Чт07022020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ЯККАБЕД ҚАБОИ САБЗ БА БАР ДОШТ...

Сеюми апрели соли 2015 дар деҳаи Яккабед бар асари ярч даҳ нафар зери хок монданд. Навҳаи модарону хоҳарон ва наварӯсони ҷигарсӯз то ҳанӯз дар кулбаҳо дуд мекунад. Ҷасади Далерҷони ҳабдаҳсола ва Мақсадҷони 29-сола то ҳанӯз бедараку ҳашт тани дигар дар водии хомушон манзили худро ёфтаанд.  

Даргузашти ҳунарманди зиндаёд Дӯстмурод Алиев, ҳодисаи мудҳиши Субулоқ, ки шаҳидони гулгулкафанро дар мазори деҳа манзили абадӣ дод,   марги мармузу ногаҳонии   сарояндаи мардумӣ Нигина Рауфова аз қиболи рӯзҳои вазнину ба иборае даҳшатборанд, ки мардуми шарифи Файзобод онро ба осонӣ ҳазм карда наметавонанд. Ба ин ёдномаи пурмоҷарои таърихи диёрамон соле қабл боз саҳифаи наве илова шуд, ки он беҷо шудани пораи куҳе дар деҳаи Яккабед ва ҷони даҳ танро ба коми худ бурдани он буд.

Дар ҳамин росто банда соли гузашта ёдномае рӯи коғаз оварда будам, ки он бидуни суҳбат ё муҳоварае бо эшон-бошандагон ин деҳаю шоҳидони ин воқеа сурат гирифта буд. Аммо ин карат мақсад гузоштам, ки бо наздикони шахидони Яккабед аздусар вохӯрда алами дилашонро мешунавам. Аммо афсус, ки ин бор ҳам нақшаи кашида кор надод. Наздик шудан ба деҳа моро сукути ногаҳонӣ фарогир аст, чун дидем, ки аз чанд кулбае дуди алов ба фалак мепечаду гуфтанд, ки пагоҳ ба ёдбуди бачаҳои Яккабед як сол пур мешавад ва модарону ҳамсарону хоҳарон имрӯз гирёну бирён нону кулча мепазанд. Раиси маҳалла Асламҷон ҷавонмарди рамузфаҳму кордон аст. Мардуми деҳа новобаста ба синну соли ҷавонаш ба хотире, ки ташкилотчии хуб аст, эҳтиромаш мекунанд. Асламҷон гуфт, ки мардум, аниқтараш волидону наздикони шаҳидон то ҳанӯз ба худ наомадаанд ва дарди онҳо алами дили раис низ ҳаст…

Ӯ дарди худро даме фурӯ бурду пасон саҳифаи ғамбори Яккабедро рӯи мо кушод. Асламҷон ҳамон рӯз дар деҳа набуд, шояд агар мешуд, ин ходиса рух намедод. Инро на танҳо худи ӯ, балки дигар бошандагони деҳа низ иқрор шуданд. Зеро таъмири хати оби нӯшокӣ чанд рӯз боз дар майнаи ҷавонони деҳа чарх мезад, аммо ҳар гоҳ ки майли онро менамуданд, раис рад мекард, ба хотире ки то боронҳои баҳорӣ қатъ нашавад, ба теппахок даст задан хавфнок буд. Аммо бачаҳо он рӯз аз набудани раис, ба қавле «истифода» карда белу каланд гирифтаву дасту остин барзаданд, то мушкилоти чандрӯзаи беобиро аз миён бардоранд. Аммо садҳо афсӯс, ки тасмими бачаҳои ҷавон мушкилоти зиёди дигареро ба бор овард…

Аз Ваҳдат ҷониби Файзобод меомаданд, ки аз деҳа раисро хабари ногаҳонӣ расонданд, ки «бачаҳо зери хок монданд». Асламҷон, раиси маҳалла лаҳзае дар олами бехудӣ афтод , аммо зуд худро ба даст гирифт. Раиси ҷамоату раиси ноҳия ва мақомоти қудратиро аз воқеа огаҳ намуд. Дигар чӣ сон ба деҳа расидану худро дар маҳалли офат заданашро аз тарсу воҳимаи даҳшатбор хуб дар хотир надорад.

