунари мардумӣ   пурсон шудем.

-Эълон шудани соли 2018 ҳамчун «Соли сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ» ба мо, ҳунармандон, ба қавле ҷони нав, рӯҳи нав ва неруи нав бахшид. Аз давраи бачагиам ба бофтани сабад дилбастагӣ доштам. Мӯйсафеди Абдулло Зубайдов ва амакам Ғаффор Ғафуров (рӯҳашон шод), сабадбофони машҳур буданд, нозукиҳои ин касбро аз онҳо омӯхтаму бо завқи худ сабад мебофтам. Ҳамдеҳаам Ризо Мирзоев, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қазоқистон курсҳои сабадбофиро хатм кардааст, дар деҳа омӯзиши ҳунари сабадбофиро ташкил кард. Ҳабдаҳ нафар ба курс шомил шуда, бофтани чандин намуди сабадро ёд гирифтем. Имрӯз харидорони сабадҳои ман хеле зиёданд. Махсусан бо фармоиши масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сабад, мизу курсӣ, гулдон, хуму кӯза мебофам.

Чанде пеш ҳангоми таҷлили «Рӯзи модар» дар қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир шуд. Ҳангоми тамошои ин намоиш раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба сабадҳои бофтаи ман баҳои баланд дода фармуд, ки барои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои кадбонувон ҳангоми чорабиниҳои идона барои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сабад бофам. Фармоишро ба ҷону дил қабул карда, чи тавре мебинед, якҷоя бо духтаронам Судобаю Дилноза пайи иҷрои супоришем.

Дар ҳақиқат, сабадҳои бофтаи акаи Ҳафиз шоёни таърифанд. Ба ӯ барори кор хостем. Умед бар он дорем, ки ташкили курсҳои сабадбофӣ дар ноҳия ва омӯзонидани ҷавонон аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

САРФАКОРӢ – ОМИЛИ ҒАНИШАВИИ БУҶАИ ОИЛА

Мардуми тоҷик аз қадимулайём анъана ва маросимҳои ба худ хосе дорад, ки ин дар бисёр халқу миллатҳо дида намешавад. Анъанаҳои маъруф то ба имрӯз барҷо мондаанд.

Бо мурури замон байни мардум маросимҳои дигаре, ки масрафи зиёдро талаб мекард, аз қабили ордбезон, духтарталбон, арӯсбинон, гаҳворабандон ва ҳангоми вафоти ягон шахс гирифтани сиёҳу чил ва сол ба ҳукми анъана даромад. Ин маъракаҳо хеле миёншикан шуданд.

Хушбахтона, ҳамаи ин масрафкориҳои беҳуда аз назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Дар ҳамаи ҷамоатҳо шахсони мутасаддӣ, ки амалӣ шудани қонуни мазкурро зери назорат мегиранд,  ба кор оғоз намуданд.

Дар ибтидо шаҳрвандоне буданд, ки қонунро риоя накарда пинҳонӣ ба исрофкорӣ роҳ медоданд. Дар натиҷаи корбарии дуруст хатоҳо ислоҳ шуданд.

Аз қабули ин қонун ёздаҳ сол гузашт. Шахсони мутасаддӣ ба онҳо оид ба манфиати танзиму сарфакорӣ дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Акнун маъракаороён қаблан ба ҷамоатҳо ва шахсони лозима муроҷиат менамоянд ва маъракаҳоро дар доираи танзим мегузаронанд. Ин боиси хурсандист, зеро маблағҳои боқӣ ба эҳтиёҷоти оила сар карда, сабаби болоравии сатҳи зиндагӣ мегардад.

Мо, масъулини  ин бахш, кӯшиш менамоем, ки моҳият ва манфиати қонунро бештару возеҳтар ба мардум фаҳмонем.

РАНГҲОИ ДУРАХШОН

Лаёқату касбу ҳунар инсонро баобрӯву соҳибэҳтиром мекунад. Ин гапи нав нест. Андешаи солхӯрдагону пирони рӯзгор аст. Лек нафаре, ки ҳунару маҳорати сохтан ё офаридани маҳсулоти сирф милливу мардумиро дорад, имрӯз миёни ҷомеа соҳибэҳтиром аст.

Ҷумъагул Муҳиддиноваи дурахшонӣ чевариро давраи мактабхонӣ аз модараш омӯхтааст. Дар аввал танҳо шероздӯзӣ мекард. Баъдтар бо тавсияи модар гулдӯзиву кашидадӯзиро аз бар намуд. Чун дасташ ба сӯзан задан одат карду аз тори риштаҳо гулдастаҳо омода сохт, ба ин пеша меҳраш фузун гардиду пайваста маҳораташро сайқал дод. Имрӯз ӯ ҳам медӯзаду ҳам мебофад. То чанд соли пеш дар манзили зисташ ба ин кор машғул буд. Пайваста бо фармоиши нафарони эҳтиёҷманд гулдӯзиву кашидадӯзӣ, ҷӯроббофию қуроқдӯзӣ мекард. Дастони моҳираш ба мардуми деҳаи Дурахшон бисёр расидааст. Аз нақли занони деҳа шунидем, ки Ҷумъагул қариб ба ҳамаи ҷавондухтарон сару либоси арӯсӣ дӯхтааст. Ӯ на танҳо ба духтарон сару либос дӯхтааст, инчунин дасти онҳоро ба ин кор рост карда, нозукиҳои ин пешаро омӯзонидааст.

Ҷумъагул пас аз хатми курси семоҳаи қолинбофии Маркази рушди калонсолон соли 2008 дар назди Литсейи касбӣ-техникӣ пешаи қолинбофиро низ аз худ намуд. То ба имрӯз беш аз 40 намуди қолинча бофтааст.

Ӯ пайи аз худ намудани нозукиҳои касб назди чандин соҳибҳунар шогирд истод. Бешак, дар ин боб гуфтаи бузургон ба ёд меояд, ки зикраш ба маврид аст:

Ба шогирдӣ ҳар он к-ӯ шод гардад,

Шавад рӯзе, ки худ устод гардад.

Имрӯз ӯ устод аст. Ба хурду бузурги Дурахшон аз дӯхтану бофтан ҳарф мезанаду дасти ногирои эшонро дар омодасозии нақшу нигори қадимаи мардумӣ гиро мекунад.

Хушбахтона, чанде пеш бо дастгирии соҳибкор Мирзомаҳмуд Файзалиев дар маркази деҳа сехи дӯзандагӣ бунёд гардид. Ҷуъмагул дар ин коргоҳ ҳамчун устод фаъолият мекунад.

Воқеан, доштани ҳунару маҳорат касро дар зиндагӣ хор намекунад. Духтараш донишҷӯст. Хароҷоти таълим пурра аз ҳамин ҳисоб аст. Мегӯяд: ҷӯробу чолбанд, давриву гулдӯзӣ ва сару либоси арӯсии тайёркардаашро дар бозорҳои пойтахт фурӯхта, маблағи таҳсили ӯро муҳайё месозам.

Ҷумъагул ният дорад, ки то фарорасии иди байналмилалии Наврӯз қолини зебое тайёр карда, ба намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ пешкаш намояд.

Подкатегории