Вт09282021

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ОБОДИИ ДИЁР АЗ ВАҲДАТ АСТ

Саидмурод ТАҒОЕВ, собиқ раиси ноҳия ва вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нафақахӯр.

Чун аз Ваҳдати миллӣ  сухан мекунем, ҳатман  пеши назар симои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маҳз бо   кӯшишу ҷонфидоиҳои  бевоситаи ӯ сулҳу субот дар кишаварамон пойдор шуд, меояд.

Маҳз ӯ дар  шароити вазнин бо мухолифин ҳамнишину  ҳамзабон шуда, кушиши  фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари ватан таъмин намуд.

Музокираи тоҷикон тайи  чор сол идома ёфту пас аз талошҳои зиёд сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Ин абармард тавонист миллати парокандаи тоҷиконро ба ҳам биораду якпорчагии марзу буми давлати тоҷиконро ҳифз намояд. Зеро дар он рӯзҳои сахту вазнин, идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонист боиси пароканда шудани миллат ва барҳам хӯрдани давлати тоҷикон гардад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳо сутуне буд, ки давлату миллатро пойдор нигоҳ дошт, Ваҳдати миллиро барқарор кардаву  дар пешрафту гулгулшукуфии Тоҷикистон ҳиссаи калон гузошт. Президенти Тоҷикистон тавонист дар шароити сулҳу субот ва иродаи матини мардуми соҳибхирад дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ қадамҳои устувор ба пеш гузорад.

Ёд меорам он солҳои мудҳишро, ки  ман вазифаи пурмасъулияти раиси   ноҳияи Файзободро ба уҳда доштам.Он солҳо ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия қариб фалаҷ шуда  буд. Ҳеҷ кас аз тарси ҷон аз хона берун намебаромад. Кори ҳукумат аслан аз ҳифзи аҳолӣ ва таъмини нон иборат буд.

Танҳо ва  танҳо баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ умед ба ояндаи нек ва  сулҳу салоҳ дар кишвар  дар дилҳо ҷо гирифт ва  оғоз ёфт пешрафту ободкорӣ ва созандагӣ дар кишвар.

Имрӯз ман ба пешравию ободкориҳои ноҳия  дида дӯхта, шукри Ваҳдатро  мекунам. Зеро дар як муддати начандон тӯлонӣ хусусан симои маркази  ноҳия ба куллӣ тағйир ёфтаву биноҳои замонавии хизматрасонӣ, роҳраву гулгаштҳои зебо ва кӯчаҳои  чароғон ҳусни онро афзудааст, ки ҳамаро аз файзу баракати Ваҳдату Истиқлолияти давлатии тоҷикон медонам.

Кароматулло САЛИМОВ, эмомхатиби масҷиди ҷомеи Хоҷаи Ҳотам.

Эй номи ту беҳтарин сароғоз,

Бе номи ту нома кай кунад боз.

Санаи 27-уми июн дар таърихи кишвари мо санаи хотирмон ва таърихӣ ва барои ҳар як сокини он муқаддас аст. Ҷои шубҳа нест, ки  садҳо сол баъд авлодони мо ба сулҳи бадастовардаи гузаштагони худ арҷгузорӣ карда, дар ҳаққи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханони  неку пурарзиш хоҳанд гуфт.   Зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат  миёни бародарони дар ду гурӯҳи мухолиф ҷамъомада сулҳ  баста шуд. Ҳазорон нафар мардуми бесарпаноҳ ва гуреза ба ватан баргардонида шуданду барояшон кафолати бехатарӣ ва шароити мусоид фароҳам гардид. Шукронаи онро мекунем, ки имрӯз мо самараи ваҳдатро барчида дар давлати тинҷу ором зиндагӣ менамоем, пайи амалӣ намудани орзую армонӣ аҳли байтамон  мекӯшем.

Барҳақ  алломаҳои ислом  гуфтаанд, ки:

“Аламну аҳноа неъматӣ” Оромию осоиштагӣ бузургтарин неъмат аст.

Имрӯз фазои сулҳу субот, бунёди роҳҳои ба чор сӯи олам, ки моро аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳо бахшидааст, сари ҳар қадам ба чашм расидани ободию  гул-гулшукуфоии диёр ва   пешрафти илму маориф, тандурустӣ, иқтисоду иҷтимоъ дар кишвар ин ҳама аз дастоварди бузурги Ваҳдати миллати соҳибтамаддун ва соҳибмаърифати тоҷикон аст.

Аз ин рӯ, мо бояд гуфтаҳои Пешвои миллатро  ба ҷону дил мавриди амал қарор дода,  барои муттаҳидии халқу миллат, барои амнияти кишвар, ояндаи дурахшони фарзандони худ саҳмгузор бошем.

Дуогӯи онем, ки  Худованд сарвари давлатамонро, ки тамоми ҳастиашро баҳри беҳбудии ин миллат бахшидаасту   барои зиндагии саодатмандонаи онҳо кӯшишҳо мекунад, аз тамоми газандҳо нигоҳ дорад. 

Файзалӣ Раҷабов, муовини менеҷери КАТС.

