Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ТЕРРОРИЗМ. ЧАРО АЗ ОН БОЯД ДУРӢ ҶУСТ?

Терроризм ва ҷойгоҳи сиёсию иҷтимоии он печ дар печ буда, ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ робитаи зич дорад. Тааcсуб дар тафаккур ва андеша метавонад хушунатзо бошад. Терроризми динию мазҳабӣ асоси терроризми бунёдгароист. Бунёдгаро бошад, аҳли гуфтугӯ нест. Гуфтугӯ бо онҳо кори муҳол аст. Бунёдгаро ба он эътиқод дорад, ки ҳақиқати маҳзро танҳо вай медонад ва дигарон ботилу гумроҳ ва ноҳақанд. Дарку бардошти бунёдгароён аз воқеият сатҳӣ ва нодуруст мебошад. Шарт аст донем, ки шахси худкуш то кадом андоза аз масъалаҳои динӣ, ахлоқӣ, ҳақиқат, фазилат ва мақоми шоистаи инсон, аз тақво ва парҳезкорӣ, аз ҳадафи зиндагию маъною мафҳуми диндорӣ ва он чӣ марбут ба инсону инсоният асту боиси боздорандагии ҷурму ҷиноят мешавад, огоҳӣ дорад. Онҳое, ки огоҳӣ ва иттилоъ аз дин ва инсоният надоранд, фавқулода хатарноканд ва амалеро анҷом медиҳанд, ки ба ҷойи фоида ба ҷомеа зарар мерасонанд.

Терроризми имрӯз хусусиятҳои нав пайдо кардааст. Яке аз ҳамин гуна хусусиятҳо пайванд додани хушунат, даҳшатафканӣ бо расонаҳои хабарист. Террористон аз расонаҳои хабарӣ васеъ истифода мебаранд. Расонаҳо дар бузург кардан ва аҳамият додан ба таҳдидҳои террористон дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарс ва ваҳшатро дар вуҷуди одамон ҷой менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.

Имрӯзҳо терроризм бештар тобиши динӣ касб намудааст. Террористон, мутаассифона, тибқи паймони мазҳабӣ ва бо пайванд ба ақоиди динӣ амал менамоянд. Бино ба таҳлили дақиқ ва оморгирӣ, соли 1995 нисфи террористони байналмилалиро мутаассибони динӣ ташкил медоданд. Таҷрибаи мубориза бо терроризм нишон додааст, ки хатарноктарин навъи терроризм– терроризми динӣ ба шумор меравад.

Хусусияти дигари терроризми байналмилалии Шарқ ба марзҳои миллӣ, минтақавӣ, ба нажод ва қавм аҳамият надодани он аст. Барои онҳо фақат масъалаи уммати исломӣ аҳамият дораду бас. Ин гурӯҳҳои террористӣ барои эҳё ва таҷдиди хилофати исломӣ, ҳокимияти «Қуръон» ва ҷорӣ сохтани шариати исломӣ ҷиҳод менамоянд.

Шак нест, ки терроризм дар пайи нест кардани низоми иҷтимоист. Дигар мақсади терроризм самтбахшии афкори омма мебошад.

Истилоҳоти «террор» ва «терроризм» нахустин маротиба дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793–1797 аз тарафи якобинчиён истифода шудааст. Гумон меравад, ки ин вожа шакли дигаргуншудаи калимаи арабии «таррор» аст. Таррор дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳилагар, маккор ва айёр омадааст. Шояд аврупоиён калимаи «террор»-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи «таррор» гирифта бошанд.

Иттиҳоди Аврупо аз 30 кишвар ташкил ёфта, яке аз қудратҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯз аст. Худи қитъаи Аврупо дорои 50 кишвар ва 60 миллат ҳаст. Дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо терроризмро ҷурм эълон намуда, ҷазои онро дар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ намудаанд.

