Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

КИШВАРЕ АЗ ВАШГИРД ЁДГОР

Халқи қадимаи тоҷик, мегӯяд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар тӯли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад. Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориа ш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои  кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.

Ҳар кӣ аз ин мулк бо табъи равоне меравад,

Меҳри Файзобод дар дил бо ҷаҳоне меравад.

Санаи 14 июни соли 1931 барои ноҳияи Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва  шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. То ба ин рӯз, пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд. Зери ин қарор раиси КИМ РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби КИМ РСС Тоҷикистон А.Зиннатшоев имзо гузоштаанд. Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат дохил мешуд: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Яккабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷроияҳои Файзободу Янгибозор). Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуд.

Мебинем, ки санаи 14 июни соли 1931 барои Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст.

Ин гӯшаи Тоҷикистони маҳбуб чун бисёр дигар  манотиқи кишвар таърихи худро дорад. Мувофиқи кашфиётҳое, ки тазкиранависону муаррихони пешин ва бостоншиносони имрӯза ноил гардидаанд, собиқаи он ба 2500-3000 сол мерасад. Бостоншиноси заррабини тоҷик доктори илм, профессор Юсуфшоҳи Яқубшоҳ ба таърихи таълифи китоби “Авасто” таваҷҷуҳ зоҳир карда онро на 2700-сола, чи хеле ки барои ҷашнгирии он ҳамин таърихро муқаррар карда буданд, балки 3000-сола меҳисобад. Дар ҳамин муқаддасоти хаттӣ, яъне дар “Авасто” номи Вашгирд дар қисмати Яшт зикр меёбад. Модоме ин тавр аст, ҳеҷ шубҳае намемонад гӯем, ки Файзободи имрӯза мавҷудияти на кам аз 3000-сола дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сафари охиринаш – 10 апрели соли 2014 – ҳини баҳодиҳӣ ба таърихи Файзобод эътироф кард, ки “дар қаламрави ноҳия шаҳри бостонии Вашгирд, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, мавҷуд буда, то ҳол дар сатҳи зарурӣ омӯхта нашудааст”.

Ҳар фарди ватандӯст, аз ҷумла муаллифи ин сатрҳо, бо таърихи диёр ва гузаштаи миллати худ ифтихор менамояд. Ифтихори мо аз он аст, ки Вашгирд ҳамчун шаҳр дар замони Каёниён (асрҳои III-I пеш аз мелод) эътироф шудааст.

Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и безаволи худ воқеаҳои аҳди Хусрави Анушервон (солҳои 531-579)-ро ба риштаи назм дароварда аз он қисса мекунад, ки дар ҷанги байни туркҳо ва Ҳайтолиён аз шаҳрҳои Балху Шуғнон, Хатлону Вашгирд, Тирмизу Ому ва Зам лашкару лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин тиллою танга ҷамъ меоваранд.

Зи Балху Шукнону Омую Зам,

Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд

Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.

Тасвири Абдулқосим Фирдавсӣ далолат мекунад, ки дар асри VI , тахмин 1500 сол пеш, Вашгирд (ё Висагирд, тавре дар “Шоҳнома” омадааст) шаҳри аз ҷиҳати ҳарбӣ устувор ва аз лиҳози сиёсӣ бонуфӯз будааст. Ногуфта нагузарем, ки мувофиқи маълумоти “Шоҳнома” Пирон-фарзанди Вис сарлашкар ва вазири Афросиёб - зодаи Вашгирд ва ҳокими ин шаҳр будааст.

...Ки сарлашкари гурди Афросиёб

Аз ин мулки машҳур, аз ин хоку об.

Ва Пирон буда исм, пайванди Вис,

Накӯрою хушном фарзанди Вис.

Сипоҳу силоҳаш фузун будааст,

Сари хашм хасмаш забун будааст.

Ҳеҷ шаҳре мисли Файзобод ҳуснобод нест,

Ҳаст зеботар аз ӯ, афсӯс, Файзобод  нест.

Номи ӯро файзу обу  бод зебо кардаанд.

Дар ягон ҳарфу сухан ин гуна хубеҷод нест.

Боди гардонаш агарчӣ чаппагардонат кунад,

Боғи гул бе боди файзободи мо  обод нест.

Дар ҳавояш бӯи мушку анбари мулки Хутан,

Не, ғалат кардам, Хутан ин қадр мушкобод нест.

Дилбаронаш шӯху раъною парию муштарӣ,

Дар дигар ҷо дида бошам инчунин, дар ёд нест.

Аз Фаридун ёдгорӣ дорад ин шаҳри кӯҳан,

Подшоҳеро, ки бар султониаш эрод нест.

