Ср09182019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МИНБАРИ МУАССИСОН

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ

Гузориши муовини  раиси ноҳия Раҷабзода С.Б. оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи
иҷтимоиёт дар семоҳаи  аввали соли 2016

Яке аз соҳаҳои муҳиму фаъолияти васеъдошта соҳаи маорифи ноҳия ба шумор меравад. Кормандони соҳа дар ин давра баҳри амалӣ намудани вазифаҳои соҳа як қатор корҳои мушаххасро ба иҷро расониданд.

Дар ин давра дар назди муассисаи таълимии рақами 24 ду синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар баробари корҳои иҷрошуда дар фаъолияти соҳа камбудиҳои зиёд низ ҷой доранд. Ҳангоми ташриф ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маълум мегардад, ки дар аксари онҳо майдонҳои варзишӣ, толорҳо ва ҳатто бинои синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ҳамасола ҳангоми таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ  камбудиҳои зиёд ба назар мерасад.

Сифати таълим ва сатҳи дониши хонандагон низ нигаронкунанда аст.

Дар ҷумҳурӣ “Барномаи рушди муассисаҳои  таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” амал намуда истодааст, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст. Мутаассифона, дар ноҳия то имрӯз ягон муассисаи хусусии томактабӣ ё таҳсилоти умумӣ амал накунад ҳам, шуъбаи маориф ҷиҳати таъмини барномаи мазкур ягон чорандешӣ накардааст. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхонаҳои ноҳия 816 нафар беморон муолиҷа гирифтаанд. Дар арафаи иди модарон дар деҳаи Кенҷаободи ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев бо маблағҳои соҳибкори маҳаллӣ ва саҳми  сокинони маҳал бунгоҳи тиббии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он аз ҷониби муассисаи Кӯмаки аввалияи тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст

Бояд гуфт, ки   баробари  пешрафт дар кори соҳа камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Хусусан фаъолияти тибби оилавӣ суст ба роҳ монда шудааст. Фавти кӯдакони то яксола ҳанӯз зиёд аст, ки боиси нигаронист. Санҷиши иҷрои Барномаи кафолатҳои давлатӣ дар марказҳои саломатӣ нишон медиҳад, ки камбудиҳо дар ин самт ҳанӯз хеле зиёданд.  Далелҳои зикршуда шаҳодати кори сусти марказҳои саломатӣ ва дар маҷмӯъ соҳаи тандурустӣ мебошад.

Кори хуби  бахши фарҳанги ноҳия боиси  он гардидааст, ки  санъаткорони файзободӣ дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд ва мунтазам ба гирифтани ҷойҳои намоёну ҷоизаҳои озмуну чорабиниҳо сарфароз мегаргарданд. Аз ҷумла ба қарибӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Биё, бо ҳам бихандем”, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда буд, намояндагони бахши фарҳанги ноҳия ба гирифтани диплому мукофотҳо ноил гардиданд. Дар баробари ин бояд қайд намоям, ки кори китобхонаҳои ноҳия ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. 

Дар давраи ҳисоботӣ бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо баъзе корҳоро анҷом дод.

  Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт камбудию норасоиҳои зиёд ҷой доранд. Ҳанӯз ҳам дар гузаронидани маъракаву маросимҳо ба камбудиҳои ҷиддӣроҳ дода мешавад. Дар ин давра аз ҷониби бахш дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейду санҷишҳо доир карда шуда, оид ба вайрон намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ду парвандаи ҳуқуқвайронкунӣ оғоз карда шудааст.

Бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия дар фаъол гардонидани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятии ноҳия кори муайянеро ба сомон расонид. Кормандони бахш дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, фаъолзанону собиқадоронро ба корҳои ташвиқотӣ ҷалб карданд. Дар семоҳа чорабиниҳои зиёди фарҳангию тарбиявӣ, аз қабили “Маликаи наврӯз”, “Ҷилваи ҳусн” гузаронида шуд, ки шумораи зиёди занону духтарон дар он ширкат варзиданд. Дар баробари ин бояд қайд намоям, ки дар кори бахш ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд. Дар се моҳи аввали соли равон пош хӯрдани 30 адад оилаҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳанӯз ҳам  занон-модарон нисбат ба тарбияи фарзандон беэътиноӣ мекунанд. 