Ҳамон рӯз пеш аз шом ҷасади Маҳмаду Шодмон ёфт шуд. Ва дигаронро наздики як моҳ мардуми деҳаву ҳамсоядеҳаҳо аз зери хок ҷӯё шуданд ва рӯзҳову ҳафтаҳо гузашта, боз ҷасади шаш тани дигар ҳам ёфт шуд. Падари Шодмони ғурамарг амаки Изатулло ёрои сухан гуфтан надорад, бо азобе субҳи сеюми апрели соли рафтаро ба хотир овард. Шодмон ҷавони варзишгару шӯхтабиат буд, ёдовар мешавад падар. Ҳар гоҳ ки кору бори маҳалладорӣ сурат мегирифт, мегуфт ки ӯ футболбозӣ мераваду акааш ба ҳашар. Аммо чанд вақти охир аз ин шӯхтабиатӣ баромада буд, ҳамин ки ҳашар мегуфтанд, зуд худро дар бари раис медид. Он пагоҳӣ ҳам баъди ношто аз дар баромаду дубора вориди ҳавлӣ гашт. Аз таҳхона бел гирифту либоси корӣ ба бар намуд, бо ҳамсараш як сари нафас шухӣ ҳам кард, ки «аз ин баъд бачаи фаъол шудааст». Дареғо,ки суҳбати кӯтоҳу шӯхиҳои охираш буд Шодмонро. Ҳамон рӯз буд, ки ҷасади сарди ба хоку хун афкандаашро ба хона оварданд. Дигар падари фарзандгумкарда, ки ин тири дувуми фалак ба риштаи ҷонаш буд, ҳарфе зиёд гуфта натавонист. Амаки Изатулло духтари 32-солаашро низ дар айни камолот аз даст додааст. Суҳбати мо бо раиси маҳалла тӯлонӣ набуд, аммо дар ҳар ифодаву ёдпораҳои раиси ҷавон дардеву аламе аз оқибати он рӯзи талх эҳсос мешуд, ки метавон гуфтаҳои ӯ ҳам ин навиштаҳоро бо ҷумлаҳои поён хотима бахшид.

ХХХ

Аз он суфраи хоки афтода ҳанӯз ҳам ҷасади Далерҷони 17-сола, ки имсол баҳори умраш ба 18 мерасид ва Мақсадеро, ки аз баҳори орзуву ормонҳояш зиёд гулҳояш ночида буд, ёфт накардаанд.

ХХХ

Модари Наъимҷон то ҳанӯз занги охири ҷигарсӯзашро ҳеҷ аз пеши назар дур карда наметавонад, ки бояд лаҳзае пас якҷо бо ҳамроҳони даҳнафара ба зиёфати шакароб меомаданд.

ХХХ

Ёсинҷону Фарида, тифлакони дӯстрӯю хушрӯяки Шодмону Исломи ғурамарг, ки дар ин фоҷиа ҷони худро бохтаанд, рӯи падари хешро надидаанд ва дигарбора ҳам намебинанд.

ХХХ

То кунун нафаре аз волидони ин фоҷиа, чӣ волидайну чӣ зану фарзандашон касеро ҳам дар марги мармузи пайвандони хеш айб нагирифта ва ҷое ҳам шикоят пеш набурдаанд.

ХХХ

Раиси маҳалла бо ризояти том аз номи аҳли маҳал иброз медорад, ки раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода дар ҳама хотираи шаҳидон ҳузур дошт ва ғамшарики онҳо буданаш эҳсос мешуд.

ХХХ

Дар он бари деҳаи Яккабед, дар ҳамон водии хомӯшон, дар як гӯшааш соле пеш, ҳамин шабу рӯз ҳашт манзили нав пайдо шуд, ки ҳамагӣ бар ба бар хобидаанд.

ХХХ

Яккабед имрӯз қабои сабз ба бар дорад, гулу гиёҳ аз нав рустаанд, долу дарахт ғарқи гуланд, аммо дареғо аз нахли одамӣ, ки дигарбора намерӯяд.

Р.НАЗИР, Р.СОБИР