Ср11202019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ,УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА 71-УМИН СОЛГАРДИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Ветеранҳои азизу гиромиқадр!

Ҳамдиёрони азиз!

Имсол 71-умин баҳор аст, ки дар саросари олам солгарди Иди Ғалаба бар ашадитарин душмани инсоният- фашизм ботантана таҷлил карда мешавад. Бо вуҷуди он ки аз анҷоми ин ҷанги мудҳишу даҳшатбор муддати тӯлонӣ гузаштааст, вале ҳанӯз осори он эҳсос мегардад. Ҳанӯз насли калонсоли мо аз ҷароҳатҳои ин ҷанг ранҷ мекашанд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори миллионҳо нафар сарбозону афсарони мамлакати паҳновари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки барои ҳимояи марзу буми Ватани азиз, барои ҳимояи шаъну шараф ва озодии Ватану миллат бархоста буданд, беш аз 270 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистони азиз низ миёни оташу хун қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Фиристодагони Тоҷикистон дар майдони мубориза бо фашизми гитлерӣ далерона ҷангида, дар ҳимоя ва озод намудани садҳо шаҳру деҳи мамлакат ва собиқ кишварҳои сотсиалистӣ намунаи беназири шуҷоату мардонагӣ нишон доданд. Аз ҷумлаи фиристодагони Тоҷикистони офтобрӯя сазовор гардидани 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 58 ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф далели раднопазири далериву шуҷоат ва мардонагии фиристодагони Тоҷикистон аст.

Тоҷикистон дар ин ҷанг талафоти зиёд дод. Ҳазорон ҷавонони тоҷик дар майдонҷои ҷанг қурбон гардиданд, хотираи неки онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Аз ин рӯ, Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ба ивази қаҳрамонию корнамоиҳои нотакрори бобоён ва падарону бародаронамон ба даст омада буд, яке аз саҳифаҳои пурфоҷиаю пурифтихори таърихи халқамон мебошад ва дар қатори дигар мамлакатҳои иштирокчии ин набарди хунин дар Тоҷикистон ҳамасола бо ифтихор ва эҳтироми хосса ҷашн гирифта мешавад.

Дар мубориза бо фашизми гитлерӣ аз диёри Файзобод беш аз 16 ҳазор нафар ҷавонони далеру шуҷоъ баҳри ҳифзи Ватан-Модар сафарбар гардида, дар майдонҳои набард ҷоннисориҳо намуданд. Зиёда аз 600 нафар фиристодагони Файзобод дар майдонҳои ҷанг сар супурда, беш аз 500 нафар беному нишон гардиданд.

Имрӯз мо номи неки ҳамдиёронамон-қаҳрамонони ин ҷанг Иброҳим Салимов, Теша Муминов, Саид Гулонов, Бӯрӣ Латипов, Қурбон Назиров, Санг Назаров, Рашид Гулонов, Шамс Ғуломов(рӯҳашон шод бод), Аҳмад Бердиев, Зоир Тоҳиров ва садҳо дигаронро ба забон оварда, ба шуҷоату мардонагиашон аҳсан мегӯем ва дар наздашон сари таъзим фуруд меорем.

Қаҳрамонӣ ва фидокориҳои мардуми диёрамон дар ақибгоҳ низ сазовори ёдоварист. Он солҳо мардуми шарафманди диёрамон дар қатори мардуми дигар манотиқи Тоҷикистон бо азобу машаққатҳои зиёд тоб оварда фронтро бо лавозимоти зарурӣ ва сарбозонро бо хӯроку сару либос таъмин менамуданд. «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» шиори мардуми ақибгоҳ буд ва таҳти ин шиор занону кӯдакон, пирони барҷомонда шабу рӯз меҳнат намуда, барои таъмини ғалаба тамоми чораҳоро меандешиданд, то рӯзи ғалабаро ҳарчӣ наздиктар созанд.

Ба ҷо овардани иззату эҳтироми собиқадорони ҷанг, пос доштани хотираи онҳое, ки дар майдони ҷанг ва дар ақибгоҳ барои ҳифзи Ватани маҳбуб, таъмини ғалаба ҷоннисориҳо намуданд, вазифаи бошарафи насли имрӯзу фардост.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳоро дар ҳақи собиқадорони ҷанг яке аз вазифаҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҷиҳати нигоҳубину ҳифзи саломатии онҳо пайваста ғамхориҳои бемисл зоҳир менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мо, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо низ барои зоҳир намудани ғамхориҳо дар ҳақи онҳо ҳамеша чораҳои зарурӣ меандешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо истифода аз фурсати муносиб собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам ба солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори осуда ва осмони софу беғубор таманно мекунам.

Иди Зафар муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!