Сб01252020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ОҒОЗИ СОЛИ ХОНИШ ХОТИРМОН БУД

Рӯзи Дониш дар саросари таълимгоҳҳои ноҳия хотирмон оғоз ёфт. Садҳо толибилмонро дабистонҳои ноҳия ба оғӯши гарми худ пазируфтанд. Чун ҳамасола якуми сентяб бо Дарси сулҳ оғоз гардид. Зеро Сулҳи пойдору устувор, Сулҳе, ки боиси оромию ваҳдату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилӣ ва шукуфои кишвари азиазамон гардидаст, барои ҳар як фарди Тоҷикистон азиз аст!
Зиёда аз нуздаҳ ҳазор нафар хонандагони мактабҳои ноҳия низ имрӯз бо табъи болидаю рӯҳи тоза ба соли нави хониш шурӯъ карданд. Дар чеҳраи ҳар мактаббача ифтихор аз шукуфоию пешрафти ватани азиз ҳувайдо буд.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ ИМОМНАЗАР КАРИМИЁН БАХШИДА БА 23–ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр зи қилу қол нест.
Ин саодат, ин каромат, ин шараф
Ҷуз насиби миллати фаъол нест.

Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азиз 23-умин солгарди Иди Истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Одамон бо чеҳраҳои хандону шукргузорӣ аз рӯзгори хушу пурсаодат ба идгоҳ мешитобанд, аз боби ваҳдату якдилӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ, истиқлолу озодӣ ҳарф мезананд, якдигарро табрик мегӯянд.

Подробнее...

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ

Дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

 Мутобиқи моддаи 10, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №273   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

Подробнее...

ҶАВОНОН СОЗАНДААНД АГАР ҲАМРОҲАШОН БОШЕМ

Зери ин мафҳум шоми 13-уми декабр дар чойхонаи миллии ноҳия ҷавонони диёр гирд омада буданд.   Бояд гуфт, ки ин маротибаи дуюм аст, ки ба хотири рушду инкишофи диёр ва саҳми ҷавонон дар созандагиву бунёдкории ноҳия маҳфили «Шоми ҷавонӣ»-ро бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор менамояд.

Подробнее...

ЯРМАРКАҲОИ МАКТАБӢ

Бо наздик омадани соли нави хониш раиси ноҳия Каримиён Имомназар  роҳбарияти ҷамъияти матлубот ва ҳамаи тоҷирону соҳибкоронро вазифадор намуд, ки барои осон намудани мушкилии падару модарон дар ин фасли гармо барои фарзандони мактабхони онҳо сару либоси мактабӣ ва ашёву ҷиҳози хониши босифат омода намоянд. Масъулин пайи ин супориш дар ҳамаи нуқтаҳои савдои нохия ин амалро хуб  ба роҳ монда, хамчунин дар маркази ҷамоатҳо ва ҷамоати шаҳраки Файзобод нуқтаҳои калони ярмаркаи мактаббачаҳоро ташкил намуданд.

Подробнее...

ХАБАРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

12 декабри соли 2014 Иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид. Аз шумораи 40 нафар вакилони халқ 37 нафар дар иҷлосия иштирок доштанд. Ба иҷлосия кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта, даъват шуда буданд.

Подробнее...

ПАХТАОБИ ПЕШ АЗ МАРГ

Фасли баҳор аз рафти маъракаи ниҳолшинонии    ноҳия шарҳи муфассале дар шумораи №11-уми  нашрия зери унвони «Сарсабзии диёр-мароми ҳамагон»  ба чоп дода будем.  Он шабу рӯз (10 апрели соли ҷорӣ дар назар аст-С.Р) дар ноҳия 61 ҳазору 917 ниҳоли дарахтони гуногун  шинонда буданд.  Он рӯзҳо ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бо сабаби сардии ҳаво ва об нашудани барфи зимистон дар ин маърака иштирок надоштанд.

Подробнее...

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД ДАЪВАТИ ЧОРУМ:

 Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

         Мутобиқи моддаи 7, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” ва пешниҳоди раиси ноҳия аз 12 декабри соли 2014, №272   Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод

Подробнее...

ТАЪИНОТ

1.    Бо қарори раиси ноҳия аз 18.08.2014, №671 Насриддинов Сафомуддин иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия таъин шуд.
2.    Бо амрҳои раиси ноҳия Холиқов Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва Абдулҳаев Маҳмадлатиф сармутахассиси ҳамин шуъба таъин гардиданд.

Подробнее...

Подкатегории