Вт02182020

Last updateЧт, 13 Фев 2020 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МИРАЛӢ РАҶАБЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз! 24-уми сентябр мусулмонон дар саросари кишвар иди саиди Қурбонро таҷлил менамоянд. Иди саиди Қурбон яке аз идҳои шарифу қадимтарин, аз ҷумла муҳимтарин маросимҳои сунатии мусулмонон мебошад.
Бо шукргузорӣ аз осудагию хуррамӣ ва рушду нумӯъи Ватани азиз, ҳамаи сокинони ноҳияро ба ин рӯзӣ саиду пурфайз табрик мегӯям.
Мардум дар рӯзӣ ин иди муборак ба аёдати беморону барҷомондагон, мусибатдорону ниёзмандон мераванд, ба арвоҳи гузаштагон дуои нек мефиристанд, ба наздикону пайвандон саломативу хушрӯзӣ, барои Ватану диёр ободию шукуфоиро таманно мекунанд.

Подробнее...

«АМОНАТБОНК» -БОНКИ МАРДУМИИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон мардум ба «Амонатбонк» эътимоду боварии бештар доштаву сол аз сол сафи  муштариёни он зиёд мегардад. Бояд хотиррас намоем, ки имрӯз ба сокинони кишвар 75 филиал, 512 марказҳои хизматрасонӣ ва 214 нуқтаҳои интиқоли  маблағ пурсамар фаъолият дорад. Филиали дар ноҳияи мо мавҷуд будаи  бонки мазкур   бо роҳбарии  сарвари он Саидакбар Ҳақназаров низ таҳти шиори  «Хизмати аъло ба ҳар муштарӣ» ба он мекӯшанд, то ба боварии мардум сазовор гарданд. Ҳамин аст, ки рӯзи шанбеи 29 август дар назди тарабхонаи "Файзобод" аксия зери унвони «Амонатбонк - бонки мардумии Тоҷикистон» доир шуд, ашхоси зиёде  бо нишони  сипосгузорӣ ба хизмати эшон инҷо ҷамъ омаданд.

Подробнее...

ОБОДИЊОИ СОМОНИЁН

      Бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ чанде пеш деҳаи Тақназарӣ бо Сомониён ивази ном кард, ки мардум онро хеле хуш пазируфтанд. Инак бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти байналмилалии «Наҷоти Арал» аз масофаи 6 км аз мавзеи Абдубовии поёни чашмаи Гурез,  ба деҳа хатти оби нӯшокӣ кашида шуд. Ҳамзамон   500 метр роҳи деҳа низ таъмир гардид. Сокинони деҳаи Сомониён аз омадани оби нӯшокӣ ва ободии роҳи  деҳаашон  хурсанд гардида, аз масъулини ин амали хайр сипосгузоранд.

Собир ЗАРИФ .

ИҚДОМИ НЕК

Марди саховатпеша Абдуғаффор Асроров аз деҳаи Саройи ҷамоати деҳоти Мискинобод кори хайру савобро анҷом дод. Ӯ ба ҳаждаҳ нафар эҳтиёҷмандони деҳа 1 халта орд, панҷ кг шакар, панҷ кг равғани пахта кӯмаки хайрия расонд. Ҳар сол ин марди саховатпешаи диёр ба оилаҳои  камбизоату эҳтиёҷмандон ва маъюбони ҷанг дасти кӯмак дароз мекунад.
Абдуғаффор Асроров мақсад дорад, ки дар арафаи иди Қурбон низ ба оилаҳои эҳтиёҷманд ёрӣ расонад.

Бобо ҲОКИМ.

ГУНАҲКОРОН БОЯД ҶАЗО ГИРАНД

Дар минтақаи Мискинобод ба хотири Шоири халқии Тоҷикистон гӯрғулисарои машҳур бобои Ҳикмат Ризо муҷассама гузоштаанд. Дар поёнтари он соҳибкор Шаҳобиддин Раҳматов ошхона – чойхона бунёд кард. Чойхона – ошхонае, ки соҳибкор бунёд кардааст, бо маънои тамом дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ҷойи истироҳату фароғат аст. Инҷо чашмае ҳаст, ки обаш хунуку шифобахш мебошад. Соҳибкор дар назди ошхона – чойхона барои мизоҷон кату курсӣ ва чароғи барқӣ гузошт.

Подробнее...

РОҲҲОИ ОБОД СӮИ ПЕШРАФТ МЕБАРАД

Роҳҳо пайвандгари наслҳову асрҳо ба ҳисоб меравад. Гузаштагонамон ҳам  бунёди роҳро амали хайру савоб меҳисобиданд.  Ҳамин аст, ки пешаи роҳсозӣ дар шароити кунунии Тоҷикистони азизи мо, пешаи муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.  Боиси қайд аст, ки кормандони  Муассисаи исифодабарии роҳҳои ноҳия бо дарки баланди масъулият  дар амалисозии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар ин самт саҳми худро мегузоранд.
Аҳли тифоқи муассисаи мазкур бо роҳбарии мутахассиси ботаҷриба  Назаралӣ Баҳодуров дар бунёду нигоҳдории роҳҳои дохили ноҳия нақши  назаррас доранд.

Подробнее...

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БОЯД ВУСЪАТ ЁБАД

Рӯзи 23 августи  соли равон   маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва директорони мактабҳо    баргузор шуд.
 Раиси ноҳия  Раҷабзода Миралӣ ҳозиринро бо масъалаҳои дар маҷлис  муҳокимашаванда, ҳолати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли хониш, рафти амалишавии нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба  таҷлили  ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои ҷорӣ  ошно сохт.

Подробнее...

ИНШООТИ ҶАШНӢ

1.    Бинои  маъмурии  ҷамоати деҳоти Чашмасор  мавриди истифода қарор мегирад. Ин бинои зебо туҳфаи хубест барои сокинони ҷамоати деҳоти мазкур. Барои сохтмони  бинои мазкур аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ     як миллиону 143 ҳазору 355 сомонӣ масраф гардидааст.

Подробнее...

НИШОНҲОИ ФАХРӢ БА ТАБИБОН

Ба ифтихори рӯзи касбии кормандони соҳаи тандурустӣ табибони беморхонаи марказӣ Аҳмадшоҳ Таваккалов, Маҳмадалӣ Холиқов ва Лайлӣ Нусратова бо нишонҳои ифтихории «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин заҳмати  гурӯҳи калони табибон бо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мукофотҳои пулӣ  қадрдонӣ гардид.
Мукофотҳоро дар чорабинии идона ба ифтихори рӯзи табибон, ки дар толори Қасри Рӯдакӣ доир гардид, раиси ноҳия Раҷабзода  Миралӣ супорид.

Подкатегории