Ср02192020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

 Ҳамдиёрони азиз!

Баъди чанде мо ба соли нави 2020 ворид мегардем. Боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2019 ҳамчун соли пур аз воқеаҳои муҳиму фараҳбахши сиёсиву фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дар саҳифаҳои таърихи кишварамон сабт мегардад.

Дар саросари ҷумҳурии азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардидани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо бахшида ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба истифода додани садҳо иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ва корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла 9-уми сетябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти ботантана ба истифода дода шудани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои таърихи Ватану миллат воқеаи нодиру беназир буданд, ки дар таърихи пурифтихори давлатдории навини тоҷикон саҳифаҳои наву хотирмонро боз намуданд.

Барои сокинони ноҳияи Файзобод 20 сентябри соли 2019 ба ноҳия бо сафари корӣ ташриф овардани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеаи хотирмону фараҳбахштарине буд, ки дер гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Пешвои муаззами миллат зимни ин сафар дар ноҳия як қатор иншооти муҳими иқтиосдию иҷтимоӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуда, дар мулоқоташон бо фаъолону сокинони ноҳия бо қаноатмандии зиёд ҷиҳати боз ҳам ободу зебо ва пешрафтатар гардидани диёрамон дастуру супоришҳо доданд.

Дар ин сол дар ноҳия соҳибкорӣ рушди тоза касб намуда, иштироки бахши хусусӣ ва сокинони ноҳия дар ободонии диёр боз ҳам беҳтар гардид. Дар ду тарафи шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш корҳои тахту ҳамворсозии талу теппаҳо иҷро гардида, беш аз 50 ҳазор адад дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуданд. Дар ҳама Ҷамоатҳои деҳот корҳои ободонӣ идома ёфт.

Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби маблағҳои соҳибкорону сокинони маҳалҳо дар деҳаҳои Сари чашма, Навобод, Шукурӣ ва Баҳористон муассисаҳои таълимӣ сохта шуданд. Роҳҳои деҳаҳои Сари сафедхок, Элок ва кӯчаи Чинаӣ мумфарш карда шуда, даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Бо ҷалби лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ марказу бунгоҳҳои саломатӣ сохта таҷҳизонида шуданд.

Дар давоми сол андешида шудани як қатор тадбирҳо ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои Нақшаи корҳои ободонию бунёдкории ноҳия ҷиҳати амалисозии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018   № АП-1059, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда шуда буд, дар бобати иҷрои корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия ва ба даст овардани як қатор пешравиҳо мусоидат намуданд.

Ҳамдиёрони азиз!

Соли 2020 барои сокинони мамлакат соли муҳими сиёсиву иқтисодӣ хоҳад буд.

Баргузории интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва маҷлисҳои вакилони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2020 муқаррар гардидааст, яке аз маъракаҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар буда, аз ҳар як шаҳрванди мамлакат масъулияти баланди шаҳрвандию ватандориро талаб менамояд. Ҳар як сокини ноҳия бояд ба ин маъракаи муҳиму сарнавиштсоз омодагии ҳамаҷониба дида, бо шукрона аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва озодию ободӣ дар баргузории он фаъолона иштирок намояд.

Мо аминем, ки соли 2020 барои ноҳия соли пур аз дастовардҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, соли ободию шукуфоӣ ва соли файзу баракат мегардад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо чунин таманниёти нек фарорасии соли нави мелодии 2020-ро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод гуфта, ба ҳамаи ҳамдиёрон саломатӣ, бахту саодат, бурдбориҳо ва ба ҳар як хонадони ноҳия файзу баракат орзу менамоям.

Бигузор соли нави 2020 барои ҳар яки мо соли барору комёбиҳо гардад.

Соли наватон муборак ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!