Пн07062020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ДАРДУ ДОҒИ ФАРЗАНДИ ПАДАР

Ҳар гиёҳе хушк бошад, сабз гардад дар баҳор.

Ҳайфи тухми одамӣ, ҳаргиз нарӯяд аз замин.

Баҳори сабзпӯшу гулфишон боз омад. Тамоми растаниҳо, долу дарахт аз хок сар мебароранд, гулу гиёҳҳо мерӯянд, тухми афтида афзоиш меёбад, гул мекунаду мева медиҳад.

Эй кош, ту ҳам, додари азиз, аз хок сар барорию чеҳраи зебоятро нишон диҳӣ, сухан гӯиву ҳазлу шӯхӣ кунӣ. Маҳфил ороию шамъи маҳфил шавӣ.

Ҳар лаҳза туро меҷӯям ва дар хоб мебинам бо ҳамон чеҳраи зебою табассумҳои дилкаш. Бо ту роз мегӯям. Дар ҳаёт ту пешсаф будӣ, дар он дунё ҳам пешсаф шудию ба ҷамоли Худованд расидӣ.

Ман наметавонам ба рӯи ҷигарбандонат Дилшод, Низораю   Нилуфар зиёд дида дӯзам. Ҳарсе дар рӯзи маргат аз дидаҳо сели ашк рехтанд. Дар ҳавлии хурди падарӣ ба ҳар кунҷи он рафта туро меҷӯянд. Бародаронат Файзуллою ман, Ҷунайдуллою Шамсиддин, Саидаҳмаду Исломиддин гоҳе навҳа мекашанд, гоҳе лаб зери дандон гиря мекунанд. Бародароне, ки дар ҳама ҳолат туро танҳову бемутакко нагузоштанд.

Дарду доғи фарзанди падар ончунон сӯзон аст, ки вуҷудат чун хаси хушк месӯзад.

Дар суфраи хоби оча будам, дирӯз,

Бо ҳафт сағерабача будам, дирӯз.

Ман аз бари ҳафт бачаи очаи хеш

Гармии пагоҳӣ мерабудам, дирӯз.

Бо чашми пур аз ашк, ҳамсари туро мебинам, ки маро дидан замон «Ака, во хонам, во хонам - Хайрулло маро бо се тифл танҳо гузошта куҷо рафтӣ?»- гӯён нола мекунаду ашк мерезад. Ҳамсинфу ҳамсабақҳоят, ки аз ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои видоъ омада буданд, медонистанд, ки имтиҳонҳои давлатиро супурдаю дипломатро ҳанӯз нагирифтаӣ, таассуф мехӯрданд, ки як ҷавони асилу меҳрубон, ҳамешахандону соҳибэҳтиромро аз даст доданд. Ману бародаронат Файзуллою Ҷунайдулло, Шамсиддину Саидаҳмад ва Исломиддин назди ҷисмат ашкрезон нишастем, ба чеҳраат дида дӯхтем. Ҳини хоб кӯрпа дар сар мекашидӣ, ҳоло бошад, дар кафани сафед печида будӣ. Ту ба хоби абадӣ рафтӣ. Бародарон аз рухсораат бӯсиданд. Ин видоъ нею рӯзи охират буд.

Пеш аз ҷони ширинро ба Ҳақ супоридан бо имои чашм Нилуфар, духтари хурдиатро, ишорат кардӣ, дарёфтам, ки ӯро ба мо супоридӣ. Нилуфари падарношинохта акнун Донишгоҳи забонҳоро хатм карда, ба таълиму тарбия ва тарҷума машғул аст, арӯс шудааст. Дилшод Донишкадаи тиббии ҷумҳуриро хатм намуда, ба табобати беморон пайвастааст. Пас аз маргат мақсад гузошт, ки хонда духтур мешавад. Борҳо ман ӯро аз раъйаш гардониданӣ шудам, аммо натавонистам. Мақсадаш қатъӣ буд. Низора донишгоҳи омӯзгориро хатм намуд. Айни замон омӯзгор аст.

Хайрулло! 20 сол аст, ки ҷисман бо мо нестӣ. Мо туро дӯст медорем ва хотираатро дар қалбамон нигоҳ медорем.

Эй бародар, гарчӣ рафтӣ, рафтани мо аз қафост.

Теппаи хоки ту ҳамчун кӯчи мо дар пушти мост.

Шарофиддин ВОҲИДОВ,

сокини шаҳраки Файзобод.