Ман, ки пайвастам ба обу хоку боду чанги ӯ,

Банди ҷонам як гиреҳ аз банди ӯ озод нест.

Ҷӯрабек МУЪМИН

 Олими адабиёт Шамсиддин Нуриддинов дар китоби “Дирӯз ва имрӯзи Файзобод” (соли таълифаш 1985) меорад, ки “Пирон дар номаи ба сарлашкари Эрон навиштааш Висагирд (Вашгирд)-ро дар радифи бузургтарин шаҳрҳои Тӯрон ном бурда талаб мекунад, ки тақсимоти марказӣ ва ҳудудияти Эрону Тӯрон бояд тавре сурат гирад, ки ҳанӯз дар замони Манучеҳршоҳ анҷом гирифта буд”.

Ин нома далели соҳибқудратии ин мулк, яъне Вашгирд ва шаҳодати диловарҷуръатии ҳокими он мебошад. Дар ҳамон рисола омадааст, ки бори нахуст дар асоси таҳқиқ ва тавзеҳи олими англис Марк Варт, муҳаққиқи рус В.Ф.Минорский дар шарҳи ба асари географӣ – таърихии “Ҳудуд-ул-олам” додааш, Вишгардро ҳамчун шаҳри қадимӣ – афсонавии Висигард ё Веса маънидод намуда, исбот мекунад, ки харобаҳои шаҳри мазкур дар ҳудуди ноҳияи ҳозираи Файзобод воқеъ гардидааст.

Муҳаққиқи мазкур ба шаҳодати фикри худ, маълумоти ҷуғрофидони арабизабон – Истахриро дар хусуси аз Вишгард ба самти шарқ, дар масофаи якрӯза воқеъ будани Элок ва қад – қади ин роҳ ҷараён доштани дарёчаи Элок қайд кардааст. Ин ақидаро минбаъд тамоми муҳаққиқон, аз ҷумла таърихшиносони машҳури шӯравӣ В.В.Бартолд, Б.Ғафуров, А.М.Белинский дастгирӣ намудаанд.

Дар китоби қиматарзиши Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” омадааст, ки шаҳри Вашгирд, ки миёни дарёҳои Кофарниҳону Вахш ҷой доштааст, баробари Чағониён, Аҳорун, Шумон, Кумод дар он замонҳо як ҳукумати ба сари худ мустақили сиёсиро ташкил мекардааст.

Мо дар асри навин гом мезанем. Асри гузашта ба ҳукми таърих барои тоҷикон асри таззод, айёми шикасту фоҷиаҳо, пирӯзию парвозҳо, сохтану сӯхтанҳо гардид. Кас намехоҳад мусибати солҳои 90-уми ба сари миллат омадаро ба ёд биёрад, зеро он дардест басо гарону сангин.  Муноқишаҳои байнихудӣ, ба забони дигар, ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ миллионҳоро ба тарсу ҳарос андохт, ҷони садҳазоронро рабуд, садҳазорони дигарро бехонумону беваю сағира кард. Барои барқарор намудани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ ва ба оромию осудагӣ овардани табиати озордидаи мардум муҳлати зиёд зарур шуд. Ҳукумат, хусусан Сардори давлат, шахсияти таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин бобат нерӯи хирадмандонаи хешро бедареғ сарф кард.

Дар ин аср Тоҷикистон парчами озодиро баланд афрохта, дар роҳи истиқлолият, худшиносӣ ва ифтихори инсонии худ қадамҳои устувор пеш гузошт. Қадру қимати тоҷикон ва арзиши зиндагии онҳо ба пояҳои баланд расид. Таърихи қадими халқи тоҷик гувоҳ аст, ки ибтидои ҳазораи дуюм барои миллати тоҷик замони тақдирсӯз буду интиҳои он ба бахти ин миллати куҳанбунёд тақдирсоз гашт. Агар дар ибтидои ҳазорсолаи дуюм Сомониёни бузург аз майдони сиёсат берун шуда бошанд, дар охири ҳазорсола тақдири таърихӣ ба миллати тоҷик бори дигар имкон дод, ки  соҳиби истиқлолият, ҳокими қисмати худ гардад.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳду талошҳои тақдирсозаш солҳои охири қарни бист ҳамчун диловари замон нақши бориз гузошт, сарвару пешбари парчами истиқлолият гардид, барои ба вуҷуд овардани заминаҳои таҳкимбахши давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ қадамҳои устуворонаи давлатдориро таъмин кард. Ҳар фарди худогоҳи Тоҷикистон бояд ба чунин ифодаи образнок сарфаҳм рафта тавонад, ки ситораи ҳазор сол пеш сукуткардаи миллати мо дар анҷоми асри бист аз нав рух намуд, дурахшон шуд ва ҷойгоҳи худро дар осмони ҷаҳони истиқлолият пайдо кард. 