Воқеан ҳам бо ҳам омаданҳову  гузашти якдигарӣ, ки беҳтарин хислатҳои ҷавонмардист имкон дод, ки фазои сулҳу субот дар кишварамаон  танинадоз шудаву умед ба ояндаи неки худу фарзандонамон қавӣ гардад. Маърифати баланду азалии миллатамон ва кӯшишу заҳмати фарзонафарзанди он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки Тоҷикистони навину пешрафта ба оламиён муаррифӣ гардад ва таҷрибаи сулҳи онҳо дар саросари  дунё мавриди  омӯзиш қарор бигирад.

Воқеан ҳам аз файзи ана ҳамин Ваҳдати миллат баробари дигар соҳаҳо, тандурустӣ низ рушд меёбад.

Имрӯз қариб тамоми муассисаҳои тиббии ноҳия азнавсозӣ шудаву  бо таҷҳизотҳои  навин таъмин шуда истодааст. Соле нест, ки чанд бунгоҳ  ё маркази саломатӣ  дар ноҳия сохта ва  ё таъмири пурра нагардида бошад.

Соли 2008 дар рафти сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон   ба ноҳия ва вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ  мардум аз набудани маркази саломатии замонавӣ ёдрас шуда буданд.  Ин дархости мардум пазируфта шудаву   барои бунёди маркази саломатӣ аз ҳисоби фонди захиравии Сардори давлат маблағгузорӣ карда шуд. Рӯзҳои  таҷлили 20-солагии қабули нахуст Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии кишвар  барои сокинони ноҳияамон фаромӯшношуданист. Дар арафаи ин ҷашн  Маркази нави саломатӣ дар маркази ноҳия ба истифода дода шуд. Маркази нави саломатӣ барои 150 қабул дар як бахш буда, бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар маркази саломатӣ асбобҳои тиббӣ барои ташхиси рӯдаю меъда, УЗИ, дастгоҳ барои духтурони дандон, бемориҳои чашм  мавҷуд аст.  

Агар самари ана ҳамин рӯзи Ваҳдати миллӣ намешуд, мо метавонистем аз хусуси ҳамаи ин дигаргуниҳо бо сари баланд ҳарф бизанем. Пас мо ҳамагонро мебояд, ки барои чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани  Ваҳдати миллату Истиқлолияти давлатӣ дастҷамъона пайи кӯшиш бошем.

Акбаршоҳи ФАЙЗБАХШӢ.

Ваҳдати миллӣ аз рӯзҳои фаромӯш-нашаванда дар таърихи   миллати мо ба ҳисоб меравад.  Аз лаҳзаи эълон шудани Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон то ба имрӯз 19 сол сипарӣ гардид. Дар ин мудат дигаргуниву пешравиҳои зиёде ба назар мерасад. Аз ҷумла ба истифода додани Осорхонаи кишваршиносӣ, чойхонаи миллӣ, биноҳои маъмурии бонкҳои Ориёнбонк ва Тоҷиксодиротбонк, қомат  афрохтани нимпайкараи сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар маркази ноҳия намунаи дастовардҳоеанд, ки заминааш Ваҳдати миллист. Метавон рӯзи Ваҳдатро рӯзи баҳамоии миллати тоҷик номид. Ба ин хотир мо, ҷавононро зарур аст, ки ҳама якҷо даст ба даст, қадам ба қадам,  бар ба бар, нафас ба нафас истода, сулҳу ваҳдати ватанамонро ҳифзу нигаҳдорӣ намоем. Талошу кӯшишамонро   барои пешрафту тараққиёти кишвар, омӯхтани илму маърифат ва  кашфиёту навовариҳо дар ҷодаи илму техника сарф созем.

Кенҷазода  Аҳмад, омӯзгори ЛКТ-и 24

Аз рӯзҳои аввали кории худ собиқ раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) айни ҳол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад гузошт, ки миллати парокандаи тоҷикро ба макони муқаддаси худ, хонаи умеди худ баргардонида, бо иттиҳоди мухолифини тоҷик гуфтушунидҳоро оғоз намуда, ваъзияти сиёсию иқтисодии кишварро муътадил гардонад.

Гардиши айём, ҳодисаю воқеаҳои замон ин вожаи гӯшнавозро вирди забонҳо кард ва гузашта аз ин ба он вусъати маънӣ бахшиду сериистеъмолаш намуд. Имрӯз бошад он бо эҳтирому ифтихор ба забон оварда мешавад ва барои хурду калон фаҳмост. Барои расидан ба ин неъмати бебаҳо мардуми тоҷик басо ҷоннисориҳо кардаву шебу фарози зиёдеро дар ин ҷода    паси сар карданд. Бори дигар ба ҷаҳониён собит намуданд, ки тоҷикон табиатан сулҳдӯсту ваҳдатшиоранд  ва дар ин самт ҳама гуна макру фиребу кинаварзиҳои бадхоҳони хешро бартараф карда метавонанд. Сарвари муҳтарами мо аввалин шуда ғояи Ваҳдати миллиро ба миён гузоштанд ва худ барои тантанаи ин ғояи олӣ бо тамоми ҳастӣ мубориза бурданд. Пойдор нигоҳ доштани Ваҳадти миллӣ, ганҷи бебаҳои миллат вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯсту ватанпарвар, хештаншиносиву миллатшинос мебошад.

Суҳбаторо Тилло  Соҳибназаров,
Собир Розиқов.