Ср10162019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ШАКАРГУФТОРИ “НАБЗИ ФАЙЗОБОД” АЗ ОЛАМ ГУЗАШТ

Шарифи Мисайзод (Мисаев Шарифхон) айёми 5 соли дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хонданаш дар идораи нашрияи “Набзи Файзобод” таҷрибаи кор меомӯхт. Шакаргуфторӣ мекард. Ҳар соле, ки таҷрибагирӣ меомад, диди наву қалами нав дошт, қобилияти баландаш ҳис мешуд. Баъди хатми донишгоҳ дар шабакаҳои радиои кишвар кор кард. Миёни радиожурналистон Тоҷикистон фарқкунанда буд. Аз рӯи қаламу андешаҳои ҷолибаш Аълочии матбуоти Тоҷикистон ва Аълочии ТВ ва радиои Тоҷикистон шуд. Чанд соли дар радиои “Садои Душанбе” хабарнигорӣ карданаш дар сафи беҳтаринҳо ҷо дошт.

Подробнее...

ТЕРРОРИЗМ. ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?

Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад.

Подробнее...

ЁҚУБ САЛИМОВ: БОЗИЧАИ ДИГАРОН НЕ, БОЗИЧАИ ДАСТИ ХУДАМОН ШУДЕМ

(Муроҷиати Ё. Салимов ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Ваҳдат)

Суханҳои зиёди гуфтанӣ дорам, вале миёни онҳо дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳарфи муҳиме ҳаст:

— Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, Ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд. Ба шарофати Истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале Истиқлолияти моро хостанд оғӯштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро мо аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад –абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам оварад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд.

Подробнее...

ПЕШВО - НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Ба гӯшаҳои гуногуни кишвар сафар менамоем. Суғду Рашт, Хатлону Бадахшон ва соири шаҳру навоҳии кишвар ҳамагӣ хонаи озоду оростаи мост. Аз чизе бим надорем. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми дар пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи ҳастии худ менамоем. Таровате, накҳате ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем. Хотири ҷамъу осуда аҷаб неъмати бебаҳоест. Чун ба маҳзари маҷмуи ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе аз мо посух меҷӯяд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад: Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу ваҳдат аст.

Подробнее...

ВАҲДАТ КАЛИДИ ОЗОДИСТ

27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати соҳибтамаддуни мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардум гардиши куллӣ ва таҳаввулоти бузурге буд. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи   халқи тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркӯшӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Подробнее...