Ҷое, ки беадолатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ мавҷуд ҳаст, терроризм он ҷо реша медавонад. Хушунат ва таҳдид хусусияти хоси терроризм мебошанд. Онҳо ба як ваҳшонияти гӯшношунид кормандони давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ғайринизомиёнро қурбон мекунанд. Ҳангоми «бархӯрди тамаддунҳо» барои пайдоиши терроризм шароит ба вуҷуд меояд. Одатан, террористҳо афроди тундрав ва бераҳм ҳастанд. Эътиқод ва афкори ифротӣ, динӣ ва қавмӣ доранд.

Узвият дар созмонҳои террористӣ осон нест ва баромадан аз ин гурӯҳҳо низ хеле хатарнок аст.

Аз рӯи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, наркотерроризм, кибертерроризм ва терроризми ҳастаӣ (кимиёию биологӣ) тақсим намудаанд.

Ҳаракатҳои терроризми миллатгаро баҳри истиқлол, озодӣ, ҳокимияти миллӣ мубориза мебаранд. Навъи дигари терроризм терроризми сиёсӣ аст, ки барои ба даст овардани дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ аз он истифода мекунанд. Ба ин кор гурӯҳҳои террористие даст мезананд, ки қудрати мухолифати сиёсиро надоранд.

Наркотерроризм. Истилоҳи наркотерроризм нахустин маротиба соли 1983 аз ҷониби Президенти Перу Фернандо Белаунде Терри истифода шудааст. Ин навъи терроризм аз зиддиятҳо ва рақобатҳои шадид барои қочоқи маводи мухаддир сар мезанад. Дар вақти киштукор, ҷамъоварӣ, захира, интиқол ва фурӯши он зиддиятҳо вусъат меёбанд.

Терроризми динӣ бераҳмтарин навъи терроризм аст. Террористони динӣ дар динҳои ислом, насронӣ, калимӣ (яҳудият), ҳиндуӣ, буддоӣ ва дигар мазҳабҳо ба ҷараёнҳои ифротӣ мансубанд.

Кибертерроризм. Ин навъи терроризм фазои иттилоотиро халалдор намуда, бо дохил шудан ба сайтҳои интернетӣ таблиғи мақсадҳои ифротии худро ба роҳ мемонанд, барномаҳои парвози тайёраҳоро шикаста, садамаҳои ҳавоӣ ташкил менамоянд.

Терроризми ҳастаӣ. Ин гурӯҳҳои террористӣ кӯшиши ба даст овардан ва истифода намудани силоҳҳои қатли омро доранд. Давлатҳое, ки дорои яроқи ҳастаӣ мебошанд, масъуланд онро маҳфуз нигоҳ доранд, то ки ин навъи силоҳ ба дасти террористон наафтад.

Соли 1980 заҳри «трикутсан», ки бо номи «борони зард» маълум аст, бар зидди муҷоҳидони афғон истифода шуд. Соли 1984 террористон аз маводи «солмонолез» ба воситаи неруҳои мазҳабӣ барои халалдор кардани интихоботи маҳаллӣ дар ИМА истифода карданд ва 751 нафар гирифтори бемории меъда гардиданд. Ду маротиба — солҳои 1993 ва 1995 кормандони гумруки Канада ду нафарро, ки бо худ заҳри «ресану бутулин» доштанд, дастгир карданд. Ин маводи тарканда метавонист миллионҳо нафарро қурбон кунад. Баъзе гурӯҳҳои террористӣ силоҳҳои радиологӣ, биологӣ ва кимиёвиро мавриди истифода қарор медиҳанд, ки амнияти дохилӣ ва байналмилалиро зери хатар мегузоранд.

Имрӯзҳо ба мавҷудияти инсон хатари зиёд таҳдид менамояд. Хатарҳое, ки ба ҳастии инсон таҳдид мекунанд, ҷангҳои миллию мазҳабӣ, мусаллаҳшавии давлатҳо бо силоҳи қатли ом, гармшавии иқлим, метеориту астероидҳо ва дуршавии моҳ ба шумор мераванд. Дар асри ХХ ва оғози асри ХХ1 шадидтарин ҷангҳои миллию динӣ ва инқилобҳои синфӣ рӯй доданд, ки табиату инсон истисмор ва истило гардиданд. Буҳрони баҳри Кариб дар Куба ҷаҳонро андаке монда буд, ки ба ҷанги атомӣ гирифтор намояд. Дар Ховари Наздик ва Ховари Миёна бархӯрди манфиати давлатҳои абарқудрат боиси ҷангҳои динию мазҳабӣ ва ташкил ёфтани гурӯҳҳои террористӣ гардидааст.

