Вт02182020

Last updateЧт, 13 Фев 2020 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

САХОВАТИ БОБОИ АБДУРАШИД

Инак, моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру сахост, ба поён мерасад.  Таъкидҳои Сарвари давлатамон дар бобати дастгирию расонидани кӯмаку ёрӣ ба ятимону оилаҳои камбизоат аз тарафи сокинони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо дар ноҳияи мо низ ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мегардад. Бахусус дар даҳаи сеюми ин моҳи муборак расонидани ёриву ба сарпарастӣ гирифтани ашхоси ниёзманд ва ба кӯмак эҳтиёҷ дошта   анъана шудааст.
Сокинони деҳаи Кавраки колхози ба номи Амирҷон Ҳасанови ноҳияи Қумсангир Абдурашид Маҷидов солҳо боз бо меҳнати ҳалол, аз пешаи чорводорию деҳқонӣ ризқи фаровон ба даст меорад. Ӯ бо қаноатманди шукр аз додаи офаридгор намудаву мекӯшад ашхоси камбизоату ятим низ аз файзи меҳнаташ баҳра бардоранд. Бо ҳиммати баланди ин пири барнодил арафаи иди Фитр ба  ашхоси ятиму камбизоати ноҳия 300 килло гӯшт тақсим карда шуд.  

Подробнее...

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Ба супориши раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гурӯҳи таблиғотчиён дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо оиди эълон шудани “Соли 2015 - соли оила”, мавзӯҳои ифротгароӣ, терроризму экстремизм, шомил шудани ҷавонон махсусан духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ва ғайра суҳбату вохӯриҳо доир карда истодаанд. Дар деҳаи калонтарини ҷамоати деҳоти Мискинобод деҳаи Фатҳобод бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи муҳофизати муҳити зисти ноҳия Муслима Шарифова вохӯрии судманд доир гардид.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ФИТР

Ҳамдиёрони азиз!
17 – уми июл дар саросари мамлакат бо сипарӣ гардидани моҳи шарифу мубораки Рамазон мусулмонон иди саиди Фитрро таҷлил менамоянд. Иди саиди Фитр яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумлаи муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад, зеро он бо ба анҷом расидани моҳи Рамазон, яъне моҳи амалҳои неку шоиста, моҳи тоату бахшиш таҷлил мегардад.

Подробнее...

«ДУРАХШОН» ПИСАНДИ БАЧАҲОСТ

Истироҳатгоҳи «Дурахшон», ки дар мавзеи хушбоду ҳавои диёрамон – Чилча воқеъ аст, оғӯши худро ба қабули даври дуюми мактаббачагон боз намуд. Дар даври якум 120 нафар хонандагон дар ин макон истироҳати бофароғат доштанд. Даври дуюм аз рӯзи 10 июл оғоз ёфт. Дар истироҳатгоҳ барои мактаббачагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Барои хушу хуррамона гузаронидани истироҳати онҳо тез – тез шабҳои саволу ҷавоб, чистонгӯяк, шеърбарак, конференсияҳо, озмунҳои   кашидани расми беҳтарин, иншои беҳтарин, инчунин чорабиниҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда мешавад.

Подробнее...

22 НАФАР СОҲИБИ КВОТА ШУДАНД

Аз интишори фармони Президенти мамлакат оиди тариқи квотаи президентӣ таҳсил намудани ҷавонони деҳот, ба хусус духтарони навоҳии дурдаст, ки бозгӯи сиёсати хирадмандонаи роҳбари кишвар баҳри тарбияи кадрҳои баландихтисос дар мамлакатамон гардид, 18 сол сипарӣ шуд. Соли 1998 бори аввал зиёда аз даҳ нафар духтарони файзободӣ, ки аксарашонро таҳсил дар мактабҳои олӣ орзуи дастнорас буд, маҳз тавассути  квота донишҷӯ шуда буданд.   Айни ҳол аксари онҳо дар соҳаҳои гуногуни ноҳия ва мамлакат сарбаландона меҳнат карда истодаанд.

Подробнее...

ҲАМА ВАҲДАТСАРОИ ИН ВАТАН БОШЕМ

(Гузориш аз тантанаи иди Ваҳдати миллӣ дар ноҳия)

Ҳафтаи гузашта дар саросари кишварамон  Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид, рӯзе, ки дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаву  барои ҳар фарди баору номуси тоҷик азизу гиромист. Ҳаждаҳ сол мешавад, ки садои шодиву хуррамии Ваҳдати миллӣ дари ҳар фарди Тоҷикистони азизро мекӯбад.  Ин санаи хотирмон-27 июни соли 1997-ро сокинони кишвар чанд сол интизорӣ доштанд. Зеро ҳуҷҷате, ки дар ин рӯз ба имзо расид, ифодагари хотимаёбии ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакатамон буда, аз қадамҳои устувор гузоштани мардуми тоҷик ба ҳаёти  осоишта гувоҳӣ медод.

Подробнее...

ВАКИЛ ИНТИХОБ ШУД

Чи тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар асоси талаботи моддаи 48-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи вакилон ба Маҷлиси маҳаллии  вакилони халқ»,  рӯзи 14 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи интихоботии Тақназарӣ, рақами 9 интихобот   ба ивази вакили  хориҷшуда доир гардид.  Бо дарёфти 99, 5 фоизи овози интихобкунандагон Раҷабзода Миралӣ, раиси ноҳия аз ҳавзаи мазкур вакил интихоб шуд. Номзадии   Раҷабзода Миралиро конференсияи  ғайринавбатии ноҳиявии ҲХДТ   пешниҳод карда буд.

Н. Зарифов,
 раиси комиссияи  ноҳиявии интихоботи  вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

КОРИ ХАЙРИ ҚАҲҲОРБЕГ

Роҳи   байни деҳаҳои Заркамар ва Мискинободи ҷамоати деҳоти Мискинобод  2 километрро  ташкил додаву солҳои тӯлонӣ рӯи таъмирро надида  буд.  Ҳамин аст, ки роҳ валангор шудаву  пастию баландиҳои баамал омада  ҳолати садамавиро ба амал оварда буд.  Ҳангоми  боридани барфу борон қисми зиёди роҳи валангоршуда ба кул табдил ёфтаву  ба рафтуомади воситаҳои нақлиёти гуногунтамға монеа эҷод мекард.

Подробнее...

БЕХАТАРӢ ТАЪМИН БОШАД

Борон меборид, мо аз ҷониби шаҳри Ваҳдат   сӯи ноҳия  раҳсипор шудем. Зимни ин сафар бо А. Мирзоев, ки айни ҳол сардори қитъаи нигоҳдории роҳҳои ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Ғаюр 1-и минтақаи Файзободро ба ӯҳда дорад, суҳбат доштем.   Қитъа зери назорати онҳо буда,  дар маҷмуъ 76 киллометрро дар бар мегирад ва онҳо тавонистаанд  давоми фаъолияти худ  роҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд, то ки ронандагону мусофирон сари вақт  ба манзили хеш расанд.  Коргарони корхонаро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо маоши хуб ва хӯроки гарм таъминанд.

Подробнее...

Подкатегории