Чт04092020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БО ДАСТОВЕЗИ МУНОСИБ

ГУЗОРИШИ  МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯ РАҶАБЗОДА С.Б. АЗ РАФТИ ОМОДАГИҲО  БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯ

Подробнее...

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Дар ноҳия марҳилаи якуми Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла ва хонаю оилаи намунавӣ дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷамъбаст гардид.  Ҳамин тавр   9 оила ва хонаи намунавӣ, 9 маҳаллаву деҳа ва кӯчаи беҳтарин ҳамчун ғолиб муайян гардидаву ба марҳилаи навбатии  озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибон барои ба даст овардани ҷойҳои аввал дар марҳилаи баъдии озмуни мазкур, ки аз ҷониби комиссияи ноҳиявӣ  арафаи иди Ваҳдати миллӣ  санҷидаву маълум шуд, бо дарки масъулият тайёрии ҳаматарафа дидаанд.

Подробнее...

КИШВАРЕ АЗ ВАШГИРД ЁДГОР

Халқи қадимаи тоҷик, мегӯяд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориа ш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои  кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯзҳо дар саросари   Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-умин солгарди иди Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд. Бо истифода аз фурсат ин ҷашни фархундаю муборакро ба ҳамагон табрик мегӯям.

 Иди Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи ҷашнҳоест, ки зодаи даврони истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рӯкнҳои давлатдории тозаи миллӣ буда, дар он орзую омоли халқамон таҷассум ёфтааст.

Подробнее...

МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ 25-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Подробнее...

Подкатегории