Вт09282021

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲУШДОР Ё ҚАРТАИ НОКУШОДАИ БОЗИНГАРИ БУЗУРГ

Дар замони муосир, ки расонаҳо ангезанда ва таҳрикбахшу муайянкунандаи ҳар гуна ҳадафҳои пинҳону ошкори қудратҳои вақт ба ҳисоб мераванд, бо вокунишҳои фиребанда кишварҳоеро, ки манфиатҳои онҳоро пайгирӣ намекунанд, мехоҳанд дар ҳолати нигаронӣ нигаҳ доранд.

Дар вокуниши Ҷон Кирби — сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико, ки рӯзи ҷумъа сурат гирифт, зикр шуд, ки дар қатори мамлакатҳое, ба мисли Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон низ ба феҳристи «Кишварҳои нигарониҳои хос» шомил аст.

Амрико бори аввал Тоҷикистонро барои андешаҳояш оид ба маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ дар феҳристи «Кишварҳои нигарониҳои хос» ҷой додааст. Вазорати умури хориҷии Амрико панҷшанбеи 14-уми апрел тасмими хешро оид ба қарор додани Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар дар феҳристи «Кишварҳои нигарониҳои хос» ба иттилои Конгресси кишвараш расондааст. (http://www.ozodi.org/content/tajikistan-in-usa-countries-of-particular-oncers/27678252.html)

Чунин мавқеъгирии сиёсии Амрико нисбат ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо баёнгари он аст, ки ба аҳдномаҳои байнидавлатӣ бо чунин бозингарони бузург ҳеҷ эътимод нест. Ин гуна тасмимгириҳо мақоли «каҷ дору марез» — ро ба ёд меоранд ва ба ғайр аз бедор сохтани ҳисси нобоварӣ ва ихтилофи байнидавлатӣ чизи дигареро ба бор нахоҳанд овард.

Сиёсати «каҷ дору марез»- и Амрико дар он ифода меёбад, ки яке аз бандҳои «Қонуни озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ» ба Президенти он ихтиёр додааст, «бархе кишварҳоро аз эҳтимоли таҳрим шудан эмин бидорад, агар Президент анҷоми ин корро сабаби таъмини манфиатҳои миллии Амрико бидонад».

Магар бояд танҳо манфиатҳои миллии Амрико ба ҳисоб гирифта шавад? Манфиати кишварҳоеро, ки аз ифротгаройиву тундгаройӣ ва даҳшатафканӣ низомҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро аз даст додаанд, чаро ба ҳисоб намегиранд? Бо баҳонаи демократикунонии ҷомеаҳо кишварҳоеро, ки ба манфиати либерализми амрикоӣ ҳаракат намекунанд, чаро дар ҳолати хаос нигоҳ дошта, онҳоро ба «кишварҳои худкома ва тамомиятхоҳ» бадном ва мардуми маҳаллии онҳоро бар зидди ҳокимиятҳои сиёсиашон сафарбар месозанд? Дар ҳоле ки сиёсати мардумхоронаашон бадтар аз ҳар гуна худкомагиву тамомиятхоҳист.

Дар идома сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки «бар пояи ҳамин бандҳои дар боло зикршуда, чанд кишвар аз татбиқ шудани ин қонун дар нисбати онҳо авф шудааст», ки найранге беш нест. Ба гуфтаи вай, «бар пояи ҳамин бандҳо ва бо дарназардошти манфиатҳои миллии Амрико, иҷрои ин қонун дар нисбати Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон мутаваққиф шудааст».

Аз чунин тарзи баён, ки аз тарафи радиои «Озодӣ» расонаӣ шуд, ду хулоса бармеояд: ё худи расона манфиатҳои Амрикоро нодуруст матраҳ сохтааст ё сухангӯйи ин департамент зимни баёни матлаб нафаҳмида, мухолифаташро ироа карда, чеҳраи ихтилофбарангезашро ошкор сохтааст.

Ба ҳар ҳол, чунин тасмими сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Амрико на ба манфиати миллии Амрикост ва на ба манфиати кишварҳои зикргардида, зеро чунин тасмим ва ташреҳи ин расона ба ғайр аз рахна кардани муносибатҳои байнидавлатӣ дигар пайомадеро ба бор нахоҳад овард. Хусусан, имрӯз, ки даҳшати терроризму экстремизми динӣ ин кишварҳоро фаро гирифтааст. Баръакс, Амрикоро зарур аст, ки бо ин зуҳуроти номатлуби умумиҷаҳонӣ дар якҷоягӣ мубориза барад, зеро даҳшатафканон Амрикоро низ метавонанд ба ҷанг кашанд ва ноамниро дар ҷаҳон густариш диҳанд.

Дар хулоса бояд гуфт, ки маҳдудиятҳои Тоҷикистон нисбат ба ҳар гуна ақидаҳои динӣ — ифротгаройӣ на ба хотири саркӯбии ақидаҳои динӣ ва сиёсӣ, балки ба хотири амнияти шаҳрвандони кишвар мебошад.

Фаттоҳ Умаров

Бознашр аз рӯзномаи «Садои мардум» №57 (3537) аз 30.04.2016