Пн07062020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТЕРРОРИЗМ. ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?

Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад.

Подробнее...

ПЕШВО - НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар менамоем. Суғду Рашт, Хатлону Бадахшон ва соири шаҳру навоҳии кишвар ҳамагӣ хонаи озоду оростаи мост. Аз чизе бим надорем. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми дар пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи ҳастии худ менамоем. Таровате, накҳате ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем. Хотири ҷамъу осуда аҷаб неъмати бебаҳоест. Чун ба маҳзари маҷмуи ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе аз мо посух меҷӯяд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад: Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу ваҳдат аст.

Подробнее...

ВАҲДАТ КАЛИДИ ОЗОДИСТ

27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати соҳибтамаддуни мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардум гардиши куллӣ ва таҳаввулоти бузурге буд. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи   халқи тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркӯшӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Подробнее...

ЁҚУБ САЛИМОВ: БОЗИЧАИ ДИГАРОН НЕ, БОЗИЧАИ ДАСТИ ХУДАМОН ШУДЕМ

(Муроҷиати Ё. Салимов ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Ваҳдат)

Суханҳои зиёди гуфтанӣ дорам, вале миёни онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳарфи муҳиме ҳаст:

— Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд. Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад –абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд.

Подробнее...

ХУШБАХТИИ ДУНЁ – ДАР ВАҲДАТ

Иоана ШАРИФОВА, сокини деҳаи Обисангбур.

Ман зодаи Ҷумҳурии Молдова мебошам. Бо ҳукми тақдир аз соли 1987 бо ҷавони файзободӣ – Гадоалӣ Шарифов хонадор шуда ба Файзобод омадам. Соҳиби 5 нафар фарзанд мебошам. Тӯли ин солҳо ончунон бо обу хоки ин диёр дил бастаам, ки ягон зарра бегонаю мусофир будани худро эҳсос намекунам. Чун бонувони тоҷик либос мепӯшам, панҷ вақт намозамро мехонам. Баъди ба нафақа баромадан дар хоҷагии деҳқониам, ки аз деҳа дар масофаи чанд километр аст, рафта меҳнат мекунам. Шукр мекунам, ки муқими чунин диёри биҳиштосою сабздоман гаштаам.

Подробнее...