Ср11132019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲИСОБОТ ДАР ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНӢ ҚАДАМИ НАВБАТӢ ДАР ИСТИФОДАИҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

Чандест, ки бо иқдоми сардори нозироти андоз дар ноҳия Ализода Лутфулло Иззат масъулини нозироти андоз бо андозсупорандагони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар мавзӯҳои гузариш ба пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ, дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ, масъулияти ташкили ҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисобот дар субъектҳои соҳибкории хурд, баҳисобгирии андозҳои шахсони вокеъӣ дар барномаи компютерии СИА (Системаи идоракунии андоз), бақайдгирии объектҳои молу мулки ғайриманқули шахсони вокеъӣ ва баҳисобгирии элетронии иҷорагирандагони қитъаҳои замин семинар-машаварат гузаронида истодаанд.

Мақсади баргузории машваратҳо ба андозсупорандагон фаҳмонида додани тартиби пешниҳоди ҳисоботи андоз дар шакли электронӣ, шарҳу тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», тафсир додани мактуби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон доир ба ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии иҷораи молу мулк ва дигар ҳолатҳои пешниҳоди ҳисобот дар шакли электронӣ мебошад.

Зимни вохӯриҳо муштариён иттилоъ гирифтанд, ки дар ҳудуди ноҳия 3558 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда 734нафар ва шахсони ҳуқуқӣ фаъолияткунанда 410 нафарро ташкил медиҳанд.

Ба андозсупорандагон фаҳмонида шуд, ки тибқи муқаррароти моддаи 51-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои андоз дар шакли электронӣ, ки бо Фармоиши Кумитаи андоз аз 26.01.2013, №2Ф тасдиқ карда шудааст, дар мақомоти андоз тартиби дар шакли электронӣ қабул намудани эъломияҳои андоз ба роҳ монда шудааст.

Ба ин хотир бо мақсади таъмини иҷрои кисми 2-и банди 8-и зербанди 10 сархати панҷуми барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои гузариш ба пешниҳоди ҳисобот ва эъломияҳои андоз дар шакли электронӣ то санаи 1 июли соли 2019 андозсупорандагон масъуланд, ки худро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд.

Бо мақсади дастгирӣ ва беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон гузаштан ба тартиби дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз 20 майи соли 2019 оғоз гардида буд.

Зарурати ба шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳоро масъулин дар пешниҳод накардани маълумотҳои зарурӣ аз тарафи андозсупорандагон дар ин самт ва манбаҳои андозбандие, ки ҳангоми хариду фурӯш ба вуҷуд меоянд, аз андозбандӣ дар канор мемонанд, донистанд.

Дар рафти семинар-машварат таъкид гардид, ки фаъолияти иҷорадиҳандагон ва иҷорагирандагони қитъаҳои замини кишоварзиро мебоист пурра ба андозбандӣ ҷалб намуд. Дар баробари ин фаъолияти шахсоне, ки дар заминҳои ба иҷорагирифташуда, ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд, ҳамчун фаъолияти кишоварзӣ эътироф гардидаанд. Чунин шахсон ӯҳдадоранд, ки худро дар мақомоти андоз ҳамчун андозсупоранда ба қайди давлатӣ гирифта, даромадҳои аз ҳисоби истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардаи худро бо меъёри 5 фоиз андози низоми соддакардашуда ва ҳангоми истифодаи меҳнати кироя аз онҳо андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ ҳисоб намуда, ба буҷет пардохт намоянд.

Мутаассифона, бо сабаби мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар ин самт, зиёд будани шумораи хоҷагиҳо манбаҳои андозбандие, ки ҳангоми ба иҷора додани қитъаҳои замин ба вуҷуд меоянд, аз андозбандӣ дар канор монда истодаанд.

Аз ин лиҳоз аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади назорати минбаъда ва пурра ба андозбандӣ ҷалб намудани фаъолияти иҷорадиҳии қитъаҳои замин, ташкили хазинаи ягонаи иҷорадиҳандагон ва иҷорагирони қитъаҳои замини кишоварзӣ барномаҳои амалкунанда такмил дода шудааст. Дар заминаи барномаи компютерии СИА «Доир ба маъмурикунонии андозҳо», дар баробари бақайдгирии иҷорадиҳандагони молу мулк, минбаъд бақайдгирӣ ва баҳисобгирии иҷораи қитъаҳои замини кишоварзӣ низ тавассути барномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.

Барномаи мазкур имконият медиҳад, ки андозсупорандагон (иҷорадиҳандагони) қитъаҳои замин дар шакли электронӣ шартномаҳои қитъаҳои замини ба иҷорадодаи худро ба қайд гирифта, ҳамзамон аз қайд бароранд. Дар сурати аз ҷониби андозсупорандагоне, ки чунин имкониятро надоранд, бақайдгирии шартномаҳои иҷораи қитъаҳои замини ба иҷора додашуда, аз ҷониби кормандони муттасадии мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.

Дар машраватҳо бо далел гуфта шуд, ки аксарияти иҷорагирандагони қитъаҳои замини ба иҷора гирифташуда ҳуҷҷатҳои худро ба таври нопурра ба Нозироти андоз пешниҳод карда истодаанд.

Ба ин хотир масъулин аз иштирокчиёни машварат дар ҳудуди ҷамоатҳои мазкур хоҳиш намуданд, ки нисбати амалиётҳои хоҷагидории худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хариди моли ба фурӯш баровардашударо аз ҷумла, ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда, борхати мол (борхати нақлиётӣ) ва эъломияи гумрукии воридоти молро дошта бошанд, то ки раванди бақайдгирӣ дар шакли электронӣ зудтар ба роҳ монда шавад.

                                                                                АбдуалиевДалер, Саидов Аҳлиддин, Самиев Абдулло, мутахассисони нозироти андози ноҳия.