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ин давра 779 адад сабти таваллуд, 79 вафот, 239 никоҳ, 30 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ва дигар ҳолатҳо ҷамъ 1567 сабтҳо ба қайд гирифта шудааст, таҳлилҳо собит месозад, ки ба зиёд гардидани  пошхӯрии оилаҳои ҷавон дар баробари омилҳои дигар кори сусту нокифояи бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кор бо занон ва оила ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сабаб гардидааст.

37 фоизи сокинони  ноҳияро ҷавонони синни 14-30-сола ташкил менамояд. Боиси қаноатмандист, ки ба кори рушди варзиш ва сохтмони иншооти соҳа соҳибкорони маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд. Бо ҷалби маблағҳои соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода додани толори замонавии варзишӣ дар деҳаи Устошамс ва гузаронидани мусобиқаи васеъ миёни тимҳои футболи ноҳия аз ҷумлаи иқдомҳои бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мебошад.

Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки фаъолияти бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ боз ҳам беҳтаршавиро тақозо менамояд, зеро дар шароити имрӯза, ки қувваҳои иртиҷоӣ, ташкилоту гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба ҷалби ҷавонон машғуланд, бахши кор бо ҷавононро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа, баҳри дар ҷавонон тарбия намудани ҳисси баланди ватанпарастӣ, дарки масъулияти баланд дар назди миллату давлат, ҳисси ифтихор аз Ватану миллат ва гузаштаи пурифтихори наслҳоямон пайваста талош варзад. Айни замон дар ноҳия маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ рафта истодааст ва рафти маъракаи мазкур нишон медиҳад, ки бахши номбурда ба масъалаи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон диққати зарурӣ намедиҳад, дар ин бобат бо муассисаҳои таълимӣ ҳамкории  дурусту зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Таълими омодагии ҳарбӣ дар сатҳи паст қарор дорад. 

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия дар семоҳаи аввали соли равон   як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ноҳия 705 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. 58 нафар корҷӯён ба курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи касбҳои кафшергари барқию газӣ, дӯзандагӣ ва муҳосибӣ ҷалб карда шудаанд. Дар ин давра 1 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки дар он 11 ташкилоту муассисаҳо ширкат варзида, дар маҷмӯъ ба корҷӯён 38 ҷои кори холиро пешниҳод намудаанд, ки дар онҳо 4 нафар корҷӯён ба ҷои кор таъмин карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи фарҳангу маънавиёт камбудиҳо ҷой доранд. Ҳанӯз сатҳу сифати корҳои тарғиботию ташвиқотӣ беҳтаршавиро тақозо менамояд. Хусусан ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сари масъалаҳои қабули муроҷиатҳои сокинон ва иҷрои онҳо, сари вақт омода намудани шиору овезаҳо ва дар вақташ нав кардани онҳо, корҳои ободонии ҳудуди деҳаҳо кам аҳамият медиҳанд. Кори ҷамоати шаҳраки Файзобод, ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон ва Мискинобод ба куллӣ беҳтаршавиро металабад.

Зарур аст, ки мо фаъолиятамонро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии кишвар, тарбияи сокинони ноҳия дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, инсонпарварӣ ва ифтихор аз Ватану миллат беҳтар намуда, дар сафарбар намудани сокинони ноҳия баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр, тарбияи насли сазовор бо истифода аз роҳу усулҳои бештару беҳтар чораандешӣ намоем. Баҳри баргузории муваффақонаи раъйпурсии умумихалқӣ, таҷлили ҷашнҳои 19-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ дида, ба корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза бахшем.