Ғайр аз бархӯрди манфиати абарқудратҳо, эътиқоди динӣ ва мазҳабии одамон мушкили дигарест, ки мутаассифона, аз тарафи созмонҳои террористӣ барои амалӣ сохтани нақшаҳои нопок истифода мешавад. Ин эътиқодҳо боиси афзоиши нофаҳмӣ ва нооромӣ миёни одамон гардидааст. Тӯли таърих дар ҷомеаи инсонӣ одамон ҳеҷ гоҳ ба як дину як мазҳаб эътиқод надоштанд. Гаравиш ба ин дину мазҳабҳо бисёр вақт шудааст, ки падару писарро аз ҳамдигар ҷудо карда, онҳоро дар сангарҳои мухолиф муқобили ҳам кашидааст. Аммо воқеияти зиндагӣ тақозо мекунад, ки одамон новобаста аз эътиқод, мансубияти қавмию нажодӣ, бояд бо ҳам муттаҳид шаванд. Танҳо муттаҳидию ҳамбастагӣ шарти асосии раҳоии инсоният аз хатарҳои иҷтимоӣ ва табиӣ мебошад.

Солҳои охир дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои пасошӯравӣ ва арабӣ, воқеият собит намуд,ки маҳз ҷавонон гурӯҳи осебпазири ҷомеа мебошанд. Ҳама гуна тазоҳурот ва паҳн намудани идеологияву ақидаҳои гуногун маҳз ба воситаи ҷавонон тарҳрезӣ ва амалӣ мешавад. Дар ин ҷода фаъолияти самараноки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиати зиёде оварда метавонад. Муътақидам, ки диққати асосиро ҷавонони дар маҳалбуда бояд зоҳир намуд. Ташаккули идеологии ҷавонон қариб ба ҳоли худ гузошта шудааст, ҳол он ки тақдири ҳар миллату давлат ба масъалаи идеологӣ ва тарбиявию ахлоқии ҷавонон вобаста аст. Аз рӯҳониёни суннатӣ барои тарбияи наврасону ҷавонон истифода бояд кард.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифаи кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Имрӯз дар ҷаҳон терроризмро ба дини мубини ислом нисбат доданӣ мешаванд. Ин тарзи муносибат ғаразнок буда, мутаассифона, тарафдорони худро дорад. Оё бо ин айбгузории бардурӯғ ба дини ислом ва фишору таҳқири мардуми мусалмон терроризмро маҳв кардан мумкин аст? Ҳаргиз не!

Ислом дини парҳезгорӣ буда, эътиқодмандони худро аз рафтори номатлубу зиддиинсонӣ нигоҳ медорад, сулҳпарвариро аз рисолати муҳими имонӣ медонад. Айнияти ислом ба терроризм ва экстремизм ғалати маҳз аст.

Ҷавонон бояд намунаи одами муваффақро бубинанд ва ба ӯ пайравӣ намоянд. Манзурам он аст, ки воситаҳои ахбори омма барои ҷавонон идеал офаранд ва он симо боиси пайравӣ гардад.

Боиси ташвиш аст, ки ҳоло 1094 нафар ҷавони гумроҳи тоҷик дар сафҳои гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломии Ироқу Шом» меҷанганд. Суханони Канслери Олмон Ангела Меркел дар бораи ислом ва мусалмонон барои ҳар як мусалмон бисёр нанговар аст, вале афсӯс, ки ҳақиқат аст. «Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ 150 худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар вазъи сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусалмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст. Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтулаш ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф «шаҳид» номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутавваҷеҳ нестем дин чист». Чӣ қадар нанговар! Аммо чӣ метавон кард, ки ҳақиқат аст. Шояд суханони хонум Меркелро хонда, ҳар як мусалмон мақоли «Муъмин бародари муъмин»-ро ба ёд биёрад.