Мардуми Файзобод камию костиҳои даргузари рӯзгори худро ба қавле, фаромӯш карда, дар ҳадди имкониятҳои мавҷуда ба оянда бо назари нек менигаранд. Соҳаи кишоварзӣ, ки заминаи асосии иқтисоди молиявии ноҳия мебошад, дар муқоиса бо чанд соли давраи ақибравӣ, тараққӣ кард.

Дар Файзобод яке аз калонтарин корхонаҳои мурғпарварии мамлакат - Ҷамъияти саҳомии кушоди “Мурғи ҳилол” фаъолият менамояд.   Маҳсулоти корхонаи Файзобод қариб дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ харидор дорад. 

Сафарҳои кории Президенти кишвар ба Файзобод - 30 майи соли 2008, 15 июли соли 2011, 10 апрели соли 2014 - ва дастуру супоришҳои ӯ ба иқтисодиёти ноҳия, хусусан рушду тараққии соҳаи аграрӣ такон бахшиданд. Дар сафари соли 2008 аз ҳисоби фонди захиравии Президент барои бунёди маркази саломатӣ ва тавассути қубурҳо аз мавзеи Чува ба маркази ноҳия овардани  оби ошомиданӣ маблағ ҷудо карда шуд. Дар сафари моҳи апрел бошад, Эмомалӣ Раҳмон ба боғи 120-гектара дар деҳаи Даштимарзои ҷамоати деҳоти Қалъаидашт ибтидо гузошта, вобаста ба имкониятҳои мавҷудбуда дастур дод, ки солҳои наздиктарин домани боғистони нави Файзобод ба 4000 гектар паҳн гардад. Дар ҳамин асос мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барномаи хоса матраҳ намуд. 

Ободсозиҳои маркази ноҳия  рӯ ҷониби авҷ дорад.

Дар ду тарафи роҳи байни шаҳраки Файзобод биноҳои хуштарҳи замонавӣ бунёд шуда, ҳусни пешинаи маркази ноҳияро ҷилою шукӯҳи тоза медиҳанд. Дар ин ҳудуд нуқтаҳои хизматрасонии нав пайдо шудаанд. Бо маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ идораи ақди никоҳ ва коргоҳи ҷавонон, дармонгоҳ барои қабули 150 корафтода,   биноҳои “Ориёнбонк” “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”  ва даҳҳои дигар ба чашм хеле зебо мерасад.

Соли панҷум аст, ки дар боғи фароғатӣ – фарҳангии “40 – солагии Ғалаба” осорхонаю чойхонаи миллӣ дар хидмати мардум қарор доранд. Дар паҳлӯи даромадгоҳи боғ  бинои идораи давлатии андози ноҳия қомат гирифт. 

Симои деҳот низ ба куллӣ дигар шуд.  Хусусан марказҳои маъмурии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба таври шинохтанашаванда рӯйи тағйир мебинанд. Ба мисол, деҳоти Меҳробод (Гумбулоқи пешин) ва Файзобод, ки бист сол пеш ягон хонаи дуошёна надоштанд, имрӯз аз тобиши фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонии зебои чандқабата назаррабо шудаанд. 

Наметавон нодида гирифт, ки роҳбарони ноҳия дар доираи имкониятҳо ва нерӯи ғайрати созандагии хеш барои рушду нумӯи диёр ҷаҳду талош менамоянд. 

Насли калонсол медонад, тайи ин муддат шахсиятҳои  ватандӯсту халқпарвар, бовиҷдону софдил ва  ҳалолкор роҳбарии ноҳияро ба уҳда доштанд.   Зикри номи роҳбарони кумитаи ҳизбии ноҳия   Ҳасан Ҳакимов, Аминов, Абдулвоҳидов, Шоҳ Саидов, Мирбобо Мироқилов, Ятим Исмоилов, Саид Юсуфов, Исмат Тошматов, Бойназар Топилов, Лишинский, Дадобой Ҳомидов, Холиқ Раҳабов, Сафо Саидов, Камол Юсуфов, Бобоҳон Ҳомидов, Виктор Захватов, Мирзохӯҷа Шоев, Амир Қарақулов, Тоҷинисо Носирова, Саидмурод Тағоев, ки  пайи ҳам сарварии мардуми ноҳияро ба уҳда гирифта,   меҳнаткашони Файзободро ба иҷрои нақшаҳои азими бамиёнгузоштаи партия ва ҳукумат ташкилу сафарбар намуданд. Бисёре аз номбурдаҳо дар қайди ҳаёт нестанд, вале таърихи диёр онҳоро ёд мекунад. 

