Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ВАҲДАТ КАЛИДИ ОЗОДИСТ

27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо азму иродаи миллати соҳибтамаддуни мо рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардум гардиши куллӣ ва таҳаввулоти бузурге буд. Дар ин рӯзи пурфайзи таърихӣ ормони чандинсолаи   халқи тоҷик ба воқеият табдил ёфт. Яъне дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ  ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва бо ҳамин ба ҷанги бародаркӯшӣ миёни фарзандони як миллат хотима гузошта шуд.

Ба имзо расидани ин Созишнома воқеаи бузурги таърихӣ ба шумор меравад. Он на фақат аз ҷиҳати сиёсӣ, балки аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ ва дигар самтҳои давлатдорӣ барои мо роҳи навро маълум сохт. Сулҳу ваҳдат олитарин ва муқаддастарин неъмати рӯи замин аст. Вақте   ин калимаро ба забон меорем, пеши назар якдилию ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагию якмаромӣ ва аз ҳама муҳим рӯзгори орому осоиштаи мардуми тоҷик ҷилвагар мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистони офтобрӯяи мо сулҳу сафо ва Ваҳдати миллӣ пойдор аст. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ин муқаддасотро ҳифз менамояд, зери парчами он кор ва зиндагӣ мекунад. Баҳри бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҷаҳду талош меварзад. Калимаи озодӣ мафҳуми гӯшнавозу фараҳбахш буда, мардуми олам баҳри ба даст овардани ин гавҳар пайваста ҷаҳду талош меварзанд. Хушбахтона, моро ин зар дар каф ва ин сарвати бебаҳо дар бар аст. Фақат ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавононро мебояд, ки дар бари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошему баҳри боз ҳам гулгулшукуфон гаштани Ватани азизамон ҷаҳду талош намоем.

Иззатулло САЪДУЛЛОЕВ,

омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46.