Танҳо моҳи марти соли ҷорӣ чаҳор нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми зархаридӣ ва қасди ширкат дар ҷангҳои Сурия ҳукми зиндон гирифтанд. Онҳо аз сӯи мақомоти Туркия дар марз бо Сурия дастгир шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Ботиралӣ Ҷалоловро 7 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Ботиралӣ ҳангоми муҳоҷират дар Федератсияи Россия тариқи шабакаи «Одноклассники» бо шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо лақаби «Абумайрам» шинос шуда, даъвати ӯро барои пайвастан ба террористони «Давлати исломӣ» пазируфт ва 13- уми октябри соли 2015 ба воситаи ҳавопаймо ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз кард. Аммо дар марзи Сурия аз сӯи мақомоти Туркия дастгир ва ба Тоҷикистон фиристода шуд.

Назаралӣ Сафарзода, ки дар шаҳри Санкт — Петербург тавассути ҳамватанаш А. Х. Доров ба созмони террористии «Давлати исломӣ» шомил гардида буд, 7 октябри 2015 бо ҳавопаймо ба Истанбул парвоз намуд. Назаралӣ низ вақти гузаштани сарҳади Сурия ба даст афтод ва ба Тоҷикистон баргардонида шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Назаралӣ Сафарзодаро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Заррина Сардорова соли 2015 ҳашт моҳ дар Сурия умр ба сар бурдааст. Дар сомонаи иҷтимоии «Одноклассники» бо ҳар ном саҳифаҳо кушода, худро «зани ҷиҳодӣ» муаррифӣ мекард. Ӯ тариқи интернет бо Маърифат ном зани узви «Давлати исломӣ» шиносоӣ пайдо намуда, бо даъвати ӯ 23 январи соли 2015 ба шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия парвоз намудааст. Ҳамроҳи Маърифат ва шавҳари вай аз сарҳад мегузарад ва дар шаҳри Дайруззори Сурия ба ҷиҳодиён ҳамроҳ мешавад. Бо супориши роҳбарияти ташкилоти террористии бо ном «Давлати исломӣ» ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ҷиҳодиён машғул шуд. Ба пайвандон ва дӯстонаш паёмакҳо фиристода, онҳоро ба фаъолияти экстремистӣ даъват менамуд. Заррина Сардорова тибқи моддаҳои 307 қисми 2 ва 401-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар деҳаҳои Даҳана ва Шӯрчаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон 12 нафарро бо иттиҳоми тарғиби ғояҳои ифротгаройии ташкилоти экстремистии «Ҷиҳодгароён» ва даъвати мардум барои барпо намудани хилофат дар Осиёи Марказӣ дастгир намуданд.

Тавре маълум шуд, роҳбари ин ҷамъият шаҳрванди Тоҷикистон, зодаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ёвон Алишер Каримов бо лақаби «Мулло Алӣ» будааст. Ҳамдеҳагон ва пайравонашро гирд оварда, ба ҷалби ҷавонон ба сафи муҷоҳидон машғул мешавад. Ӯ ҷавонони гумроҳро ба Ҷумҳурии Туркия мефиристод ва баъди дар он ҷо андешаву афкорашонро дигар кардан онҳоро ба Ҷумҳурии Сурия интиҳол медод. Ба воситаи интернет ба ҳаммаслакони дар Сурия будаи худ дар тамос буд. Ба ҳар як ҷалбшуда 500–600 доллар медод.

Мулло Алӣ шахсан чанд маротиба гурӯҳҳои ҷавононро бо канорароҳҳои ноҳияҳои Ёвону Шӯрообод тарафи Афғонистон бурда, онҳоро ба ҷиҳодиёни афғон супоридааст. Тафтиши аъмоли Алишер Каримов давом дорад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсидин Фатҳидинови 30 — сола ва Саймубиддинов Самовиддини 28 — сола — сокинони ноҳияи Ҷиликӯлро боздошт намуд, ки қасди тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро доштанд. Шамсиддин Фатҳиддинов ба дараҷае ифротӣ шудааст, ки худро бо мошини муҷаҳҳаз бо маводи тарканда дар назди бозори шаҳри Мосули Сурия тарконданӣ шуд. Бо мақсади тарконидани бинои Раёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шамсиддин ва Савомиддин зарфҳои газдору мошин тайёр карда буданд, вале хушбахтона, ба даст афтоданд.