Дар таърихи ҳокимиятдории Файзобод номҳои Домулло Мирзо Набиев, Ҳақбердӣ Маҳмадаминов, Юсуф Шамсов, М.Чолбобоев, Дӯстмурод Шоазизов, Ҳасан Одинаев, Саид Юсуфов, Амиршо Нуров, Истам Ҷӯраев, Сафар Боев, Б.Давлатов, Саъдулло Бобишоев, И.Каримов, Тағой Салимов, Ҳукум Ахмедов, Усмон Ҳасанов, Хушмаҳмад Саидов, Тоҷинисо Носирова, Тоҷиддин Назиров, Фирдавсӣ Қурбонов, Саидмурод Тағоев, Абдуқодир Давлатов, Исматулло Зайдов, Абдулло Ҳакимов, Имомназар Каримиён  сабт гардидаанд. Онҳо ҳар кадом алоқадри қуввату ғайрати роҳбарикунандагиашон дар ободии Файзобод саҳм гузоштаанд. Имрӯз бошад, роҳбарии  ноҳияро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар Раҷабзода Миралӣ  ба уҳда дорад. Бо роҳбарии  ӯ сокинони  ноҳия пайи дастовардҳои нав ба нав  гом мезананд.  

Таърих номи шахсиятҳои шинохта ва эътирофкардаи халқро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад. Дар солҳои Ҳокимияти шӯравӣ бештар истеҳсолчиёни пешқадам, одамони намунакор, аъзои ҳизби коммунист, комсомолони фаъол, роҳбарони писандидаро ба шарафи вакили халқ соҳиб мегардиданд. Аз давраи аввали интихоботи шӯроҳо то ба имрӯз беҳтарин намояндагони халқ ба узви Шӯрои Олии мамлакат интихоб гардидаанд, ки зикри номҳои зеринро раво медонам: Ҳасан Одинаев (аз ҷамоати ҳозираи Бӯстон), Файзимо Мирзоева (аз деҳаи Кабкрез), Амиршо Нуров (аз деҳаи Файзобод), Зулайхо Ҳасанова, Майсара Толибова, говдӯши хоҷагии ҳамонвақтаи ба номи Орҷоникидзе (ҳоло Вишгард), Анор Гадоева, говдӯши фермаи Ҳаймаҳмадии хоҷагии ба номи Рӯдакӣ, Талбак Холов, тракторчии хоҷагии “Октябр” (ҳозира ба номи Исмоили Сомонӣ), Саврия Аҳмадова, говдӯши фермаи Тусанбоғи ҷамоати деҳоти Меҳробод, Пӯлод Абдураҳмонов, сардори бригадаи картошкакории хоҷагии ба номи Ҳамза, Гулрухон Шодиева, мудири фермаи Тахтиалиф, Бибигул Каримова, тракторчидухтари хоҷагии “Файзобод”.  Ӯ ҷонишини Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистон буд. - Сафаралӣ Раҷабов ва Саидмурод Тағоев.

Файзобод шахсиятҳое дорад, ки дар таърихи мавҷудияташ метавонад бо номи онҳо сари ифтихор дошта бошад. Яке аз онҳо Сафаралӣ Раҷабов аст. Сафаралӣ Раҷабов соли 1990 дар синни 35 депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Баъди иҷро кардани вазифаҳои котиб, ҷонишин ва раиси кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1990 - 1995) 6 апрели соли 1995 Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Панҷ сол сари ин вазифа буд. Баъди чанд соли  дар вазифаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан ва пирӯзӣ дар интихоботӣ Парлумон Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Баҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро мавриди қайд медонем, ки дар вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия 30 майи соли 2008 иброз намуда буд: “Мардуми Файзобод на фақат ҳамчун боғдорону кишоварзони меҳнатқарин машҳуранд, балки мардуми фарҳангу санъатдӯст ва шеъру адабпарвар низ ҳастанд”.

Файзобод қасру кушк надорад. Ин диёр дар як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон мавқеъ  гирифта имрӯз ва фардо бо зиёиёни асил, олимону шоиронаш,  фарзандони барӯмандаш машҳур шуда метавонад. Мо шоире дорем бо исми Бозор Собир, ки шеъраш дилҳоро тасхир карда, воқеоти даврро тасвиру тараннум менамояд

Санъаткорони варзидаи кишвар Нигина Рауфова (равонаш шод бод), Қиёмиддин Чақалов, Малика Саидова, Муҳаррама Шарифова аз гулҳои хушбӯйи боғи фарҳанги Тоҷикистон буда бо накҳати овозашон тамоми  кишварро атрборон кардаанд.  

