Сб02222020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Хеле хурсандам, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 бевосита ҳангоми ироаи   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштам. Воқеан ҳам Паёми Сарвари давлат   масоили умдаи иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати мамлакатро фарогир буд. Тавре Президенти мамлакат бо овардани факту рақамҳои зиёд, ки аз боло рафтани сатҳи иқтисодию иҷтимоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ далолат мекунад, таъкид карданд,ки « нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд».

Подробнее...

ҲИСОБОТ ДАР ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ ҚАДАМИ НАВБАТӢ ДАР ИСТИФОДАИҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Чандест, ки бо иқдоми сардори нозироти андоз дар ноҳия Ализода Лутфулло Иззат масъулини нозироти андоз бо андозсупорандагони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзӯҳои гузариш ба пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ, дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ, масъулияти ташкили ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар субъектҳои соҳибкории хурд, баҳисобгирии андозҳои шахсони вокеъӣ дар барномаи компютерии СИА (Системаи идоракунии андоз), бақайдгирии объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони вокеъӣ ва баҳисобгирии элетронии иҷорагирандагони қитъаҳои замин семинар-машаварат гузаронида истодаанд.

Подробнее...

ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ МАОРИФ ЗИЁД АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба соҳаи афзалиятноки ҷомеа-маориф низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, мушкилоти онро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Подробнее...

БЕРАҲМИЮ БЕИНСОФӢ

Боре як шиносамон ба исрор гуфт: «Дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа коррупсия ҳаст». Мо «ҷиддӣ» истода гуфтем: «Дар ҳама ҷо не, охир». “Шумо не мегӯед? - далел овард ӯ, - идораи мо, ки ҳамагӣ панҷ коргар дораду дар ҳисоби бонкиаш маблағи казоӣ нест, роҳбар ин ранг фасодкорӣ мекунад: барои идора се ҷорӯб харанд, яктоашро ҳатман ба хонааш мебарад. Шумо инро коррупсия намеҳисобед?!”

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ «РӮЗИ МОДАР»

Модарони меҳрубон! Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамасола дар айёми фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин дар саросари кишвари азизамон яке аз ҷашнҳои зебову муқаддас - ҷашни «Рӯзи модар» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат модарону хоҳарони азизро самимона табрику таҳният мегӯям.

Подробнее...