Ср02192020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

СОЛИ МУШ (аз муши сафед чиро метавон интизор шуд)

Соли муш, ки бо оғози Соли нави 2020 фаро мерасад ба онҳое, ки меҳнати сидқан мекунанд дастоварду комёбиҳо пешгӯи мекунад. Дар ин сол инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад. Соли рафта аз рӯи ҳисоби мучал соли хук буд ва соли фаровонеро мо эҳсос кардем.

Моро чун хамешагӣ ҳисси кунҷковиамон фаро мегирад, то бидонем дар соли 2020, яъне дар соли муш моро чӣ интизор аст. Рамзи соли дар пешистода - муши сафед - соҳиби заковат ва ҳисси баланд дониста мешавад. Мушҳо аслан зираку доно ва ҳушёр мебошанду ҳамчунин дорои тактикаю стратегияи махсус дар олами худ ҳастанд. Бояд гуфт, ки соли муш ва соли нави 2020 мувофиқи тақвими чинӣ на 1-ум январ балки 25 январ фаро мерасад ва то 11-уми феврали соли 2 0 2 1 идома мекунад. Рамзи соли 2020 ин металл ва ранги сафед дар симои муш аст. Металл- маводи сахт ва иникосгари матонату устуворӣ, пурқувватию тобоварӣ ва сахтӣ мебошад. Ранги сафед бошад, рамзи покию доногӣ, ҳақиқату некукорӣ мебошад. Вобаста аз ин муш мeтaвонад бо ноадолатӣ ва сахтиҳои зиндагӣ мубориза барад. Ба ин хотир рамзи соли 2020, яьне муши сафед ба онҳое,ки аз таҳти дил меҳнат мекунанд ва аз покию некукорӣ истифода мебаранд бурдбориҳо меорад. Ҳамчунин онҳое, ки бо роҳҳои нопок соҳиби чизе шаванд ба мақсадашон намерасанд. Чиро аз соли 2020 интизор шудан мумкин аст.Толеъномаи чинӣ пешгӯи мекунанд,ки онҳое, ки мехоҳанд доро шаванду дар ҷомеа ҷойи намоёнро, ишғол кунанд, агар кӯшиш кунанд муваффақ мегарданд. Ҳамчунин рамзи мушу металл дар ин сол сабаб мегардад, ки одамон дурбин ва пуртоқат бошанд. Мушҳо дорои хотираи бисёр қавӣ мебошанд ва хурдтарин ҳолатро метавонанд дар худ сабт карда дар мавриди лозима ба кор баранд. Мушҳоро чизе омӯзонидан ва ё бо чизе бовар кунонидан бисёр мушкил ва ҳатто дар бисёр ҳолат номумкин аст. Муш дар ҳама ҳолат нуқтаи назари худро дорад ва аз маҳорату малака ва зиракии худ истифода мебарад. Ҳамчунин мушҳо бисёр худхоҳ (эгоизм) мебошанд. То ҷое,ки муши сафед рамзи ишқу муҳаббатанд.

Новобаста аз он, ки муш ҳама чизро ба хонааш кашида мебарад, аммо дар хонааш бенизомиро хуш надорад. Ҳамеша тартиботро дар хонааш нигоҳ медорад, чизҳои қиматбаҳоро нигоҳ дошта нолозимҳоро берун мекунад. Ҳатто барои муш тоза ва ба тартибот даровардани хона дар Соли нав дар ҷойи аввал аст. Барои ҳамин Соли навро бояд бо тартиботу тозагӣ дар хона пешвоз гирифт. Соли кабиса дар тақвими сол 1 рӯз зиёд шуда ба 366 рӯз баробар мешавад, яьне дар соли кабиса феврал 29 рӯз мебошад,ки ин воқеа дар 4 сол як маротиба рух медиҳад. Ҳамин тариқ шахсоне, ки дар ин рӯз таваллуд мешаванд, дар 4 сол як маротиба мавлуди худро ҷашн хоҳанд гирифт. Ба ақидаи ситорашиносон дар соли кабиса воқеаҳое рух медиҳанд, ҳеҷ кас интизорашон нест. Аммо набояд воқеаҳои манфиро интизор шуд, баракс метавон интизори хушиву хубиҳо бошем. Муҳим он,ки дар ин сол бояд одамон дар ҳама ҳолат фаъол ва чусту чолок бошанд. Ҳамчунин ситорашиносон бар он назаранд,ки дар соли 2020 барои ақди никоҳ бастан ва фарзанд ба дунё овардан бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳарчанд имрӯз солбарорӣ ба усулҳои нав поя гирифтааст, вале муайян намудани замони зисти падару модар,бобову бибӣ солбарории дувоздаҳгонаро лозим медонем. Аз ин хотир бояд ин рубоиро, ки шумораи тартибии солҳоро дар бар дорад аз худ кунем.

Мушу бақару палангу заргӯш шумор,

З-ин чор чу бигзарӣ наҳанг ояду мор,

В-он гаҳ ба аспу гӯсфанд аст ҳисоб,

Ҳамдунаву мурғу сагу хук охири кор.

Т. Соҳибназар.