Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ҲНИТИЁН ҶАВОНИИ МОРО БАРГАРДОНЕД!

Соли 2017-ро Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи  Паёми навбатии худ «Соли ҷавонон» эълон кард. Воқеан     ҳамаи  ғамхориҳоеро, ки тайи 25 соли соҳибистиқлолии мамлакат  нисбати ҷавонон рӯи кор омадааст, бояд дар ин сол шумурдаву тарҳои нави ҷалбу ҳамкориро бо насли ояндасоз бояд тавалид сохт.

Ростӣ ба ҷавонони имрӯзу давронашон бо ҳасад дида дӯхтаву  афсуси даврони тиллои умр, даврони ҷавононии хеш мекунам….

Соли нахустини даҳаи охири  асри бист мактаби олиро хатм кардаву  до ҳазорон орзуҳои ҷавонӣ  бо роҳхат ба ноҳия омадам. Мехостам бо он неруе, ки доштам  корҳои зиёдеро  баҳри  диёри азизам   ба сомон расонам.

Мутаассуф пас аз  як соли боди бозсозиҳо, ки ба даврони қадамҳои нахустини соҳибистиқлолии  кишвар рост омад, Тоҷикистони  ободу зебои маро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ва ана ҳаминтавр мо ҷавонони солҳои  навадум бо даврони «тиллоӣ»ии умри хеш  хайрбод гуфтем.

Гӯиё дар кӯчаҳо ҷавонони «доно», ки  зери бағал камону даври тасбеҳ дар даст ва риши ғуливу роҳгардиҳои нописандона рехта буд.  Касе ёрои бо сари баланд гашту гузор карданро  надошт. Дар ин росто оне, ки бо заҳмат  маълумоти олӣ гирифтаву каси таёқ дар даст аз паси пода гашта як шуда буд. Овози беҳаёёнаи гуруҳи дуюм дар кӯчаҳо  ғаши касро меовард, аммо чи илоҷ,ки  даст кутоҳӣ мекард.

Мардум аз тарси  намояндаҳои  ба қавли худашон маъмул  «опозитсия » ба дод омадаву забони гуфтор надоштанд.

Шабҳо мардум хоб надошт. Бахусус падару модарон тарси зиёд доштанд. Тарси фарзанд- шоҳписару духтарони болиғ, манзили ободи хеш.

Аммо аз ҳар канор хабарҳои ҳархела меомад-фалониро сӯзонданду фалониро сарбуриданд. Амволи фалон роҳбарро  тасарруф намуда, ба домони поки зану духтараш тамғаи  «беномусӣ»- раво дидаанд.

Моликияти давлат  зери милли автомат хусусӣ мешуд. Акнун корхонаву ҷойҳои корӣ нест мешуд. Ҷавонон барои қути лоямут рӯ беруна мебурданд. Аммо на ҳамавақт пораи нони  бо азобҳо барои аҳли байташон  пайдо кардаро дар ватан,  дар ҳалқаи аҳли байт серӣ мехӯрданд. Баъзеҳоро барои «ду тангаи» дар муҳоҷират ёфта ба қатл мерасониданд. Афсӯс, ки ҳамаи инро болои ҷанговарон қумондонҳо роҳбарӣ мекарданд. Қумондонҳое, ки  дар хориҷ аз хоҷагонашон таълим мегирифтанд. Қумондонҳое, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 1991 пинҳонӣ  ҲНИТ ташкил намудаву зери ливои он  Тоҷикистонро ба ба давлати исломӣ табдил доданӣ буданд.

Шуруъ аз соли 1992 берун аз ҳудуди кишвар дар Афғонистону Эрон зери тавсияи  хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон хуни бародар мерехтанд. Тайи ин солҳо ба майдони сиёсии кишвар абармарди даврон Эмомалӣ Раҳмон омада буд. Даҳҳо маротиб ҷони худ ба хатар мондаву ба онҳо мефаҳмонд, ки аз баҳри силоҳу  хунрезиҳо гузаранду  ба ҳам оянд Тоҷикистони навинро   бо риштаҳои меҳру  муҳаббат  аз нав бунёд кунанд. Танҳо баъди  панҷ соли  ҷустуҷӯи роҳҳои сулҳомез  ва гузаштҳои зиёди давлату ҳукумати  кишвар  Ваҳдати миллӣ боис шуд, ки имсол ба таҷлили ин рӯзи  баҳам омаданҳо  бист сол пур мешавад.