Дар нуқтаҳои осоиштаи ҷаҳон террористон даст ба таркишу амалҳои даҳшатовар мезананд. 27 марти соли 2016, дар боғи «Гулшани Иқбол»-и шаҳри Лоҳури Покистон маргталабе худро тарконд. Ин таркиш 72 қурбонӣ ва зиёда аз 300 захмӣ боқӣ гузошт.

Равандҳои сиёсӣ собит менамоянд, ки гурӯҳи сеюм танҳо ба хотири ба вуҷуд овардани вазъи буҳронӣ яке аз тарафҳои даргирро дастгирӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба самти барои худашон ва бо ин мақсадҳои нопоки худро пиёда мегардонанд. Аз рӯи мақоли «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» амал намуда, давлатҳои бутунро ба пораҳо тақсим менамоянд, ҷалб месозад. Дар Ироқ вақти сари қудрат будани Саддом Ҳусейн таълим ва табобат ройгон буду суботи ҷамъият пойдор, аммо манфиати баъзе аз давлатҳои худком ин кишварро ба бесуботию хунрезӣ мувоҷеҳ гардонид.

Имрӯз Ҷумҳурии Ироқ як давлати ноамн, гирифтори таркишҳою макони гурӯҳҳои террористӣ гардидааст, аммо аз яроқи қатли оми он дараке нест. Имрӯз Ироқ се пора аст. Дар шимолу шарқ гурӯҳи террористии ДИИШ хилофати худро бунёд кардааст. Минтақаҳои курднишин талоши истиқлолиятро доранд. Пораи дигар минтақаҳои зери назорати артиши ҳукуматии Ироқ қарор дорад.

16 декабри соли 2014 аъзои ҳаракати Толибони Покистон иборат аз нуҳ нафар ба мактаби кӯдакону наврасон, воқеъ дар шаҳри Пешовар ҳамла намуда, 132 кӯдак ва нуҳ омӯзгорро ваҳшиёна ба қатл расониданд. Дар ин миён писари 9-сола низ буд. Навоз Шариф, сарвазири Покистон баъди ин ҳодиса ҳукми қатлро барои террористон, ки қаблан манъ шуда буд, дубора ҷорӣ кард.

Дар Ҷумҳурии Ироқ 150 духтару зан (қисме занони ҳомила) ва кӯдакон аз тарафи ДИИШ қатл шуданд. Сабаб он буд, онҳо аз ҳамхобагӣ бо ҷангиёни ДИИШ сар печиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои якпорчагии кишвар, Ваҳдати миллӣ ҷон ба каф гирифта, Тоҷикистонро ба як давлати воҳид, марзи сулҳу субот табдил дод.

Мухолифинро ба Ватан баргардонид, ба сохторҳои идории давлатӣ шомил намуд ва бо ин суботи ҷамъиятию сиёсии Тоҷикистонро таъмин кард. Аммо дар байни онҳо кӯрнамакҳо низ буданд. Баъди соли 1997 то имрӯз силоҳбадастони мухолифини тоҷик на як бору ду бор хиёнатро нисбати миллату давлати худ раво диданд. Инҳо: Мирзо Зиёев (Тавилдара), Алии Бедакӣ, Мулло Абдулло (Рашт), Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим қасди табаддулоти давлатӣ дошт) ва дигарҳо буданд. Ҳамаи ин магар терроризм нест? Бешубҳа, терроризм аст. Терроризмест, ки дар ҳар як давлат бо башараи хоси худ, вале мазмунан ҳама ҷо яксон пайдо мешавад. Чунончӣ, дар урфият мегӯянд:

Ба ҳар ранге, ки хоҳӣ ҷома мепӯш,

Ман аз тарзи хиромат мешиносам.

 

Зубайдулло Давлатов, сармутахассиси

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум» №71 (3551) аз 02.06.2016