Чт10172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИДИ МАРДОНИ ШУҶОЪ

Имсол ба таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту шаш сол пур мешавад. Ин ниҳоди сиёсӣ замоне ташкил шуд, ки Тоҷикистони навбунёд ва тозаистиқлол ғарқи гирдоби ҳар гуна фирқаву равияҳои гуногун ва зери фитнаандозиҳои ғаразноки аҷнабиён қарор дошт.

26-сол муқаддам миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик ба марҳилаи нави давлатсозӣ ва давлатдории хеш қадам ниҳод. Сокинони кишвар зери осмони софу беғубори истиқлолият пайи ободонии Ватан, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ саодатмандона умр ба сар мебаранд. Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон ба иди муқаддас ва пуршукуҳи миллати бофарҳанги тоҷик табдил ёфтааст.

Ҳарчанд баъд аз шикасти давлати Сомониён миллати тоҷик беш аз ҳазор сол аз давлату давлатдории худ маҳрум гашта буд, ормони соҳибдавлативу давлатдориро дар дил мепарварид, ки ин ҳуввияти баланди миллӣ ва рӯҳияи истиқлолхоҳӣ дошт.

Маҳз бо баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис, ташкил ва барқарор гаштани рукнҳои асосии давлати навини мустақили тоҷик, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати милӣ дар саросари кишвар хавфу хатар аз байн бурда шуданд. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ташаккул ва таҳкими давлатдории муосири миллатамон дастоварди азими даврони истиқлолият аст. Дар ин радиф артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳим ва асосии давлату давлатдорист, падидаи даврони истиқлол аст Бо ин мақсад метавон гуфт ки:

Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор,

Зиндагиву кор мегирад барор.

Маҳз ҳамин тартибу низом аст, ки имрӯзҳо садҳо ҳазор ҷавонмардони шердилу паҳлавон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, баҳри таҳкими сулҳу субот ба Ватану миллат хизмат карда истодаанд. Садҳо ҷавонмардони дигар бошанд, барои пойдории сулҳу амонӣ ва якпорчагии давлату миллат ҷони хешро аз даст додаанд, ки ин ҳама аз садоқат ба Ватан ва ҳувияти баланди миллии ҳар яки онхо шаҳодат медиҳад.

Ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он барои ҳар шаҳрванде, ки дар хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳаёт ба сар мебарад, вазифаи аввалиндараҷа ва амри қонунист. Зеро дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Ин амри қонунӣ бояд сармашқи кори ҳар як фарди соҳибватан ва бо нангу ори миллат бошад.

Фирӯз ШАМСОВ,

комисари ҳарбии ноҳия