Вт12102019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

РӮЗИ ҚАБУЛ ДАР МИСКИНОБОД

Дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сари масъалаи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони аввали ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули шаҳрвандон»дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мо низ дар сатҳи зарурӣ амалӣ мегардад.

Подробнее...

АРТИШИ МИЛЛӢ МАКТАБИ МАРДОНАГИСТ

23 юми феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, ки аз он рӯз 23 сол сипарӣ гардид. Артиши навтаъсиси кишвари соҳибистиқлоли мо бо азми устувору қадами ҷиддӣ мушкилоти пешомадаро бартараф намуда сол аз сол ташаккул ёфт ва имрӯз   яке аз қувваҳои пуриқтидори ҳарбӣ дар минтақа маҳсуб меёбад.

Подробнее...

ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДУ ДЕҲА

Ҳамасола аз тарафи Барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳия иншоотҳои зиёди хизматрасониву истеҳсолӣ мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода мешавад.

Подробнее...

ПАЁМ-РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

Мо ки аҳли сулҳу истиқлолем,

Соҳиби рӯзгори хушиқболем.

Пешвои миллат ар орад паём,

Аз саодат, аз фараҳ меболем.

Подробнее...

ПАЙИ ОБОДИИ ДЕҲА

Дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Бӯстон бо ташаббуси раиси кумитаи маҳалла Раҳмоналиев Саидаҳмад иқдоми некеро пеш гирифтанд, ки боиси хушнудии аҳли деҳа гардид.
Мувофиқи қарори кумитаи маҳалла аз ҳисоби маъракаҳои аҳли деҳа, хусусан тӯйҳо барои ободонии кӯчаҳо бо розигии соҳибтӯйҳо барои корҳои ободонии деҳа маблағи муайян масраф карда мешавад. Акнун ба ҷои оши наҳор, ки пештар соҳибони тӯй барои баргузории он маблағи зиёд сарф мекарданд, ба суратҳисоби кумитаи маҳалла як маблағи муайян мегузаронанд.

Подробнее...

СОҲИБКОРОН ФАЪОЛ БУДАНД

4 феврал дар толори хурди филармонияи халқии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ бо намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ доир гардид. Дар оғози нишаст раиси ноҳия намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2015 ба таври мушаххас шинос намуд. Аз ҷумла изҳор дошт, ки нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд иҷро гардида, ба буҷа аз ҳисоби андозу пардохтҳо ба ҷои 14644 ҳазор сомонии ба нақшагирифташуда 15936,3 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2014 1936,3 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 109 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Подробнее...

ЧАРО АРЧА ҲАМЕШАСАБЗ?

Ривоят мекунанд, ки ҳазрати Сулаймон хоб мебинад, ки қатраҳои оби ҳаёт дар як чашмаи дури кӯҳистон пайдо шуда ва ӯ дастаи паррандагонро барои овардани оби ҳаёт фиристоданӣ мешавад. Ин корро зоғ ба ӯҳда гирифта барои овардани оби ҳаёт ба ҷои таъиншуда парвоз мекунад. Зоғ қатраҳои оби ҳаётро дар нўлаш гирифта дар бозгашт аз зебоию бўи хуши дарахти арча ба ваҷд омада овоз мебарорад. Бо садо баровардан аз даҳонаш қатраҳои оби ҳаёт бар сари дарахти арча мерезаду ба он сарсабзии ҳамешагӣ ато мешавад. Ин ривоят гувоҳ бар он аст, ки дарахти ҳамешасабзи арча ба ҷузъи муҳими тамаддуни мардумӣ пайвандӣ дошта онро одамон дӯст медоранду парвариш мекунанд.

Подробнее...

ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДУ ДЕҲА

Ҳамасола аз тарафи Барномаи Ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон дар ноҳия иншоотҳои зиёди хизматрасониву истеҳсолӣ мавриди истифодаи сокинони ноҳия қарор дода мешавад.

Подробнее...

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2015

Чорводорони ноҳия дар соли рафта 13494 тонна шир истеҳсол  карданд, ки ба ҳар сар гови дӯшоӣ 1301 киллограмӣ рост меояд.

Чорводорони ҷамоатҳои Қалъаидашт,  Меҳробод ва Ҷавонон дар таъмини нақшаи солонаи  истеҳсоли шир  ҳиссагузоранд.  

Сабзавотпарварони ноҳия ба соли нав бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ омаданд. Онҳо аз майдони 325 гектар 10 ҳазору 649 тонна сабзавот   ба даст оварданд. Дар таъмини нақшаи   ноҳия хоҷагиҳои Исмоили Сомонӣ, Сайдонӣ ҳиссагузоранд.  

Подробнее...

Подкатегории