Садои Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, шодравон Дӯстмурод Алиев баъди бисту ҳафт соли маргаш низ аз ҳар хонаи мухлис ба гӯш мерасад.  

Адибони ҳамдиёри мо Усмон Шарифзода, Раҷабалӣ Аҳмадов, Муҳаммад Юсуф, Исо Раҳимов, Сайқали Самеъ, Теша Раҷабӣ, Наргиси Муродалӣ як гӯшаи боғи адабиёти тоҷикро тароват мебахшанд.

Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон зиёиён, яъне олимону адибон, аҳли фарҳангро хазинаи тиллоии миллат медонад. Ин ифодаи образнок имкон медиҳад, гӯем, ки дар ин хазина чанд дона тилло аз диёри Файзобод ҳам аст.   Алҳол  шумораи  олимони риштаҳои гуногунии илми Тоҷикистон ба зиёда аз 60 нафар мерасад. Доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Урватулло Тоиров, доктори илмҳои педагогӣ Таваралӣ Зиёев, доктори илмҳои тиб Саидмурод Саидов, номзадҳои илмҳои тиб Мусулмон Ғуломов, Асадулло Зубайдов, олимони соҳаи кимиё Тилло Юсуфов ва  Ғоиб Камолов (рӯҳашон шод бод), олимони риёзӣ Маҳмадҷон Исматов, Мирзо Гадоев ва Раҳмон Пиров, кишоварзӣ С.Наимов, Гулнора Комилова, Ҳикматулло Қодиров, соҳаи филологияю таъриху фалсафа Зариф Алиев, Ҷамолиддин Саидов, Саид Ҳалимов, Боймурод Шарифов, Талбак Қурбонов аз ҷумлаи шастнафаронанд.

Ҷаннати рӯи замин хоҳӣ, ба Файзобод о,

Чашмаи хулди барин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Чошние ар чашӣ аз резаҳои неъматаш

Неъмати нӯшофарин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Дашти рангинаш зи шарм рухсора рангин кардааст,

Ёди ёрони қарин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Шеъри ноби шоиронаш рӯҳбахши ҷисму ҷон,

Гар ғазалҳои маҳин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Дидаи пурдидаам бисёр хубон дидааст,

Талъати зебоҷабин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Файзи бодовар дорад мулки беҳамтои ман,

Фарраҳи боди танин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Меҳру шафқат, нури ваҳдат дар замир дорем мо,

Модари меҳрофарин хоҳӣ, ба Файзобод о.

Хоки покашро ба чашмон тӯтиё гуфтан кам аст,

Камтар аз хокам бубин, хоҳӣ, ба Файзобод о.

Фирдавс ҚУРБОНЗОДА

Чун сухан аз фарзандони барӯманди диёр меравад, набояд номҳои  варзишгарони шуҳратёри худро фаромӯш намоем. Исмат Абдуллоев аз ҷумлаи онҳост.   Ӯро асосгузори гӯштини “Самбо” дар Тоҷикистон медонанд. Исмат Абдуллоев ба унвонҳои “Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Корманди Шоистаи варзиши Тоҷикистон” соҳиб гардидааст. Гӯштингирон  Абдурозиқ Олимов ва  Ҳаитмурод Нуралиев соҳиби унвонҳои  ифтихорӣ буда, ба дараҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд. Айни замон Абдурозиқ Олимов,   сармураббии гӯштини тарзи озоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Мураббии шоистаи Тоҷикистон  ва Мураббии тахассуси олӣ аст.

...Ҳаёт пеш меравад. Таърих рақамҳои нав тавлид мекунад. Хурдҳо бузург мешаванд. Бузургон бо корномаҳои нав дар саҳифаҳои таърих нақш мегузоранд. Файзобод бо осоишу оромиши мардумаш ба ояндаи дурахшон қадам  мезанад. Мардумони шарафманди диёр  90-солагӣ, баъд 100-солагиашро ҷашн хоҳанд гирифт. Касе зиндаю саломат аст, ба ҷашнҳои аз ин ҳам  бузургтари диёр мерасад, дигаргунию пешравиҳоро мебинад, балки дар ин таҳаввулот бевосита иштирок мекунад.

Ҷӯрабек МУЪМИН,
 корманди шоистаи Тоҷикистон.