  Бозгашти    роҳбарону аъзоёни ҲНИТ  соли 1997 бо  имзои Созишномаи сулҳ ва Истиқрори миллӣ дар нигоҳу сирати  нав оғоз гирифт .    Акнун кару фарру рафтори баъзеи наҳзатиён  саропо дигар шуда буд.    Ҷанги шаҳрвандӣ агар ба рӯзгору кайфияти бисёриҳотаъсири манфи гузоштаву    онҳоро   руҳафтодаву ноком карда бошад, пас қомати наҳзатиёнро, ки дар сафҳои ИНОТ шомили  сӣ фоиза гардидаву соҳиби  вазифа гардонда буданд ба қавле «сарбаланд» намуд.

Онҳо аз  боби ватану ватандӯстӣ ҳарф мезаданд, аммо ҳирси нафсашон боло  гирифтаву фикри молу мулк ва сарвату боигарӣ дар вуҷудаш туғён дошт.  Агар рӯи саҳнаи зиндагӣ худро як фидоии ватану халқи азизаш нишон медоданд , аммо  паси саҳнаи зиндагӣ менишастанд, рӯи зини аспи нафс, ҳарчи бештар мехостанд  ба ҷамъи сарвату дороӣ машғул бошанд.

Дар фурсати кутоҳ аксари фидоиёни роҳи «ислом» соҳиби қасру кушкҳо, замину моликиятҳои гуногун шуданд ва ба қавле   миёни мардум «соҳибэҳтиром» шуданд. Чи тавре мегӯянд:

Чашми танги марди дунёдорро

Ё  қаноат пур кунад ё хоки гӯр

Афсус, ки тайи солҳо  моликиятҳои харидаи  наҳзатиҳо  ба нафъи мардум   зарае  нафъ наовард. На ба буҷа маблағҳо ворид шуду на    касе соҳиби ҷойи кори нав гашт.

Ободиву рӯ ба пешрафт овардани  Тоҷикистон ба   зархаридони  хориҷӣ нафорид, ки ба ҷои шукргузорӣ аз давлату миллат боз носипосӣ карданд.  Ҳамаҷо аъзоёни онҳо  ба ташкили гуруҳҳои ифротгаро  ва ҷалби ҷавонони ноогоҳ ба сафҳои онҳо шуданд.

Оқибатҳои «рӯи сиёҳӣ» онҳо  боис шуд, ки  даст ба табаддулот давлатӣ заданд. Акнун пас аз шикасти  нақшаи табаддулот ва кушта шудани  генерали хиёнатпеша А. Назарзода ва ҳаммаслаконаш  маълум гардид, ки дар саргаҳи он боз ҲНИТ меистад, ки узви Раёсати он нияти гурезро доштанд.

Имрӯзҳо қисми зиёди аъзоёни дар хориҷ  паноҳ шудаи ҲНИТ  тутиёни сухангӯи хоҷагони Ирону Арабии худ шудаанд ва чун мусичаҳои бегуноҳ  дар шарқу ғарб доду вой мебардоранд. Аммо садошон додрасе надорад.

Имрӯз  роҳбарияти давлату кишвар дар пешрафти  мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Чашми мардум кушода шудаву эшон  дигар ба фанду ваъдаҳои бардурӯғи наҳзатиён боварию эътимод надорад.  Мардум медонад, ки онҳо киянду чикора. Ҳарчанд то ҳанӯз миёни мардум ҳастанд  пайравони онҳо, ки аз он даврони нобасомониҳо  бурд кардаву  пайт меҷуянд ба умеди фардо.

Акнун вақти он расидааст, ки  ҲНИТ ва аъзоёни он  барои хунҳои рехтаи бародарон, барои сарсаниву саргардонии ҳаммилатон, барои вайронаҳои  кардаашон ва пеш аз ҳама барои даврони ҷавонии насли мо   панҷоҳсолаҳо  назди давлат, миллат ва имону виҷдони худ ҷавобгӯянд.

Ҷавонии моро баргардонед  наҳзатиён!

Бузургмеҳри Рустоӣ.