Ср11132019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

БЕРАҲМИЮ БЕИНСОФӢ

Боре як шиносамон ба исрор гуфт: «Дар ҳамаи қишрҳои ҷомеа коррупсия ҳаст». Мо «ҷиддӣ» истода гуфтем: «Дар ҳама ҷо не, охир». “Шумо не мегӯед? - далел овард ӯ, - идораи мо, ки ҳамагӣ панҷ коргар дораду дар ҳисоби бонкиаш маблағи казоӣ нест, роҳбар ин ранг фасодкорӣ мекунад: барои идора се ҷорӯб харанд, яктоашро ҳатман ба хонааш мебарад. Шумо инро коррупсия намеҳисобед?!”

Ҳарчанд шиноси мо ба суханонаш оҳанги шӯхӣ медод, вале далелаш асос дошт.

Дар урфият сӯзандуздро ҳам дузд мегӯянд. Яъне дар ҳама ҷо мувофиқи «имконияти мавҷудбуда» фасодкорию беинсофӣ мекунанд: дар корхонаи чоркаса ҷорӯб медузданд, дар даҳкаса табару бел, дар бисткаса компютер, мон нагӯем, ки дар корхонаҳои азим, то кумитаю вазоратҳо чӣ фасодкориҳое намешавад. Агар ин тавр намебуд, Сардори давлат соли 2007 боз як сохтори назоратию тафтишотӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро созмон намедод. Ин ниҳоди давлатӣ ҳамасола миллионҳо суми ғайриқонунӣ истифодашудаю рӯпӯшкардашуда ва дуздиро ошкор менамояд. Муайяну асоснок карда мешавад, ки роҳбарони идораю муассисаҳои давлатӣ аз мансаби ишғолкарда сӯиистифода намуда маблағҳои ҳангуфтро ба ҷиғилдон мезананд. Мансабдороне, ки нафси аждарӣ доранд, роҳу усулҳои азхудкунии маблағро хуб медонанд.

Аз давраи қабули Фармони Президенти Тоҷикистон (10 январи соли 2007) дар бораи ташкил кардани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ёздаҳ сол пур шуд. Дар ин миён Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул гардид, ки мақсади он ҳифз намудани моликияти давлатӣ бо мақсади рушду тараққии иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани дараҷаи зисту зиндагонии сокинони кишвар, кам кардани амалҳои коррупсионӣ мебошад. Мутаассифона, тадбирҳои андешида натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд, яъне пояҳои коррупсия суст намегарданд. Мову шумо зуд-зуд аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон мебинем, ки ин ё он мансабдор аз шахсони корафтода пора меситонанд. Хуб аст, ки ин тоифа ҷазои сазовор мегирад.

Вале нафс гарибад аст, ки чизпарастонро раҳо намекунад. Бисёр мешунавем, мегӯянд, ки ба идораҳои қонеъкунандаи эҳтиёҷоти мардум сар халонӣ, пеш аз ҳама ба дастат менигаранд. Роҳбари давлат дар баромадҳояш аз ин хусус кам ҳушдор намедиҳад. Аммо баднафс аз одаташ рӯ намегардонад. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мешавад, ки «ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум ба сохторҳои мақомоти давлатӣ мебошад».

Коррупсия ба инсофу адолат рахна мезанад. Дар фаҳмиши мо коррупсионер шахси бераҳм буда, барои пешравии мулкаш, ободии кишвараш, некуаҳволии ҳамватанаш дилсӯзӣ надорад. Ин қабил одамон танҳо мавҷудияти худро эътироф карда, кару фари худ, зиндагии шоҳонаи фарзандҳо ва хешу таборашонро аз ҳама чиз боло медонанд.

Бар зидди фасодкорӣ бояд беамон мубориза бурд! Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субъектҳои ваколатдори соҳаи мубориза бо коррупсияро вазифадор мекунад, ки «ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд».

Ҷ. БАҲОРОВ, «НФ».